§13.4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

Тибқи моддаи 17 қонун тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо муайян карда мешавад.

Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо бояд муқаррароти қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд. Тибқи қонун тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.

Ин талабот дар рӯзҳои номбаршуда қатъӣ бояд риоя шавад, ба истиснои рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон, ки вобаста ба махсусияташон омаду рафти одамон бисёртар ба назар мерасад. Дар рӯзҳои корӣ маъракаю маросим аз соати 18 то 22 гузаронида мешаванд. Бояд дар назар гирифт, ки ҳадафи қонун аз истилоҳи маърака ин ҳам маъракаҳои хурсандӣ ва ҳам маросими азодориест, ки қонун барои баргузории онҳо иҷозат додааст. Давомнокии тӯю маъракаҳоро қонуни мазкур се соат пешбинӣ намудааст. Агар домоду арӯс хоҳанд дар манзилҳои худ маърака ороянд, он гоҳ дар алоҳидагӣ се соат барои тарафи арӯс барои ош ва се соат барои зиёфати тарафи домод дода мешавад.

Қисми 1 моддаи 17 қонун тартиби хизматрасонии ҳунармандонро муқаррар намудааст. Мувофиқи он бояд байни ҳунарманд ва соҳиби маърака шартномаи хизматрасонӣ баста шавад. Мазмуни меъёр хислати ҳаволакунандагӣ дошта, танзими хизматрасонии ҳунармандро ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола мекунад.

Чунин шартномаро моддаи 859 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба «шартномаи хизматрасонии музднок» бахшида шудааст, пешбинӣ менамояд. Мувофиқи шартномаи хизматрасонии музднок тибқи шартномаи хизматрасонии музднок иҷрокунанда уҳдадор мешавад бо супориши фармоишгар хизмат расонад (амалҳои муайянеро анҷом диҳад, ки ба мазмуни уҳдадорӣ мутобиқанд), фармоишгар бошад, уҳдадор мешавад арзиши ин хизматрасониро пардохт намояд.

Мақсад аз ин ташкил намудани даъвати ҳунармандон, дуруст ба роҳ мондани назорати молиявии ҳунармандон, пардохти андоз аз ҷониби онҳо ва назорат намудани нархи хизматрасонии онҳост. Дар ҳолатҳое, ки дар тӯй як ҳунарманд ҳунарнамоӣ мекунаду ҳунарманди дигар ҳамчун меҳмон даъват шуда, суруде мехонад ё табрикоте мекунад, аз ӯ талаб кардани шартномаи хизматрасонӣ мумкин нест.

Дар қисми дуюми моддаи 17 уҳдадории маъмурияти мавзеъҳое, ки соҳибони маърака ва маросим дар он ҷо чорабинии худро мегузаронанд, оид ба риоя кардани муқаррароти қонун муайян мегардад. Тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо уҳдадоранд ҳангоми баргузории маъракаҳо шумораи одамони даъватшударо мутобиқи моддаи 10 дар тӯйи домодию арӯсӣ барои додани ош то 200 нафар ва барои зиёфат то 150 нафар риоя намоянд. Ҳамчунин, тарабхонаю ҷойҳои баргузории маъракаҳо уҳдадоранд, ки вобаста ба талаботи қонун таом омода намоянд.

Дар сурати вайрон гардидани талаботи қонун ҳам маъмурияти тарабхона (ҷое, ки маърака барпо гардидааст) ва ҳам соҳиби маърака мувофиқи моддаи 15 қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Инчунин мутобиқи моддаи 4 қонун дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чораҳои маҳдудкунандаро оид ба гузарондани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Реклама