§6.7. ВАҚТИ ИСТИРОҲАТ ВА НАВЪҲОИ ОН

Мувофиқи моддаи 24 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳар як инсон ба истироҳат ва дамгирӣ, инчунин, ба рӯзи кории маҳдуд ва рухсатии муздноки даврӣ ҳуқуқ дорад. Чунин ҳуқуқ, мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Чунин вақтеро вақти дамгирӣ меноманд, ки дар давоми он корманд аз иҷрои вазифаи меҳнатӣ озод мебошад ва онро мувофиқи салоҳдиди худ барои қонеъ кардани манфиатҳои худ ва барқарор намудани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад. Аҳаммияти вақти дамгирӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бо мақсади рафъи хастагӣ ва барқарор кардани қувваи корӣ истифода бурда мешавад. Вақти истироҳат ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:

а) танаффус дар давоми рӯзи (дамгирӣ, хӯрокхӯрии до-

хилибастӣ ва махсус); б) танаффус дар байни рӯзҳои корӣ; в) рӯзҳои истироҳат; г) рӯзҳои иди ғайрикорӣ; д) рухсатиҳо.

Рухсатӣ вақти нисбатан тулониест, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо шарти нигоҳ дошта шудани ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои корӣ озод буда, аз он барои фароғат ва барқарор кардани қобилияти корӣ, ҳамчунин, қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳои худ истифода мебарад.

Ба кормандон навъҳои зерини рухсатӣ дода мешавад:

  • рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
  • рухсатиҳои иҷтимоӣ;
  • рухсатии бемузди меҳнат;
  • рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок.

Дар навбати худ рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд: рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин; рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.

Рухсатиҳои иҷтимоӣ аз рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд; рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак; рухсатӣ барои таҳсил ва рухсатии эҷодӣ иборат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 37) ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро пешбинӣ кардааст. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда танҳо ба кормандоне, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунанд, кафолат дода мешавад. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Ҳамзамон, ин корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтаринро аз 24 рӯзи тақвимӣ бо тартиб ва шартҳои дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ ё шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ зикршуда зиёд кунад.

Рӯзҳои ғайрикорӣ, давраи корношоямии муваққатӣ, инчунин, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намешаванд.

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо дарназардошти хислат ва хусусияти функсияҳои корӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии асосии дарозкардашуда муқаррар шуда метавонад.

Корфармо вазифадор аст ба кормандоне, ки ба корҳои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин машғуланд, корашон хислати махсус дорад ё ин ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд, инчунин, ба кормандоне, ки рӯзи кориашон ба меъёр гирифта нашудааст, рухсатии иловагии ҳарсола диҳад. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароити зарарнок ва вазнини меҳнатӣ бо давомнокии на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Рухсатии иловагии ҳарсола барои хислати махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рӯзи тақвимӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо бо шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хислати махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароити махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз гузаштани ёздаҳ моҳи корӣ, бо хоҳиши корманд дода мешавад. Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои солҳои дуюм ва солҳои минбаъдаи корӣ ҳар вақти соли корӣ, сарфи назар аз додани рухсатиҳои меҳнатӣ, дода мешавад.

Рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад.

Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ ва барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.

Рухсатии бемузди меҳнатӣ ба корманд бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок мутобиқи аризааш дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад.

Рухсатии бемузди меҳнатӣ дар асоси аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба шахсони зерин ба муддати муайяншуда дода мешавад:

  • иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
  • падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захмбардорӣ, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расидааст ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷабҳа фавтидаанд, ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
  • маъюбоне, ки кор мекунанд, то 2 моҳ дар як сол;
  • кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, ма-росими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон то 7 рӯзи тақвимӣ;
  • кормандоне, ки шахси бемори узви оиларо нигоҳу-бин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) то 14 рӯзи тақвимӣ;
  • кормандоне, ки барои супоридани имтиҳоноти дохил-шавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус иҷозат дода шудаанд, мутобиқан 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ кардаанд;
  • шахсони ба аспирантура дохилшаванда ва дар вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи илмӣ дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, номзадӣ ва ҳимояи рисолаи илмӣ.

Реклама