Барҳамдиҳӣ, қатъи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ буда, дар ин маврид ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ба дигар субъектҳо намегузаранд. Асосҳои ҳуқуқии барҳам додани ташкилотҳои тиҷоратӣ ва фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» зикр карда шудаанд. Барҳамдиҳӣ ихтиёрӣ ва маҷбурӣ мешавад.
Субъект бо қарори соҳибкори инфиродӣ, муассисони (иштирокчиён) ё мақомоти шахси ҳуқуқие, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ваколатдор карда шудааст, ихтиёран барҳам дода мешавад. Қарори барҳам додани корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи мақомоти босалоҳияти давлатӣ қабул карда мешавад. Корхонаи давлатии дорои ҳуқуқи идораи оперативӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳои зерин ихтиёран барҳам дода мешавад:
а) бо қарори муассисон (иштирокчиён) ё мақомоти шах-
си ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ чунин ваколатро доранд.
б) дар ҳолати гузаштани муҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ ба
ҳамин муҳлат ваколат дода шуда буд;
в) баъди ноил шудан ба мақсадҳое, ки шахси ҳуқуқӣ ваколат дода шуда буд (сархатти якуми қисми 2 моддаи 62 Кодекси маданӣ).
Мувофиқи моддаи 62 Кодекси маданӣ суд метавонад субъектҳои фаъолияти соҳибкориро дар мавридҳои зерин барҳам диҳад:
а) ҳангоми таъсиси субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ роҳ додан ба вайронкунии дағалонаи қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад;
б) бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан бо фаъолият ё
машғул шудан бо фаъолияти манъкардаи қонун;
в) амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии чандинкара-
та ва дағалонаи қонунгузорӣ;
г) аз тарафи иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ,
динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ кардани фаъолияте, ки бо мақсадҳои оинномавии онҳо мухолиф мебошад;
д) ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиёти дар он пешбинишуда навъи ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад;
е) дар ҳолати муфлисшавӣ.
Талаби барҳам додани фаъолияти шахси ҳуқуқиро мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллие, ки мувофиқи қонун ба ин ҳуқуқ доранд, ба суд пешниҳод карда метавонад. Бо қарори суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони (иштирокчиёни) он ё мақомоте гузошта шавад, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ба барҳамдиҳии он ваколат доранд.
Барҳамдиҳии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси санадҳои меъёрии махсус, аз ҷумла Кодекси маданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 8-уми декабри соли 2003, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2008, Низомнома дар бораи корхонаҳое, ки таҳти нишонаи муфлисшавӣ қарор доранд, солимгардонӣ ва тартиби барҳамдиҳии онҳо ва ғайра ба танзим дароварда мешавад. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ на танҳо ба корхонаҳои давлатӣ, инчунин, нисбат ба ташкилотҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ низ татбиқ карда мешаванд.
Муфлисшавӣ яке аз асосҳои барҳам додани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Бо он на танҳо расмиёти барҳамдиҳӣ, балки азнавташкилкунӣ ва роҳҳои ғайрисудии барҳамдиҳӣ алоқаманданд.
Муфлисшавӣ ин аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон доир ба уҳдадориҳои пулӣ ва иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои ворид намудани пардохти ҳатмӣ мебошад, ки онро суд эътироф кардааст ё қарздор қодир набуданашро эълон кардааст (моддаи 4 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»).
Аломати аввалини муфлисшавӣ қонеъ карда натавонистани талабҳои кредиторон аз рӯйи уҳдадориҳои пулӣ мебошад. Аломати дуюм иҷро карда натавонистани пардохтҳои ҳатмӣ дар назди буҷет аст. Пардохтҳои ҳатмӣ аз боҷу андоз ва дигар маблағҳои ҳатмие иборат мебошанд, ки ба буҷети сатҳи дахлдор бо тартиб ва шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда ворид мегарданд.
Аломати сеюми муфлисшавӣ расман аз тарафи суди иқтисодӣ муфлис эътироф кардани субъекти хоҷагидор мебошад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», ба ҷумлаи субъектҳое, ки мумкин аст муфлис эътироф карда шаванд, инҳо дохил мешаванд: шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайр аз корхонаҳои давлатие, ки молу мулки ба онҳо дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ тааллуқ дорад; шахсони ҳуқуқии хориҷӣ; соҳибкорони инфиродӣ.
Реклама