Мақомоти прокуратура дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон саҳми асосӣ доранд. Ҳамин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти прокуратура боби алоҳида (боби 9) бахшида шудааст. Дар моддаи 93 Конститутсия зикр шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи ӯ дар доираи ваколати худ татбиқ мекунанд. Инчунин, дар моддаи 94 қайд шудааст, ки низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ роҳбарӣ мекунад ва ӯ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.
Фаъолияти мақомоти прокуратураро санади меъёрии ҳуқуқии махсус – Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 25-уми июли соли 2005) ба танзим медарорад. Тибқи моддаи 4 ҳамин қонун, вазифаҳои мақомоти прокуратура бо мақсади ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолияти прокуратура дар моддаи 5 қонуни номбарда инъикос ёфтаанд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура назорати прокурорӣ мебошад.
Назорати прокурорӣ чунин маъно дорад, ки кормандо- ни мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеияташон, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдорашон, инчунин, ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқии баровардаашонро назорат кунанд; ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдор назорат баранд; риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин, мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯйӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд, назорат кунанд; ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад, назорат кунанд. Ғайр аз ин, прокурор ҳақ дорад, ки ҳангоми аз тарафи судҳо баррасӣ шудани парвандаҳо, яъне дар мурофиаи судӣ иштирок кунад ва нисбат ба ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори суд эътироз пешниҳод намояд. Прокурорҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва таҳлили маводди умумии назорати прокурорӣ дар доираи салоҳияти худ чор навъи санади прокурорӣ қабул мекунанд: эътироз, пешниҳод, қарор ва амр.
Эътирози прокурор нисбат ба санад, супориш ва дигар ҳуҷҷатҳои аз тарафи мақомот ва шахсони мансабдор қабулшуда, ки хилофи қонун мебошанд, ба мақомоти интишордодаи ин санад ё мақомоти болоӣ оварда мешавад. Ҳуқуқи пешниҳоди эътироз танҳо ба прокурор ва муовини ӯ дода шудааст. Муҳлати баррасии эътирози прокурор 10 рӯз аст. Агар дар ин муҳлат ба прокурор ҷавоби хаттӣ дода нашавад ва ё эътирози прокурор бесабаб рад карда шавад, он гоҳ ӯ метавонад барои ғайриқонунӣ донистани санад бо аризаи даъвоӣ ба суд муроҷиат кунад.
Пешниҳоди прокурор дар хусуси бартараф кардани қонунвайронкуниҳо, сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткарда ба муассисаву ташкилот ва шахси мансабдоре фиристода мешавад, ки ба бартараф кардани қонунвайронкунӣ ваколат дорад. Ин муассисаву ташкилот ва ё шахси мансабдор бояд дар муддати на дертар аз як моҳ доир ба пешниҳоди прокурор тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи он ба таври хаттӣ ба прокурор хабар диҳад.
Қарори прокурор ва ё муовини ӯ ҳангоми ошкор кардани қонунвайронкунӣ дар рафтори шахси мансабдор ё шаҳрванд бо дарназардошти муқаррароти қонун доир ба оғоз кардани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашидан ё дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ бароварда мешавад. Ин санади прокурор низ бояд дар муддати 10 рӯз, ба истиснои қарор доир ба оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷониби шахси мансабдор ва ё дигар мақоми босалоҳият баррасӣ карда шавад.
Амри прокурор дар мавридҳое пешниҳод карда меша- вад, ки қонунвайронкунӣ ошкор шудааст ва дар ҳолати фавран бартараф карда нашуданаш, метавонад ба манфиати давлат, корхонаву муассиса ва ё шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонад. Амри прокурор бояд бетаъхир иҷро шуда, дар ин бора ба ӯ маълумот дода шавад. Қонун ғайр аз прокурор, инчунин, ба муовини ӯ ва шахси ваколатдорнамудаи онҳо (масалан, ёрдамчии калони прокурор, прокурори шуъба ва монанди онҳо) ҳуқуқи баровардани амрро додааст.
Низом ва сохтори макомоти прокуратура
Мувофиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёт, прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда, прокуратураи ҳарбии гарнизонҳо ва прокуратураи назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазо низоми мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар сохтори прокуратураи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ғайр аз роҳбарият, инчунин, раёсатҳо, шуъбаҳои дахлдор ва шуъбаи тафтишот мавҷуданд. Дар прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ёрдамчиён, ёрдамчиёни калони прокурор ва муфаттишон фаъолият мекунанд. Ба низоми марказонидашудаи прокуратура, Прокурори генералӣ роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти прокуратура танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, асос меёбад. Иҷрои санадҳои меъёрии Прокурори генералӣ аз ҷониби тамоми мақомоти прокуратура ҳатмист.
Прокурори генералӣ дар назди Президент ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Муҳлати ваколати Прокурори генералӣ ва дигар прокурорҳо 5 сол аст. Ба мақомоти прокуратура шаҳрвандоне ба кор қабул карда мешаванд, ки синнашон то 35-сола буда, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва сифатҳои ахлоқиву корӣ доранд, забони давлатиро медонанд, инчунин, вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои прокуратура мутобиқат мекунад. Шахсони бетабаа, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки аз рӯйи хулосаи тиббӣ имконияти иҷрои вазифаро надоранд, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, доғи судӣ доранд, бо ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғол кардани вазифаҳои муайяни давлатӣ маҳрум шудаанд, бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф шудаанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда намешаванд.
Реклама