Дар зиндагӣ бисёр ҳолатҳое дучор меоянд, ки ин ё он шахс бо мақсади ҳимояи худ, амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шахсӣ ё субъективии худ, иҷрои қарзи хизматӣ ва уҳдадории ҳуқуқии худ амалҳое содир мекунад, ки ҳарчанд ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар расонанд ҳам, аммо ҷиноят ҳисоб намешаванд. Дар қонуни ҷиноятӣ низ ҳамин гуна ҳолатҳо ба эътибор гирифта шуда, меъёрҳо доир ба худдифои зарурӣ, расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани ҷинояткор, зарурати ниҳоӣ, маҷбуркунии ҷисмонӣ ва руҳӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ва амр муқаррар карда шудаанд.
Ҳамин тавр, ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат аз таҷовузи барои ҷомеа хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварӣ барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯроварӣ алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.
Набояд фаромӯш кард, ки аз ҳадду андозаи мудофиаи зарурӣ баромадан мумкин нест. Албатта, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дода шудааст, ки сарфи назар аз вазифа ва хусусияти фаъолияташ, худро аз ҳуҷуми бегона ҳимоя кунад. Ҳар як шаҳрванд ба ҳимояи худ ҳақ дорад, ҳарчанд имконияти кумак пурсидан аз мақомоти дахлдорро (масалан, аз милитсия) дошта бошад. Ҳамин нукта дар қисми 3 моддаи 40 Кодекси ҷиноятӣ низ зикр шудааст: «Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешаванд, агар шахс имкони ба таври воқеӣ баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро надошта бошад».
Инчунин, дар қонуни ҷиноятӣ таъкид мешавад, ки шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касбӣ ё дигар тайёрии махсус ва мақоми хизматиаш, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад. Қасдан баран- гехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар мудо- фиа (худдифо)-и зарурӣ ҳисоб намешавад.
Бояд гуфт, ки расонидани зарар ҳангоми дастгир карда ни шахси ҷиноятсодиркарда низ ҷиноят ҳисобида намешавад, вале дар назар доштани якчанд шарт муҳим мебошад.
Масалан, ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шах- си ҷиноятсодиркарда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имкони ҷиноятҳои навро содир карданаш, ба ӯ зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир кардани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии ба ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошад, ҷиноят ҳисоб намешаванд.
Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноятсодиркарда расонидашуда, ҳаракати ӯ дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хӯрдан, қувваю имконияти дастгиршаванда, ҳолати руҳии вай ва ҳолатҳои дигари вобаста ба амали дастгир кардан, ба назар гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, ки расонидани зарар ба манфиатҳои давлату ҷомеа ва шаҳрвандон дар ҳолати зарурати ниҳоӣ низ ҷиноят эътироф намешавад, агар зарурати ниҳоӣ барои бартараф кардани хавфу хатар ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванди алоҳида ё ҷомеа равона шуда бошад. Бояд дар назар дошт, ки агар расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои бартараф кардани ин хавф мувофиқ набошад ва дар натиҷа, ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён расонида шуда бошад, он гоҳ зарурати ниҳоӣ азҳадгузашта ҳисобида мешавад.
Ҳолати расонидани зарар дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё руҳӣ, ба шарте ки дар натиҷаи чунин маҷбуркуниҳо шахс ҳаракат ё беҳаракатии худро идора карда натавонад, вақте ба амал меояд, ки нисбат ба шахси ҷиноятсодиркарда тарзу усулҳои ғайриқонунии таъсиррасонии ҷисмонӣ ва руҳӣ (психикӣ) истифода шуда бошад. Ин ҳолатҳо метавонанд ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, латукӯб, фишорҳои руҳӣ, таҳдидҳои тарсоваранда бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванд ба таваккали асоснок ҳуқуқ дорад. Ҳолатҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки истифодаи таваккали асоснокро ҳақ мебароранд: масалан, агар барои пешгирии зараре, ки ба манфиатҳои ҷомеа расонида мешавад, воситаҳои муқаррарӣ кифоят накунанд. Чунин ҳолатҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рух доданаш мумкин аст, масалан, дар соҳаи истеҳсолӣ, тиббӣ, дар ҳолатҳои фавқулода, дар соҳаи маишӣ ва ғайра.
Ниҳоят, ҳолати дигаре, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад, иҷрои фармон ё амр аст. Агар шахс бо мақсади иҷрои ҳатмии амру фармон кирдоре содир кунад, ки дар натиҷаи он ба манфиати шаҳравандон, давлату ҷомеа зарар расад, пас ин гуна кирдор ҷиноят ҳисобида намешавад. Барои расонидани ин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст.
Реклама