§1.1. МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ МАДАНӢ, САРЧАШМА ВА ПРИНСИПҲОИ ОН

Ҳуқуқи маданӣ дар низоми ҳуқуқ ҳамчун соҳаи мустақил мавқеи муҳимро ишғол намуда, аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ бо доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарзи танзими онҳо фарқ мекунад. Фанни ҳуқуқи маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро меомӯзад. Шаҳрвандон дар ҳаёт барои қонеъ гардонидани талаботи худ доим ба муносибатҳои маданӣ рӯбарӯ мешаванд. Чунин муносибатҳо дар байни шаҳрвандон, шаҳрвандон ва ташкилотҳо, шаҳрвандон ва давлат, инчунин, дар байни худи ташкилотҳо низ ба вуҷуд меоянд. Шаҳрвандон, ҳамчун иштирокчиёни муносибатҳои маданӣ, талаботи худро бо роҳи ворид шудан ба муносибатҳои хариду фурӯш, боркашонӣ, амонатнигоҳдорӣ, қарз, хариду фурӯши манзил ва ғайра қонеъ мегардонанд. Масалан, агар дар бозор шаҳрванд Толиби Ҷамол мева ва сабзавот харад, он гоҳ муносибати ӯ ва фурӯшанда ба воситаи шартномаи хариду фурӯш анҷом дода мешавад. Агар вай аз мағоза нон, қанд, чой ва дигар мавод харад, он гоҳ муносибати маданӣ дар байни шаҳрванд ва тоҷир ё ташкилоти савдо ба вуҷуд меояд.

Муносибатҳои молумулкӣ дар байни ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо низ ба вуҷуд меоянд. Онҳо доир ба фиристодани молу маҳсулот, сохтани бино, боркашонӣ, хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра сурат мегиранд. Ҳуқуқи маданӣ муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо молу мулк зич алоқамандро низ ба танзим медарорад. Ин муносибатҳо доир ба эҷод намудани асарҳои илмӣ, адабиёт, санъат, ихтироот, навоварӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Дар баробари ин, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба молу мулк алоқаманд набуда низ масъалаи муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ мебошанд: ном, шаъну шараф, қадру қимат ва амсоли онҳо.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи маданӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро ба танзим медарорад, ки дар байни иштирокчиён чунин муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ ба вуҷуд меоянд: а) шаҳрвандон; б) шаҳрвандон ва ташкилотҳо (иттиҳодияҳо); в) шаҳрвандон ва давлат; г) ташкилотҳо (иттиҳодияҳо).

Шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба ҳамаи ин муносибатҳо озодона ва бо ихтиёри худ дохил мешаванд. Бинобар ин, хусусияти фарқкунандаи муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ дар он ифода меёбад, ки иштирокчиёни онҳо ба якдигар тобеъ нестанд. Тарафҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дар асоси баробарӣ ва дар доираи қонуну шартнома амалӣ мекунанд.

Танзими муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Сарчашмаи танзими онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми декабри соли 2022 қабул карда шуда, аз 1-уми июни соли 2023 мавриди амал қарор дода шуд, Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2022, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва ғайра мебошанд.

Муносибатҳои маданӣ дар асоси принсипҳои муайян ба танзим дароварда мешаванд, ки асос ва самтҳои моҳиятан муҳимми онҳоро ифода мекунанд. Принсипи озодии шартнома, дахлнопазирии моликият, роҳ надодан ба худсарона дахолат намудан ба ҳуқуқҳои шахсӣ, баробарии субъектҳо, озодона интихоб кардани қоидаи рафтори худ ва ғайра аз ҷумлаи принсипҳои муносибатҳои маданӣ мебошанд. Асосҳои бавуҷудоии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳои муносибатҳои маданӣ аҳд, шартнома, эҷоди асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, расонидани зарар ба шахси дигар ва ғайра мебошад.

Реклама