§4.1. МАФҲУМ, ПРИНСИП ВА САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ АНДОЗ

Мутобиқи моддаи 45-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани андоз ва пардохтҳое, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар як шахс мебошад. Ҳуқуқи андоз яке аз зерсоҳаҳои ҳуқуқи молиявӣ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро доир ба муқаррар кардан ва рӯёнидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ танзим мекунад.

Андоз сарчашмаи муҳимми даромади давлатӣ ба шумор меравад. Барои ҳамин додани андоз уҳдадории ҳар кас дар назди давлат аст, зеро андоз ба буҷети давлатӣ пардохта мешавад. Дар моддаи 23-и Кодекси андоз омадааст, ки андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ шуда, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад (ба истиснои андози иҷтимоӣ).

Бояд қайд кард, ки моддаи 24 Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон навъҳои андозҳоро муқаррар намудааст, ки тибқи он андозҳо ба андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ чудо мешаванд.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. Андоз аз даромад;
  2. Андоз аз арзиши иловашуда;
  3. Андози аксизҳо;
  4. Андозҳо барои захираҳои табиӣ;
  5. Андози иҷтимоӣ;
  6. Андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия).

Ба андози маҳаллие, ки бо Кодекси мазкур муқаррар шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешавад, андоз аз молу мулк дохил мешавад.

Андозҳо дорои функсияҳои муайян мебошанд. Тарзи дар натиҷаи татбиқи низоми андозситонии мавҷуда ноил шудан ба мақсадҳои муайян, функсияи андозҳоро ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар андозҳо функсияҳои зеринро доранд:

  1. Функсияи хазинавӣ;
  2. Функсияи тақсимкунӣ (иҷтимоӣ);
  3. Функсияи танзимкунӣ;
  4. Функсияи ҳавасмандкунӣ;
  5. Функсияи назоратӣ.

Функсияи фискалӣ функсияе мебошад, ки ба воситаи он захираҳои молиявии давлат ташкил карда мешаванд.

Агар давлат ба воситаи андозҳо ба буҷет маблағҳоро барои ҳалли проблемаҳои ҷамъиятӣ сафарбар кунад, он функсияи тақсимкунӣ (иҷтимоӣ) ҳисобида мешавад. Дар натиҷа даромадҳо дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз нав тақсим карда мешаванд.

Функсияи танзимкунӣ чунин маънӣ дорад, ки давлат ба воситаи андозҳо маҷбуркунии иқтисодиро амалӣ менамояд, ставкаи андозҳо ва ҷаримаҳоро такмил дода, андозҳои навро ҷорӣ ё баъзе навъҳои андозро бекор мекунад, яъне ба ҷараёни сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсолот ва таркиби он таъсир мерасонад.

Функсияи ҳавасмандкунӣ, пеш аз ҳама, дар шакли додани имтиёзҳои андозӣ ифода ёфта, имконият медиҳад, ки барои категорияҳои алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низоми мусоиди андозситонӣ муқаррар карда шавад.

Функсияи назоратӣ чунин аст, ки ба воситаи низоми андозситонӣ амал кардани механизми андоз таркиб ва қобилияти пардохтпазирии андозсупорандагон ва дараҷаи иҷрои он санҷида мешавад.

Принсипҳои умумӣ будани андозсупорӣ, асоснокии иқтисодии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муайян будани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, асоси конститутсионӣ доштани андозситонӣ, якхела будани андозситонӣ ва қонунан муқаррар гардидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ принсипҳои асосии ҳуқуқи андоз мебошанд.

Умумӣ будани андозсупорӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс бояд андоз ва дигар пардохтҳои қонунан муқарраркардашударо супорад. Асоснокии иқтисодӣ ҳамчун принсип талаб мекунад, ки андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ асоси иқтисодӣ доранд ва набояд худсарона муқаррар карда шаванд. Муайян будани андоз маънои онро дорад, ки ҳангоми муқаррар кардани он ҳамаи қисмҳои андозситонӣ бояд дақиқ карда шуда бошанд. Санадҳои қонунгузорӣ доир ба андоз бояд тарзе таҳия карда шаванд, ки ҳар кас навъи андозҳо, вақт ва тартиби пардохти онҳоро дақиқ донад. Конститутсионӣ будани андоз маънои ҳатман супоридани андоз ҳамчун уҳдадории конститутсионии шаҳрвандро дорад. Муқаррар кардан, тағйир додан ё бекор намудани андоз танҳо дар асоси Кодекси андоз, яъне дар асоси қонун анҷом дода мешавад.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23-уми декабри соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», аз 28-уми июли соли 2006 ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи андоз ба шумор мераванд.

Реклама