§7.4. ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ

Хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба зиммаи шаҳрванд ё аъзои оилаи ӯ мебошад. Фарзандон, фарзандхондагон, падару модар, хешовандони дигар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ шуда метавонанд.

Фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ нест. Муносибатҳое, ки доир ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба вуҷуд меоянд, аз тарафи қонунгузорӣ ба танзим дароварда шуда, асоси онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 19-уми июли соли 2022 ташкил медиҳад. Шаҳрванде, ки дорои қобилияти амалкунӣ мебошад, ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад. Барои амалӣ намудани чунин ҳуқуқ вай метавонад қитъаи заминро ба мероси якумра ё бемуҳлат гирад. Чунин ҳуқуқро шаҳрванде, ки дар деҳот муқимӣ зиндагӣ мекунад ва ҳам шаҳрванде, ки сокини шаҳр ва шаҳракҳо мебошад, дорад. Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрванд барои истифодаи мероси якумра ё бемуҳлат аз ҳисоби фонди ягонаи давлатии замин бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва дар асоси қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи замин ҷудо карда мешавад. Ба қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ замини наздиҳавлигӣ ва дар мавриди зарурӣ қитъаҳои замини иловагӣ дохил мешаванд. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ, одатан, дар шафати манзили истиқоматӣ ва ҳамчунин, имкон дорад дуртар аз он воқеъ бошад. Қитъаи замини иловагӣ ба шаҳрванд аз ҳисоби заминҳои фонди ягонаи давлат ҷудо карда мешавад. Баръакси қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар қитъаи замини иловагӣ сохтани биноҳо, иморату иншоот ва шинонидани дарахтҳои бисёрсола манъ аст.

Масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҳар оила дар замини обӣ ба андозаи 0,12 гектар дар замини обёринашаванда 0,25 гектар мебошад. Дар ноҳияҳои навкорам ва кӯҳӣ ба андозаи то 0,15 гектар замини обӣ ва то 0,40 гектар замини обёринашаванда ҷудо карда мешавад, ки ба он масоҳати биною ҳавлӣ низ дохил мешавад (қисми 2 моддаи 71 Кодекси замин). Қитъаи замини иловагие, ки барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо карда мешавад, дар ҳаҷми 0,15 гектар дар заминҳои обёришаванда ва дар заминҳои лалмӣ дар ҳаҷми 0,50 гектарро ташкил карда метавонад.

Шаҳрвандоне, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои муайян доранд. Онҳо ҳуқуқ доранд соҳиби молу мулк бошанд, молу мулкро мерос гиранд ва васият намоянд, ҳамроҳи дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, шахси хуқуқӣ таъсис диҳанд, ҳама гуна аҳди хилофи қонун набударо анҷом диҳанд, дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо шарти риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ ва ҳамчунин, талабҳои таъиноти мақсадноки қитъаи замин хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти барои пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ зарурро бунёд намоянд, онҳоро аз нав созанд ё вайрон кунанд ва ғайра.

Шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ уҳдадоранд, ки нигоҳубини қитъаи заминро таъмин кунанд, қитъаҳои заминро мақсаднок истифода баранд, андози истифодаи қитъаи заминро сари вақт супоранд, қитъаи заминро дар давоми муҳлати муқарраркардаи қонунгузории замин ба кор дароранд, қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байтории нигоҳубини ҳайвонот, талаботи мелиоративӣ ва агротехникии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тартибу маҳдудиятҳо ба ҳуқуқи истифодаи заминро риоя кунанд, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншоотро аз рӯйи талаботи меъморию нақшавӣ, бинокорӣ, экологӣ, беҳдошти санитарию гигиенӣ, зиддисӯхторӣ ва дигар талаботи меъёру қоидаҳои муқарраргардида бунёд кунанд, атрофи онро обод созанд ва ғайра.

Узвият дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар мавридҳои вафоти узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ, пешниҳоди ариза дар бораи қатъи узвият, зиндагонӣ накардан ҳамроҳи аъзои боқимондаи хоҷагии ёрирасони шахсӣ, зиёда аз як сол иштирок надоштан дар пешбурди якҷояи хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои беморӣ, хизмати ҳарбӣ аз рӯйи даъват дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хориҷа рафтан ва дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ қатъ мегардад.

Молу мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ чорвою мурғ, занбӯри асал, дарахтони бисёрсола, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иморату иншооти мавриди пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, техника, асбобу афзори кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар захираҳои моддӣ, инчунин, маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонад. Молу мулки хоҷагии ёрирасони шахсиро фақат бо ризояти ҳамаи аъзои он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардан мумкин аст. Молу мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ мумкин аст бо талаби аъзои қобили амали хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шавад. Ҳамзамон бо ин, ҷудо намудани ҳисса аз молу мулки якҷояи хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар мавриди қатъ гардидани узвияти аъзои он анҷом дода мешавад. Молу мулки хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва қитъаи замини назиҳавлигӣ ба мерос мегузарад.

Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ мумкин аст дар ҳолатҳои муайян қатъ гардад. Қатъи пешбурди он дар асоси қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо талаби яке аз аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ, дар сурати мавҷуд набудани ягон аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ё меросхӯре, ки майлу хоҳиши пешбурди ин хоҷагиро дошта бошад, бо сабаби гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё коммуналӣ, бо сабаби доштани дигар қитъаҳои замин аз пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ қатъ мегардад. Фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз рӯзи ба дафтари хоҷагӣ даровардани навиштаҷоти дахлдор, инчунин, сабт дар китоби қайди кумитаи ноҳиявии (шаҳрии) замин қатъ мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ҳуқуқи кишоварзӣ чиро меомӯзад?
  2. Предмети омӯзиши ҳуқуқи кишоварзӣ аз кадом муносибатҳо иборат мебошад?
  3. Методи ҳуқуқи кишоварзӣ чист?
  4. Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзиро номбар кунед.
  5. Иҷора чист?
  6. Муносибатҳои иҷоравӣ дар кадом асос ба вучуд меоянд?
  7. Хоҷагии деҳқонӣ чист?
  8. Шаклҳои хоҷагии деҳкониро номбар кунед.
  9. Кӣ роҳбари хоҷагии деҳқонӣ шуда метавонад?
  10. Кӣ ҳуқуқи ташкил намудани хоҷагии деҳқониро дорад?
  11. Ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқониро номбар кунед.
  12. Фаъолияти хочагии деҳқонӣ дар кадом мавридҳо қатъ мегардад?
  13. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ чист?
  14. Кӣ узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ шуда метавонад?
  15. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз кадом қитъаи заминҳо иборат мебошад?

Реклама