§2.3. МАФҲУМ ВА НАВЪҲОИ БИРЖА

Мафҳуми биржаро ҳам аз нигоҳи ташкилӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ биржа бозорест, ки дар он савдои яклухти мол аз рӯйи намунаю стандартҳо ё шартнома доир ба минбаъд фиристодани мол, инчунин, коғазҳои қиматнок, асъор ва филизоти нодир бо нархҳое, ки дар асоси талабот ва таклифот муқаррар карда шудааст, анҷом дода мешавад.

Биржа бозори яклухти дар ҷойи муайян ташкилшудае мебошад, ки аз рӯйи қоидаҳои муқарраршуда мунтазам амал мекунад.

Дар муқоиса бо тиҷорати корвонӣ ва ярмаркавӣ савдои биржавӣ мунтазам дар ҷойи муайян ва дар як вақт гузаронида мешавад. Ҳоло биржа тадриҷан танзимгари бозор шуда, бо ҳамин сифат ба ҷузъи таркибии иқтисоди бозорӣ табдил ёфтааст.

Биржаҳо як қатор хусусиятҳои ба худ хос доранд. Пеш аз ҳама, биржаҳо ҳамчун қоида дар марказҳои саноатӣ ва савдои калон ташкил шуда, дорои объекти махсуси хариду фурӯши «моли биржавӣ» ва ҳайати субъектҳо мебошанд. Сониян, дар онҳо савдо, сарфи назар аз будани молу коғази қиматнок ва асъор, мунтазам ва ошкоро ба роҳ монда шудааст. Дигар ин ки нархгузорӣ дар биржаҳо озод буда, савдо аз рӯйи қоидаи ягона ташкил карда мешавад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқ, биржа шахси ҳуқуқиест, ки мақсади фаъолияти он бо моли муайяни биржавӣ дар шакли савдои оммавии ошкоро дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда (аз рӯйи қоидаҳои муқарраршудаи биржавӣ) ташкил намудани савдои биржавӣ мебошад.

Биржаҳо маҳсули таҳаввулоти дурудароз буда, дар инкишофи худ як қатор зинаҳоро гузаштаанд ва пайдарпай шаклҳои гуногунро қабул кардаанд. Ин дар тавсифи навъ- ҳои онҳо зоҳир мешавад.

Биржаҳоро вобаста ба хусусияти танзими ҳуқуқии барпо намудан ва фаъолият ба ду гурӯҳ: умумии (оммавии) ҳукуқӣ ва хусусии ҳуқуқӣ ҷудо кардан мумкин аст. Чунин ҷудокунӣ бештар дар қонунгузориҳои кишварҳои ғарбӣ паҳн шудааст. Биржаҳои умумии ҳуқуқӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи умумӣ ташкил карда мешаванд. Узви чунин биржа ҳама гуна соҳибкоре шуда метавонад, ки ба феҳристи савдои биржавӣ дохил карда шудааст ва андозаи муайяни муомилотро дорад. Шахсе, ки узви биржа нест, мувофиқи билетҳои якдафъаинаи худ ба иҷрои амалиёт роҳ дода мешавад. Чунин биржаҳо дар давлатҳои Аврупо васеъ паҳн шудаанд.

Биржаҳои хусусии ҳуқуқӣ дар Англия ва Амрико маъмуланд. Бояд қайд кунем, ки чунин номгузорӣ хусусияти шартӣ дорад, зеро дар ин мамлакатҳо ҳуқуқро ба хусусӣ ва умумӣ ҷудо намекунанд. Барои узви ин биржаҳо шудан, дар сармояи оинномавӣ ҳиссаи муайян доштан ё шумораи муайяни саҳмияро гирифтан зарур аст.

Аз рӯйи хусусияти савдои биржавӣ, биржаҳо мумкин аст кушода ва пӯшида шаванд. Биржаҳои кушода барои ҳама дастрас буда, фурӯшанда ва харидор бе миёнравон ҳамдигарро ёфта, бо ҳам аҳду паймон мебанданд. Таърихан аввал ҳамин гуна биржаҳо пайдо шудаанд.

Дар савдои биржаҳои пӯшида танҳо миёнрави (брокер, дилер) биржа, ки дар он аккредитатсия шудааст, иштирок мекунад. Шахсони дигар дар биржа метавонанд ба воситаи миёнравони биржа дар асоси шартнома молро бихаранд ё фурӯшанд. Дар бисёр кишварҳои хориҷӣ биржаҳои ҳозиразамон пӯшида мебошанд.

Биржаҳо вобаста ба моли биржавӣ молӣ, фондӣ ва асъорӣ мешаванд. Биржаҳои молӣ савдои захираҳои моддии гурӯҳи муайяне (филизот, чӯбу тахта, гандум ва ғайра)-ро ташкил мекунанд. Онҳо умумӣ (молҳои гуногунро савдо менамоянд), махсусгардонидашуда ва доир ба навъҳои алоҳидаи мол мешаванд.

Биржаҳои фондӣ коғазҳои қиматнок, ба монанди саҳмия, вомбарг ва баъзе дигар коғазҳои қиматнокро савдо мекунанд.

Дар биржаи асъор хариду фурӯши асъори хориҷӣ ва муайян намудани қурби он ба роҳ монда мешавад.

Биржаҳо, метавонанд омехта (мисол, молию фондӣ) шаванд. Дар онҳо савдои биржавии захираҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, вале савдои биржавии ҳар як навъи моли биржавӣ ҷудо аз якдигар дар толорҳои гуногун ё дар вақтҳои гуногун гузаронида мешавад.

Ва ниҳоят, биржаҳоро вобаста ба хусусияти амалиёти биржавӣ ба нақдӣ (реалӣ) ва фючерсӣ ҷудо мекунанд.

Дар биржаҳои нақдӣ савдои молро ташкил мекунанд.

Дар баробари дар биржа бастани аҳд, минбаъд фиристодани мол ҳатман ба роҳ монда мешавад. Чунин биржаҳо таърихан аввал пайдо шудаанд.

Биржаҳои ҳозиразамон одатан фючерсӣ мебошанд. Савдои мол дар онҳо бе минбаъд фиристодани мол ба роҳ монда мешавад. Мақсади асосии чунин савдои биржавӣ баъди қатъ шудани аҳд гирифтани фарқи имконпазири тағйири нарх нисбат ба предмети шартнома, инчунин, суғурта намудани аҳди бо моли нақд аз тағйири номусоиди нарх нисбат ба шартнома мебошад.

Монанди ҳама гуна фаъолияти дигар фаъолияти биржавӣ ҳам аз тарафи қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешавад.

Дар давраи ҳозира фаъолияти биржаҳо дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ» аз 23-юми декабри соли 1991, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок» аз 28-уми июни соли 2011 ба танзим дароварда мешавад. Ҳамзамон бо ин, оиннома, қоидаҳои савдои биржавӣ, шартномаҳои намунавӣ, низомнома доир ба қисмҳои таркибии биржаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои биржавӣ ба ҳайси сарчашмаи батанзимдарорӣ баромад мекунанд.

Реклама