Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17) ҷиноятро кирдори аз ҳаракат ё беҳаракатӣ содиршудаи гунаҳкоронаи барои ҷомеа хавфнок меҳисобад, ки ба шахсият, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад ё таҳдиди расонидани зарарро ба амал меоварад. Чунин кирдор ҳаракат ё беҳаракатиро қонуни ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст. Дар таърифи додашудаи ҷиноят ҳам хусусияти расмӣ ва ҳам моддии он зикр шудаанд, чунки дар он ҳам аломати расмӣ кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъкардашуда ва ҳам аломати моддӣ барои ҷомеа хавфнок пешбинӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, ҷиноят дорои аломатҳои зерин мебошад: хавфнок будан барои ҷаомеа; амали зиддиҳуқуқӣ будан; гунаҳкорӣ; сазовори ҷазо будан.
Аломатҳои ҷиноят мундариҷаи онро ошкор намуда, имкон медиҳанд, ки ҷиноят аз дигар навъи ҳуқуқвайронкуниҳо фарқ карда шавад. Ҷиноят, пеш аз ҳама, кирдорест, ки дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ ифода меёбад. Шахс бояд имконияти дарк намудани мазмун ва аҳаммияти кирдори худро дошта бошад. Кирдори шахс бояд бошуурона, иродавӣ, ихтиёрӣ ва мақсаднок содир шавад. Танҳо кирдоре ҷиноят эътироф мешавад, ки барои ҷомеа хавфнок бошад. Ба ҷомеа хавфнок будан яке аз хусусиятҳои асосии иҷтимоии (моддии) ҷиноят ба ҳисоб меравад.
Моҳияти хавфнок будани кирдор дар он ифода меёбад, ки он ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар мерасонад ё таҳдиди чунин зарарро ба вуҷуд меорад. Аз ҳамин сабаб, барои ҷиноят ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Набудани ҷиҳати хавфнокӣ барои ҷомеа имконияти ҷиноят эътироф шудани кирдорро сарфи назар мекунад. Масалан, кирдорҳои камаҳаммият, амалҳое, ки дар ҳолатҳои мудофиаи зарурӣ ва зарурати ниҳоӣ содир шудаанд, ҷиноят эътироф намешаванд. Ба ҷомеа хавфнок будани кирдор аз як қатор омилҳо вобастагӣ дорад: арзиши объекти ҳифзшаванда, хусусияти ва ҳаҷми оқибати амали ҷиноятӣ, тарзу восита, вақт, ҷой ва ҳолатҳои дигари содир шудани ҷиноят.
Дараҷаи хавфнокии ҷамъиятӣ тавсифи миқдории ҷиноят аст, ки хусусиятҳои зоҳирии онро, аз ҷумла арзиши объекти таҷовузшуда, дараҷаи гуноҳ ва ҳаҷму андозаи зарарро муайян мекунад. Қонунгузор дараҷаи хавфнокии ҷиноятҳои мушаххасро ба эътибор гирифта, ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки ҷазоро сабук ё баръакс вазнин мекунанд.
Аломати муҳимми дигари ҷиноят амали зиддиҳуқуқӣ ё худ зиддиқонунӣ будани кирдори мушаххас аст. Кирдори ба ҷомеа хавфнок ҳамон вақт ҷиноят маҳсуб мешавад, ки агар дар моддаҳои мушаххаси қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ инъикос шуда бошад. Ба ибораи дигар, зиддиҳуқуқӣ будани кирдор маънои аз ҷониби қонуни ҷиноятӣ манъ шудани онро дорад.
Гунаҳкорӣ ё худ мавҷуд будани гуноҳ шарти дигари ҷиноят эътироф шудани кирдори ба ҷомеа хавфнок аст. Гуноҳ ин муносибати руҳии шахс нисбат ба кирдори ба ҷомеа хавфнок ва оқибатҳои он буда, дар шакли қасд ё беэҳтиётӣ ифода меёбад. Бе мавҷудияти гуноҳ таркиби ҷиноят вуҷуд дошта наметавонад, яъне гуноҳ заминаи зарурии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо ба шумор меравад. Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад. Кирдори танҳо аз беэҳтиётӣ содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шуда бошад.
Ҷинояти қасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо қасди бевосита ё бавосита содир шудааст. Агар шахс ба ҷомеа хавфнок будани ҳаракат ё худ (беҳаракатии) худро дарк карда, имконият ё ногузирии фаро расидани оқибати барои ҷомеа хавфноки онро пешбинӣ кунад ва хоҳони фаро расидани он бошад, ҷинояти ӯ бо қасди бевосита содиршуда эътироф мешавад.
Аломати охирини ҷиноят сазовори ҷазо ҳисобидани кирдор мебошад. Моҳияти сазовори ҷазо будани кирдор дар он аст, ки танҳо ҳамон кирдори ба ҷомеа хавфнок, зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона ҷиноят шуморида мешавад, ки агар барои содир намудани он қонуни ҷиноятӣ ҷазои ҷиноятиро муқаррар карда бошад.
Кирдорҳои ҷиноятӣ вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфи барои ҷомеа доштаашон ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин тақсим мешаванд. Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда аз 2 сол маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо пешбинишуда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд. Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари онҳо аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз 5 сол маҳрумият аз озодӣ зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд. Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда аз 12 сол маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои вазнин эътироф мешаванд. Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо зиёда аз 12 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд.
Реклама