Тибқи қонунгузории мавҷуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаҳои ислоҳӣ, воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор, воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои мақомоти гумрук, воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ба мақомоти таҳқиқ дохил мешаванд.
Мувофиқи ин номгӯй, мақомоти корҳои дохилӣ, яъне милитсия, дар мамлакат мақоми асосии таҳқиқ ба шумор меравад. Кормандони масъули милитсия аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятие, ки тафтишоти пешакиро талаб мекунанд, таҳқиқ бурда, сипас маводди ҷамъоваришударо ба мақомоти тафтишотӣ месупоранд. Мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, парвандаҳо доир ба ҷиноятҳои одамкушӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, таҷовуз ба номус ва монанди инҳо тафтишоти пешакиро талаб мекунанд. Ғайр аз милитсия, мувофиқи Қонун «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1-уми августи соли 1997) қӯшунҳои сарҳаддӣ низ дар ҳудуди сарҳаддӣ ҳуқуқи бурдани таҳқиқро доранд. Ба онҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки дар минтақаи сарҳад молҳо, борҳо ва дигар воситаҳои нақлиётии ғайриқонунӣ интиқолшавандаро мусодира карда, ба хадамоти гумрук ва маводди нашъадорро ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводди нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» (аз 10-уми декабри соли 1999), Агентии маводди нашъадори наз- ди Президент ҳуқуқ дорад, ки дар минтақаҳои сарҳаддӣ ва гумрукӣ таҳқиқ барад.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ дар ҳайати раёсату шуъбаҳои он дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои он дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ тибқи қонунгузории мавҷуда (Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Қонун «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ») мақоми таҳқиқ ба шумор рафта, ҷиноятҳои дар моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 308 (ҷосусӣ), 311 (ифшои сирри давлатӣ) ва дигар моддаҳои дахлдори дар Кодекси ҷиноятӣ зикршуда ба тобеияти тафтишотии ин мақомот дахл доранд.
Тибқи қонун, хадамоти гумрук низ мақоми давлатии ҳифзи ҳуқуқ эътироф шуда, кормандони масъули он аз рӯйи парвандаҳо доир ба ҷиноятҳои вобаста ба қочоқ ва саркашӣ кардан аз пардохтҳои гумрукӣ (моддаҳои 289, 291 Кодекси ҷиноятӣ) ҳуқуқи гузаронидани амалиёти таҳқиқӣ ва тафтишотиро доранд.
Реклама