Ҳуқуқи маъмурӣ, чун соҳаи мустақили ҳуқуқ, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки аз тарафи давлат муқаррар карда шуда, иҷозат ва кафолат дода мешаванд ва барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятие равона мегарданд, ки доир ба амалисозии ҳокимияти иҷроия ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мешаванд.
Аз ин рӯ, доираи муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ танзим мегарданд, ба амалисозии ҳокимияти иҷроия дахл доранд. Яъне ин муносибатҳо дар байни:
Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба мақоми он дар ҳар соҳаи ҳуқуқ ҳар хел маънидод мешавад. Масалан, дар муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳамчун шахсони воқеӣ баромад карда, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ эътироф мешаванд. Дар муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва дар баъзе ҳолатҳо ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ низ ба ҳайси субъектҳои ҳуқуқ баромад мекунанд.
Дар ҳуқуқи маъмурӣ субъект иштирокчӣ ё тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳокимияти иҷроия аст, ки доир ба амалисозии функсияҳои идоракунӣ ваколатҳои дахлдори давлатӣ, яъне ҳокимият дорад. Одатан, ба ҳайси муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ (ҷониби идоракунанда) мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдор баромад мекунанд, ки ирода ва манфиати давлатро дар шакли расмӣ дар амал татбиқ мекунанд. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун инчунин, судҳо (ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурӣ) ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои идоракунӣ дар нақши субъект буда метавонанд: масалан, иттифоқҳои касаба муассисаҳои санаторию курортиро идора мекунад.
Объекти идоракунӣ шахсони воқеию ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ҳуқуқу вазифаҳо доранд, аммо ҳамчун тарафи идорашаванда эътироф мешаванд. Ба онҳо шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти идоракунии ташкилоту сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корхонаву муассисаҳо, ҳокимияти иҷроия дар низоми худидораи маҳаллӣ ва ташкилоту созмонҳои хориҷӣ дохил мешаванд. Амалан, фаъолияти ин одамон ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳояшон дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ва рафтори бошууронаи онҳо объекти идоракунӣ мебошад.
Бештари муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ бо тартиби маъмурӣ ҳифз карда мешаванд.
Масъалаи муҳимми дигар он аст, ки субъекти ҳуқуқи маъмурӣ метавонад фақат дар ҳолати мавҷуд будани воқеияти ҳуқуқӣ субъекти муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бошад. Шахс ё ташкилоте субъекти ҳуқуқи маъмурӣ номида мешавад, ки дар шароити муайян метавонад иштирокчии муносибатҳои идоракунӣ бошад. Онҳо метавонанд индивидуалӣ (фардӣ), шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва коллективӣ (мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ) бошанд.
Субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ танҳо дар сурати вуҷуд доштани се шарт метавонанд иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бошанд:
Ҳамин тариқ, субъектҳои ҳуқуқи маъмуриро ба ду гурӯҳ:
Субъектҳои коллективӣ дар навбати худ ба ду гурӯҳи дигар ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи аввал инҳо дохил мешаванд:
Ба гурӯҳи дуюм инҳо дохил мешаванд:
Дар Тоҷикистон ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ низ метавонанд ба ҳайси субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ эътироф карда шаванд. Онҳо дар чунин нақш дорои қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ мебошанд, аммо онҳо дар муносибатҳои мушаххаси маъмурии ҳуқуқӣ бевосита иштирок намекунанд. Қобилияти амалкунии маъмурӣ ба уҳдаи мақомоти ҳокимияти иҷроия ё идоракунӣ дар муқоиса бо шаҳрвандон гузошта мешавад, ки ин ду сифати ҳуқуқиро дар худ дошта метавонанд. Ин чунин маънӣ дорад, ки на вилоят, шаҳр, ноҳия, корхона, ҳизби сиёсӣ ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ, балки мақомоти идоракунии онҳо субъекти муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ҳисоб мешаванд.
Барои ҳар соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маъмурӣ, муайян кардани субъектҳои он, кори муҳим аст. Ҳангоми шахс ё ташкилотеро ба ҳайси субъекти ҳуқуқ эътироф кардан, қонун мақоми ҳуқуқии онҳоро муайян карда, онҳоро дар муносибат бо давлат, мақомоти он ва дигар шахсон равшан мекунад.
Реклама