Мувофиқи моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати якхелаи кормандон музди баробар дода мешавад. Вобаста ба ҷинс, синну сол, нажод ва миллат камкунии андозаи музди меҳнат манъ аст. Музди кор бояд таҷассумгари заҳмати корманд бошад. Ба меҳнати баландихтисос, кори аз ҷиҳати ҷисмонӣ вазнин ва сабук, кори мураккаб ё сода ҳар хел музд дода мешавад.
Музди меҳнати кормандон вобаста ба миқдор ва сифати заҳмати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон дар асоси ҳадди ақалли музди меҳнат, меъёрҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот дар ҳолати барои кормандон муҳайё кардани шароити муътадили кор муқаррар мекунад. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди кор ба кормандони то 18-сола, дар сурати кӯтоҳ будани давомнокии кори ҳаррӯзаи онҳо, ба ҳамон андозае дода мешавад, ки он ба гурӯҳи алоҳидаи кормандони дахлдор дар сурати пурра будани давомнокии кори ҳаррӯзаашон дода мешавад. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт кунад. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад.
Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақалли муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад. Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохт карда мешавад, ки онҳоро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар мекунанд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад. Корфармо барои сари вақт напардохтани музди меҳнат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
Реклама