§7.1. ҲУҚУҚИ КИШОВАРЗӢ, ПРЕДМЕТ – МЕТОД, ПРИНСИП ВА САРЧАШМАҲОИ БАТАНЗИМДАРОРИИ ОН

Кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллии мо ба шумор меравад, зеро аз инкишофи он пешрафти дигар соҳаҳо ва ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардуми мо вобастагӣ дорад. Дар кишвари мо навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ: пахта, ғалла, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва ғайра истеҳсол карда мешаванд. Дар истеҳсоли онҳо нақши ширкатҳои хоҷагӣ, хоҷагиҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорон, соҳибкорони инфиродӣ ва шаклҳои дигари ташкили ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ калон мебошад.

Муносибатҳои кишоварзӣ дар байни чунин субъектҳо ва дар рафти истеҳсолоти кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба тартиб дароварда мешаванд. Ҳамин тавр, ҳуқуқи кишоварзӣ аз низоми меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои кишоварзиро дар соҳаи истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ ба танзим медарорад. Дар зери мафҳуми истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ на танҳо истеҳсоли бевоситаи маҳсулоти рустанипарварӣ ва чорводорӣ, балки фурӯш ва коркарди аввалияи он аз ҷониби худи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар назар дошта мешавад. Бинобар ин, ба соҳаи қонунгузории кишоварзӣ фаъолияти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолӣ доир ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони кишоварзӣ ва ғайра дохил намешаванд. Пас предмети ҳуқуқи кишоварзӣ маҳз ҳамон муносибатҳое шуда метавонанд, ки бевосита дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқи кишоварзӣ дорои методи ба худ хосси батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, зеро ҳамчун соҳаи комплексӣ дар он методҳои батанзимдарории соҳаҳои гуногуни давлатӣ, маъмурӣ, молиявӣ, маданӣ, меҳнатӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд.

Ҳуқуқи кишоварзӣ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд, дар асоси принсипҳои таъмини қонуният, озодии интихоби шакли хоҷагидорӣ аз ҷониби соҳибкорон, бехатарии экологӣ ва таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолкардашуда, аз ҷониби давлат муқаррар намудани роҳҳои асосӣ ва афзалиятҳои рушди комплекси агросаноатӣ, озодии шартномавӣ, ҳифзи судии ҳуқуқи вайронкардашудаи иштирокчиёни муносибатҳои кишоварзӣ ва принсипи дар танзими муносибатҳои кишоварзӣ ба ҳисоб гирифтани хусусияти истеҳсолоти кишоварзиро ба танзим медарорад.

Ба онҳо, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замин, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохил мешаванд.

Реклама