§13.5. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУН

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи ҳамин қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷавобгарӣ мутобиқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатти чоруми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар қонунҳои соҳавии мақомоти давлатӣ татбиқ мешавад. Бояд ба инобат гирифт, ки моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгариро ба тариқи умумӣ нисбат ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим муайян кардааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як амале, ки аз талаботи қонуни мазкур бармеояд ва он тарзи риояи хосси худро дошта, ченаки ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад, дар сурати риоя нагаштан оқибати ҳуқуқиро дар шакли ҷавобгарӣ тақозо мекунад.

Бо назардошти дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид гардидани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024 ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи ин Қонун пурзӯр карда шуда, кирдори содиргардида вобаста ба хусусият мушаххас гардонида шуд.

Чунончи, барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, минбаъд ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҳамчунин, барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим бошад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҳамзамон, барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани ҳолатҳои зикргардида ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазор, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазору дусад, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Дар баробари ин тибқи талаботи қисми 8 моддаи 481 Кодекси мазкур барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва роҳбари дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ содир кардани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин аз ҷониби шахсони мазкур барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани миқдори ҷарима, инчунин муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин барои риояи дақиқу якхелаи қонун, ҳамчун чораи пешгирӣ ворид карда шуд.

Барои шахсони мансабдор ҷавобгарии интизомӣ, яъне аз кор озод намудан пешбинӣ шудааст. Дар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим мафҳуми васеи шахси мансабдор дода шудааст.

Тибқи қисми 2 моддаи 20 Қонуни зикргардида аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Илова бар ин дар қонунгузории соҳавии сохторҳои номбурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии интизомӣ барои шахси мансабдори зерин ба таври зайл муқаррар карда шудааст:

  • нисбат ба судяҳои Суди конститутсионӣ мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014;
  • нисбат ба судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014;

  • нисбат ба кормандони Хадамоти гумрук мутобиқи қисми 1 моддаи 488 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004;
  • нисбат ба кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (колонияҳои ислоҳи меҳнатӣ) мутобиқи қисми 9 моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» аз 15 июли соли 2004;
  • нисбат ба кормандони ҳарбӣ зербанди 6) қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, № 1753;
  • нисбат ба кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 2 моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005;
  • нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 11 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004.

Дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор вайрон гардидани қонун, комиссия маводро доир ба ҳуқуқвайронкунӣ ҷамъ намуда, ба мақомоте, ки шахси мансабдор он ҷо кор мекунад, равон менамояд ва роҳбарият ӯро аз кор озод мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардидааст?
  2. Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо фаҳмиши худ шарҳ диҳед.
  3. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳалли кадом масъалаҳо иборат аст?

  1. Мафҳумҳои асосӣ, маросим ва ҷашнро шарҳ диҳед.
  2. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим кадом аст ва салоҳияти он аз чӣ иборат аст?
  3. Ҷашнҳои расмиро номбар намоед. Санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро номбар кунед, ки сухан дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат меравад.
  4. Ҷашнҳои зодрӯз, хатнасур ва тӯйи домодию арӯсиро маънидод намоед.
  5. Фарқи ҷашн аз маросим дар чист?
  6. Маросими дафну азодорӣ аз чӣ иборат аст?
  7. Кадом маҳдудиятҳои гузаронидани ҷашну маросимро медонед?
  8. Гузаронидани ҷашну маросим дар кадом ҷойҳо иҷозат дода шудааст?
  9. Вақти баргузории ҷашну маросим ва давомнокии онҳоро маънидод намоед.
  10. Чӣ гуна ҷавобгарӣ барои шахсоне, ки қонунро вайрон намудааст, пешбинӣ гардидааст?

Реклама