§6.9. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

Интизоми меҳнат дар ташкилотҳо бо роҳи фароҳам овардани шароити зарурии ташкилию иқтисодӣ барои кори сермаҳсули муътадил, муносибати бошуурона ба кор, усули боваркунонӣ, тарбия, ҳамчунин, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати софдилона таъмин карда мешавад. Кормандон вазифадоранд, ки софдилона ва бовиҷдонона кор кунанд, талаботро доир ба муҳофизати меҳнат, бехатарии техникӣ риоя намуда, фармонҳои корфарморо саривақт ва дақиқ ба ҷо оранд, ҳосилнокии меҳнатро баланд ва сифати маҳсулотро беҳтар кунанд. Риояи интизоми меҳнат муттасилии раванди меҳнатиро таъмин мекунад. Ба кор дер мондан ё ба кор наомадани як фард метавонад кори мунтазами як коллективи томро вайрон кунад. Интизоми меҳнат барои ҳама корманди одӣ ва чи роҳбар ҳатмист. Интизоми хуби меҳнат ба ташкилот имкон медиҳад, ки бештар маҳсулот истеҳсол кунад ва ба ин восита даромади кормандон афзояд. Дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат худи кормандон ва масъулияти баланди онҳо нақши калон мебозад. Қонунгузории меҳнатӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат ҷазои зеринро муқаррар кардааст:

1) сарзаниш; 2) танбеҳ; 3) танбеҳи қатъӣ; 4) қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо.

Ҷазои интизомиро корфармо бевосита ба корманд баъди ошкор шудани кирдораш медиҳад. Пас аз он ки вайронкунандаи интизоми меҳнат ҷазо дода мешавад, аз ӯ бояд баё- нот гирифта шавад. Ҷазо на дертар аз як моҳи содиршавии вайронкунии интизоми меҳнат дода мешавад. Ба ин муҳлат вақти бемории корманд ё дар рухсатии меҳнатӣ будани ӯ дохил намешавад. Пас аз шаш моҳи рӯзи содир кардани кирдор ва аз рӯйи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ, на дертар аз дусолаи баъди содиршавии чунин кирдор ҷазо додан мумкин нест. Барои ҳар як вайронкунии интизоми меҳнат танҳо ҷазои интизомӣ додан мумкин аст. Татбиқи ҷазои интизомӣ тибқи санади корфармо ба расмият дароварда шуда, ба корманд эълон карда мешавад. Ғайр аз ин, корманд пас аз шинос шудан бо фармони санади корфармо дар зери он бояд имзо гузорад. Дар вақти додани ҷазои интизомӣ бояд вазнинии кирдори содиршуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо чунин кирдор содир карда шудааст, инчунин, муносибати пештараи корманд нисбат ба коре, ки иҷро мекард, ба назар гирифта шаванд.

Муҳлати амали ҷазои интизомӣ аз рӯйи татбиқи он аз 6 моҳ зиёд буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба ҷазои нави интизомӣ гирифтор нашавад, дар ин сурат, ӯ ҷазогирифташуда эътироф мегардад.

Реклама