Тавре дар мавзуи пешина ишора кардем, ба ҳуқуқи маъмурӣ як қатор субъектҳо, аз ҷумла шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаҳои меҳнатӣ, бахшҳои таркибии ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра дохил мешаванд, ки миёни онҳо шаҳрвандон ҳамчун шахсони воқеӣ мақоми аввалиндараҷа доранд. Зеро дар қисми дуюми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Зиёда аз ин, моддаи 10 Конститутсия афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ эътироф кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро аз 10-уми декабри соли 1948 ба тасвиб расонидааст ва тибқи муқаррароти Конститутсия, ин санади муҳимми байналмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвари моро ташкил медиҳад. Дар моддаи 6 Эъломияи мазкур таъкид шудааст: «ҳар як инсон, дар ҳар куҷое, ки қарор дошта бошад, ба эътирофи ӯ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ ҳақ дорад».
Бояд гуфт, ки зери мафҳуми «шахси воқеӣ» инсон ҳамчун мавҷуди биологӣ фаҳмида мешавад. Ба мазмуни ҳуқуқӣ шахсони ҷисмонӣ, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳамчун шахсони воқеӣ фаҳмида мешаванд. Ҳамин тавр, байни субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ шаҳрвандон ҷойи махсусро ишғол мекунанд. Дар ин ҷо шаҳрванде дар назар дошта мешавад, ки функсияи ҳокимиятӣ-амрдиҳӣ надорад, дар ташкилоти муайян кор мекунад ё кор намекунад (масалан, хонанда, нафақахӯр).
Вазифаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ таъмини манфиати давлат мебошад, ки ба воситаи манфиати ҳар як шаҳрванд ва ҷомеа дар маҷмуъ, амалӣ гардонида мешавад. Эътироф кардан лозим аст, ки давлат барои шаҳрвандон ва ҷомеа вуҷуд дорад, на баръакс. Ҳамин аст ки дар қисми сеюми моддаи 5 Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад».
Вазъи маъмуриву ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ҷузъи муҳим ва таркибии мақоми ҳуқуқи умумии онҳоро ташкил мекунад, ки бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-уми августи соли 2015, дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар карда шудааст.
Мазмуни вазъи маъмуриву ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро инҳо ташкил медиҳанд:
а) маҷмуи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқии маъмурӣ устувор гардонида шудаанд;
б) кафолати татбиқи ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳифзи онҳо ба воситаи қонун ва роҳу усулҳои ҳимоя аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.
Шаҳрванд нисбат ба инсон ҳуқуқу уҳдадориҳои бештар дорад. Шахсоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, аз ҳуқуқҳои ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда маҳруманд, масалан, ҳуқуқи ба мансаби Президент интихоб шуданро надоранд.
Вазъи маъмуриву ҳуқуқии ин шаҳрвандон аз рӯйи андоза ва хусусияти қобилияти субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будани онҳо муқаррар карда мешавад, ки онҳо аз қобилияти ҳуқуқдории маъмурӣ ва қобилияти амалкунии маъмурӣ иборатанд.
Зери мафҳуми қобилияти ҳуқуқдории маъмурии шаҳрванд ба маънии имконияти бо қонун эътирофшудаи субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будан, доштани ҳуқуқ ва уҳдадории хусусияти маъмуриву ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ҳаҷм ва мазмуни ин гуна қобилияти ҳуқуқдорӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ муқаррар ва тағйир дода мешавад. Хусусиятҳои муҳимми он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд. Мутобиқи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии зиёде қабул шудаанд, ки ин ё он паҳлуи вазъи ҳуқуқиву маъмурии шаҳрвандонро дар маҷмуъ ва дар соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа ба танзим даровардаанд. Масалан, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар масъалаи ҳимояи Ватан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29-уми январи соли 2021, № 1753 ба таври муфассал зикр шудаанд.
Қобилияти амалкунии маъмурии шаҳрванд, қобилияти бо амалиёти (рафтори) шахсӣ ба даст овардани ҳуқуқу уҳдадориҳои хислати маъмуриву ҳуқуқидошта ва амалисозии онҳост. На ҳама шаҳрвандон қобилияти якхелаи амалкунии маъмурӣ доранд, ки ин ба хусусиятҳои хосси муносибатҳои идоракунӣ ва доштани таҷриба, ақлу заковат, эҳсоси масъулият дар бобати амали худ вобастагӣ дорад. Масалан, дар моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5-уми марти соли 2007 ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд, пешбинӣ шудаанд.
Албатта, тибқи Конститутсия ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳои якхела ва баробар доранд. Ҳуқуқи маъмурӣ ба амалишавии ин ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои конститутсионӣ ба таври гуногун таъсир мерасонад, махсусан, дар ҳолатҳое, ки агар муқаррароти конститутсионӣ ба мушаххасгардонӣ ниёз дошта бошад ё дар мавриди ҳамкории шаҳрвандон бо сохторҳои идоракунӣ ва назорати онҳо бо мақсади риояи принсипи конститутсионии «татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд набояд ҳуқуқу озодии дигар шахсонро халалдор кунад».
Ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои зерини шаҳрвандон дар ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила бо сохторҳои идоракунӣ амалӣ карда мешаванд:
Ҷараёни татбиқи ҳуқуқҳои субъективии шаҳрвандон, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ асоснок карда шудаанд, пешбинӣ мекунад, ки онҳо амали ҳуқуқиро анҷом диҳанд.
Реклама