Қонунгузории меҳнатӣ ҳуқуқи кормандонро ба меҳнат ҳаматарафа ҳимоя карда, амалӣ кардани ҳуқуқи онҳоро доир ба шароити меҳнатие, ки дар вақти ба кор қабул намудан пешбинӣ шудаанд, кафолат медиҳад. Маъмурият ҳуқуқ надорад аз корманд иҷрои кореро, ки дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст, талаб кунад. Агар дар рафти иҷрои уҳдадории меҳнатӣ зарурати ба кори дигар гузаронидани корманд ба миён ояд, дар ин сурат, ризояти ӯ ба таври хаттӣ гирифта мешавад. Гузаронидан ба кори дигар доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Ба кори дигари доимӣ гузаронидан аз се навъ иборат аст:
Корманд ҳамон вақт ба кори дигар гузаронидашуда ҳисоб карда мешавад, ки шартҳои зарурии шартномаи меҳнатӣ, ба монанди ҷойи кор, функсияи меҳнатӣ (касб, ихтисос) ва музди меҳнат тағйир ёбад. Дар сурати тағйир наёфтани шартҳои зарурии номбурда на аз як кор ба кори дигар гузаронидан, балки ҷойивазкунӣ ҳисоб карда мешавад ва дар чунин ҳолат гирифтани ризояти корманд шарт нест.
Чун қоида, ба кори дигар гузаронидан фақат бо ризояти корманд мумкин аст, вале дар мавридҳои истисноӣ бо ташаббуси корфармо ва бо ризояти корманд, ӯро муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Ба чунин мавридҳо дохил мешаванд:
а) зарурати истеҳсолӣ; б) бекормонӣ; в) ҳамчун чораи татбиқи ҷазои интизомӣ.
Ба кори дигар гузаронидан дар мавриди зарурати истеҳсолӣ барои пешгирӣ ё бартараф намудани ҳодисаҳои офати табиӣ, фалокатҳои истеҳсолӣ ё фавран бартараф кардани оқибатҳои онҳо, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, нобуд ё вайроншавии молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин, барои иваз кардани корманди ғоиб мумкин аст. Муддати ба кори дигар гузаронидан дар мавриди зарурати истеҳсолӣ то як моҳ мебошад.
Дар вақти бекормонӣ бо дарназардошти ихтисосу касб кормандонро дар ҳамон ташкилот ба тамоми вақти бекормонӣ ё ба дигар ташкилот, вале дар худи ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар вақти бекормонӣ, агар кормандон ба кори каммузд гузаронида шаванд, он гоҳ музди миёнаи корашон аз рӯйи кори пештараи онҳо дода мешавад. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани корманд ҳамчун чораи ҷазои интизомӣ мумкин аст. Мувофиқи он маъмурияти ташкилот барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ метавонад кормандро ба кори каммузд ё ба вазифаи пасттар гузаронад.
Реклама