§2.2. СУБЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРӢ

Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ дар амалӣ гардонидан ва танзими фаъолияти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошанд. Онҳо дар муносибатҳои соҳибкорӣ мустақилона аз номи худ фаъолият мекунанд. Барои шахсро ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намудан шарту шароити зайл ниҳоят муҳим мебошанд: аввалан аҳдҳое, ки соҳибкорон мебанданд, бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд буда, ҳамчун аҳдҳои соҳибкорӣ, тиҷоратӣ дониста мешаванд. Аз тарафи дигар, шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни бақайдгирӣ амалӣ мекунанд, ҳуқуқ надоранд, ки аҳдҳои бастаи худро ҳамчун аҳдҳои соҳибкорӣ шуморанд. Зеро фаъолияти чунин шаҳрвандон дар ҳолатҳои муайянкардаи қонун фаъолияти соҳибкорӣ буда, суд метавонад нисбат ба онҳо талаботи моддаи 24 Кодекси маданиро доир ба муфлисшавӣ татбиқ кунад; сониян, қайд намудан зарур аст, ки эътирофи ҳолати ҳуқуқии шахс ҳамчун соҳибкор боиси он мешавад, ки ӯ дорои уҳдадориҳои махсус гардида, ба вай ҳуқуқҳои иловагӣ дода мешавад. Ба чунин уҳдадориҳои иловагӣ нашр кардани маълумот, бақайдгирии давлатии соҳибкорон, барои шиносоии умум дастрас намудан, ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дохил кардан, аз тарафи соҳибкор бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани маълумот дар бораи фаъолияти худ, аз ҷумла қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ доир ба андозситонӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешаванд.

Бояд қайд кард, ки на ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд соҳибкор бошанд. Дар баробари ин, қисми 2-и моддаи 23 Кодекси маданӣ ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро аз тарафи санади мақомоти давлатӣ ё мақомоти дигар (агар чунин санад бе риояи шарту тартиби дар қонун муқарраргардида таҳия шуда бошад) боиси беэътибор донистани чунин санадҳо медонад. Ҳамзамон, қонун ҳуқуқи бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани баъзе шаҳрвандонро маҳдуд мекунад. Чунин маҳдудият, пеш аз ҳама, ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ки вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 50 Конститутсия), узви ҳукумат (м.73 Конститутсия), судя (м. 90 Конститутсия) ва ғайраро иҷро мекунад.

Кодекси маданӣ шахсони ҳуқуқиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ. Нишонаи чунин фарқ хусусияти асосии мақсади фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ мебошад.

Ташкилоте, ки мақсади асосии фаъолияти он ба даст овардани фоида мебошад, ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ эътироф карда мешавад. Онҳо дар шакли ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва махсус ташкил карда мешаванд.

Ташкилоте, ки мақсади асосии фаъолияти он ба даст овардани фоида намебошад, ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ эътироф карда мешавад. Ин гуна ташкилот фоидаи бадастомадаро дар байни аъзои худ тақсим намекунад. Вай ба фаъолияти соҳибкорӣ фақат ба мақсади иҷрои вазифаи асосиаш, ки барои он ташкил шуда, ба мақсади оинномавиаш мувофиқ аст, машғул мешавад. Аз ин рӯ, он субъекти фаъолияти соҳибкории ғайримуқаррарӣ мебошад. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар шакли кооперативҳои матлубот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо, иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ, ки дар шаклҳои дигари пешбининамудаи қонун таъсис шудаанд, амал мекунанд.

Ба гурӯҳи дигари субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ субъектҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, ба монанди муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ширкатҳои марказии гурӯҳҳои молиявию саноатӣ, мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ғайр аз шартҳои умумӣ боз шартҳои махсуси иловагӣ зарур мебошанд. Кодекси маданӣ ба чунин шартҳои махсуси баамалбарории ҳуқуқи субъективӣ навъҳои гуногуни иҷозатдиҳиро барои машғул шудан ба навъҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ менамояд, ба монанди иҷозатнома, аттестатсияи тахассуси квалификатсионӣ, квота ва ғайра Мувофиқи талаботи моддаи 49 Кодекси маданӣ ба навъҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус машғул шудан мумкин аст. Шахси ҳуқуқӣ аз рӯзи гирифтани иҷозатнома ё дар муҳлати дар он зикршуда ба ин ё он шуғл машғул шуда метавонад.

Дар баробари шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо) соҳибкорони инфиродӣ метавонанд дар фаъолияти соҳибкорӣ иштирок кунанд. Ба ҷумлаи шахсони воқеие, ки бо фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул шуда метавонанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мансубанд. Онҳо танҳо дар сурати дорои қобилияти амал будан, метавонанд ба чунин фаъолият машғул шаванд. Шаҳрвандон аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, метавонанд ба ҳама гуна навъи фаъолият, ки қонун манъ накардааст, машғул шаванд.

Соҳибкории инфиродӣ шахсӣ ва якҷоя мешавад. Соҳиб- кории шахсӣ аз тарафи як шаҳрванд мустақилан амалӣ карда мешавад. Соҳибкории якҷоя аз тарафи гурӯҳи шаҳрвандон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

Шаҳрванд ба соҳибкории инфиродӣ аз синну соли ба балоғат расидан, аз ҷумла агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсола расидан иҷозат дода шуда бошад, машғул шуда метавонад. Вале тибқи моддаи 28 Кодекси маданӣ шаҳрванде, ки ба синни 16-солагӣ расидааст, метавонад дар асоси қарори мақомоти васоят ва парасторӣ, бо ризояти падару модар ё фарзандхонон, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.

Дар мавриди мавҷуд набудани чунин ризоят, масъала ба тариқи судӣ ҳал карда мешавад. Ҳангоми аз тарафи суд мусбат ҳал шудани масъала, ноболиғ дорои қобилияти пурраи амал эътироф карда мешавад. Ин ҳолатҳои истисноиро дар ҳуқуқ эмансипатсия меноманд. Бояд қайд кунем, ки падару модарон, фарзандхонон ё парасторон аз рӯйи уҳдадории чунин соҳибкории қобили амал эътирофкардашуда ҷавобгар намебошанд. Дар чунин ҳолат мувофиқи банди 1 моддаи 25 Кодекси маданӣ, шаҳрванд аз рӯйи уҳдадориҳои худ ба тамоми молу мулки ба ӯ тааллуқдошта, ба истиснои молу мулке, ки мутобиқи асноди қонунгузорӣ аз он маблағ ситонидан манъ аст, масъулият дорад.

Шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул шуда метавонанд. Патент ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро муайян карда, барои машгул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинишуда ҳуқуқ медиҳад. Шаҳодатнома ҳуҷҷатест, ки шакли содакардаи низоми андоз аз даромад ва пардохтҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, ҳамзамон, бақайдгирии давлатии шаҳрвандро ба сифати соқибкори инфиродӣ тасдиқ мекунад ва ба соҳибкор ба ивази патент дода мешавад.

Соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунад, ҳақ дорад аз меҳнати кироя истифода барад ва кормандро аз кор озод кунад, баъди додани андоз аз фои- даи бадастовардааш, онро мустақилона истифода барад. Шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, метавонанд иштирокчии ширкатҳои комил бошанд, инчунин, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати одӣ) банданд (моддаи 1058 Кодекси маданӣ).

Реклама