Тибқи талаботи қонуни мазкур давлату ҷомеа низ аз кори таълиму тарбия дар канор набуда, худро бояд масъул донанд. Давлат барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми заминаҳоро муҳайё менамояд. Иҷрои ин уҳдадориҳои худро бо роҳи таъсиси низоми таълим ва муҳайё сохтани шароити дахлдори иҷтимоию иқтисодӣ барои таҳсилот таъмин мекунад. Ҳамзамон бо ин, давлат кафолати конститутсионии дастрас ва ройгон будани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ муқаррар намудааст.
Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ва роҳ надодан ба поймолкунии онҳо, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ, ҳамзамон барқарор кардани ҳуқуқҳои вайронкардашудаи онҳо, мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ, таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, инчунин дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳифз менамоянд амалӣ карда мешавад.
Барои таълиму тарбияи кӯдак мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи дин, танзими ҷашну маросим масъуланд.
Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мақоми ҳамоҳангсози ҷамъиятӣ буда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд. Шумораи умумии аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак набояд аз 7 нафар кам бошад. Ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд кормандони милитсия, ходимони иттиҳодияҳои динӣ ва аъзои шурои занон дохил карда шаванд.
Вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мусоидат кардан ба амалисозии талаботи Қонуни мазкур мебошад.
Тибқи тадаботи м. 9 Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳоро оид ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, гузаронидани мониторинг, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, дархости маълумот аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигарро оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин ваколатҳои дигареро, ки қонунгузорӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Яке аз мақомотҳои масъул дар таълиму тарбияи кӯдак мақомоти шаҳраку деҳот мебошад. Ваколатҳои он дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ, таъмини амалисозии барномаҳои давлатӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ғ. мебошад.
Вазорати корҳои дохилӣ дар раёсату шуъбаҳои худ сохтори алоҳида доир ба кор бо ноболиғон дорад. Дар мақомоти прокуратура низ доир ба ноболиғон кормандони масъули ин масъала фаъолият доранд. Умуман, мақомоти мазкур дар ин самт на танҳо ҳуқуқи кӯдаконро ҳифз менамоянд, инчунин, корҳои пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро низ анҷом медиҳанд.
Мақоми дигаре, ки дар моддаи тафсиршаванда номбар шудааст, Вазорати маориф ва илм мебошад. Вазорати мазкур ваколатҳоеро амалӣ менамояд, ки ба таълими кӯдакон дахл доранд. Дар низоми мақомоти маориф бештар муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо кӯдакон сару кор мегиранд.
Ҳамзамон, назорати фаъолияти меҳнатии ноболиғон ба зиммаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта шудааст. Кор кардани шахсони ноболиғ (аз синни 15-солагӣ ва бо розигии падару модар дар вақтҳои берун аз дарс аз синни 14-солагӣ) тибқи қонунгузорӣ иҷозат дода шудааст, аммо набояд ба саломатии онҳо зараровар бошад. Тамоми ноболиғон баъди муоинаи тиббӣ ба кор қабул шуда метавонанд (м. 174 Кодекси меҳнат).
Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон низ дар ин самт ваколатдор мебошанд. Тибқи сархатти якуми моддаи зикршуда мақомоти давлатӣ, муссиса ва дигар ташкилотҳо уҳдадоранд, ки ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд.
Тадбирҳои муҳимми давлатӣ бе кумаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа натиҷаи мусбӣ дода наметавонад. Аз ин рӯ ҷалби васеи аҳолӣ, дар қатори падару модарон ва омӯзгорон ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон зарур аст.
Реклама