САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

1. Ҳуқуқи маданӣ чиро меомӯзад?

A) Ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи ашёро;

B) Муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайри молумул-киро;

C) Муносибатҳои шахсии ғайриамволиро;

D) Муносибатҳои амволию оилавиро;

2. Сарчашмаҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ аз чӣ иборатанд?

A) Кодекси манзил, Кодекси об;

B) Конститутсия, Кодекси маданӣ, қонунҳо ва ғ;

C) Кодекси маданӣ, Кодекси оила;

D) Конститутсия, Кодекси меҳнатӣ, Кодекси ҷиноятӣ;

3. Навъҳои субъектҳои ҳуқуқи маданӣ кадомҳоянд?

A) Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

B) ҶТ, корхонаву ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ;

C) Шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ҶТ;

D) Шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ҶТ ва воҳидҳои марзиву маъмурии он;

4. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд чист?

A) Қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ бу-дан;

B) Қобилияти соҳиби ҳуқуқ будан;

C) Қобилияти соҳиби уҳдадорӣ будан;

D) Қобилияти бо амали хеш ба даст овардани ҳуқуқу уҳдадориҳо;

5. Аломатҳои шахси ҳуқуқиро номбар кунед:

A) Ягонагии ташкилӣ, молу мулки алоҳида доштан, ҷа-вобгарии мустақили молу мулкӣ, дар муомилоти маданӣ аз номи худ баромад кардан;

B) Ягонагии ташкилӣ, ном, соҳиби муҳр, ҷавобгарии мустақили молумулкӣ;

C) Нишонаи молӣ, муҳр, штамп, ягонагии ташкилӣ;

D) Ягонагии ташкилӣ, ягонагии маъмурӣ;

6. Мазмуни ҳуқуқи моликиятро кадом ваколатҳои соҳибмулк ташкил медиҳад?

A) Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ доштан;

B) Ҳуқуқи доштан, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ наму-дани молу мулк;

C) Ҳуқуқ ба манзил, боғ, пул, мол, зару зевар;

D) Ҳуқуқи доштан ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк;

7. Аҳд чист?

A) Амале, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ё қатъ кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ шудааст;

B) Амале, ки бо қонун иҷозат дода шудааст;

C) Амале, ки боиси ба вудуд омадан ва аз байн бурдани моликият шудааст;

D) Созиши тарафҳо;

8. Навъҳои аҳд кадомҳоянд?

A) Яктарафа, дутарафа ё бисёртарафа (шартномаҳо) бошанд, хаттӣ, шифоҳӣ: музднок ва бемузд;

B) Яктарафа ва дутарафа;

C) Хаттӣ, шифоҳӣ, музднок ва бемузд;

D) Яктарафа, бисёртарафа, хаттӣ, шифоҳӣ, рамзӣ;

9. Шартнома чист?

A) Созиши ду ё якчанд шахс барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва уҳдадории маданӣ мебошад;

B) Созиши байни давлат ва шаҳрвандон;

C) Созиши ду ё якчанд шахс, ки боиси пайдоиши уҳда-дориҳо шудааст;

D) Созиши ду ё якчанд шахс, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ тан-зим шудаанд;

10. Навъҳои шартномаро номбар кунед:

A) Яктарафа, дутарафа ё бисёртарафа;

B) Хаттӣ, шифоҳӣ;

C) Музднок ва бемузд;

D) Яктарафа ва дутарафа;

11. Уҳдадорӣ чист?

А) Аз рӯйи уҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад. Масалан, молу мулкашро ба касе диҳад, корро иҷро кунад, пул супорад ва ғайра ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд. Кредитор бошад, ҳақ дорад аз қарздор иҷрои уҳдадориҳояшро талаб намояд;

B) Шахс уҳдадор аст ба фоидаи шахси дигар амалеро иҷро кунад;

C) Созиши ду шахс доир ба амали муайян;

D) Шахс уҳдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар амали муайянеро ба ҷо оварад;

12. Ҳуқуқи сохибкорӣ чист?

A) Соҳаи комплексии ҳуқуқ аст;

B) Соҳаи мустақили ҳуқуқ;

C) Соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқаманд, инчунин, танзими давлатии онҳоро ба танзим медарорад;

D) Фанни таълимӣ ва соҳаи ҳуқуқ;

13. Кадом моддаи Конститутсияи ҶТ ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ бахшида шудааст?

A) Моддаи 8;

B) Моддаи 13;

C) Моддаи 9;

D) Моддаи 12;

14. Ба фаъолияти соҳибкорӣ аз чандсолагӣ машғул шудан мумкин аст?

А) Аз 14-солагӣ;

B) Аз 15-солагӣ;

С) Аз 18-солагӣ;

D) Аз 17-солагӣ;

15. Шаклҳои фаъолияти соҳибкориро номбар кунед:

A) Хусусӣ; коллективӣ; бо ташкили корхона; бе ташкили корхона;

B) бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ; бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;

C) бо истифодаи меҳнати кироя; бе истифодаи меҳнати кироя;

D) бо иштироки саҳмдорон; бе иштироки саҳмдорон;

16. Субъектҳои сохибкорӣ кадомҳоянд?

А) Соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо);

В) Шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ; корхонаҳо;

С) Шаҳрвандони ҶТ, шахсони бетабаа;

D) Саҳмдорон, корхонаҳо, шаҳрвандон;

17. Биржаи молӣ чист?

A) Бозори фурӯши мол аст;

B) Ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, ки бо мақсади ба даст даровардани фоида ташкил карда мешавад;

C) Бозори доимоамалкунандаи молҳои оммавиест, ки мувофиқи стандарту намунаҳо фурӯхта мешаванд ва ташкилоти тиҷоратиест, ки дар асоси мустақилияти хоҷагӣ амал мекунад;

D) Бозори фурӯши коғазҳои қиматнок;

18. Навъҳои биржа кадомҳоянд?

А) Молӣ, фючерӣ;

В) Фондӣ, омехта;

С) Нақдӣ, асъорӣ;

D) Молӣ, фондӣ, асъорӣ, омехта;

19. Мақсади танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро номбар кунед:

А) Пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар;

В) Ҳифзи муҳити атроф, истифодаи захираҳои табиӣ;

С) Таъсиси корхонаҳо, шахсони ҳуқуқӣ;

D) Таъмини эҳтиёҷоти давлату ҷамъият, ташкили буҷети давлатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таъмини бехатарӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ, рақобатпазирӣ, ҳимоя аз инҳисор;

20. Фаъолияти соҳибкорӣ бо қарори кӣ катъ гардонида мешавад?

А) Милиса;

В) Прокурор;

С) Суд;

D) Соҳибкор ва суд;

21. Ҳифзи хуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон бо кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз мешавад?

А) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст;

В) Конститутсия, Кодекси маданӣ;

С) Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, Кодекси маданӣ, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ» ва ғ;

D) Кодекси маданӣ, Кодекси ҷиноятӣ;

22. Молияи давлатӣ чист?

А) Маҷмуи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои ҷамъшудаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешаванд;

B) Маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низо-ми буҷетии ҶТ, инчунин, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

C) Доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар ҷараёни онҳо маблағҳои пулӣ ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд;

D) Маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари низо-ми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

23. Ҳуқуқи молиявӣ чист?

A) Соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи онро ба танзим медарорад;

B) Фанни таълимӣ;

C) Ҳуқуқи моликият ва муносибатҳои амволиро ба танзим медарорад;

D) Ҳуқуқи молиявӣ, ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҷараёни ҷамъ овардан, тақсим кардан ва истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии давлатӣ бавуҷудомадаро ба танзим медарорад;

24. Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ кадомҳоянд?

A) Кодекси маданӣ, Кодекси манзил, Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷет»;

B) Конститутсия, Кодекси андоз, Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети ҷорӣ», санадҳои зерқонунӣ;

C) Конститутсия, Кодекси оила, фармонҳо, қарорҳо;

D) Санадҳои байналмилалӣ, Кодекси гумрук, Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷет»;

25. Буҷет чист?

A) Ин фонди мутамарказонидашудаи пулие мебошад, ки барои таъмин кардани иҷрои функсияҳои давлат истифода бурда мешавад;

B) Санади ҳуқуқии асосии молиявӣ, нақшаи асосии ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи марказонидашудаи маб-лағҳои пулии давлат буда, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад;

C) Даромадҳои давлатӣ;

D) Фонди пулӣ ва молӣ мебошад;

26. Ҷараёни буҷет чист?

А) Фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни ҷараёни буҷетӣ доир ба таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, инчунин, доир ба назорати иҷрои буҷетҳо, ки тавассути санадҳои қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешаванд;

B) Фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулии мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фондҳои мақсадноки буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

C) Фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бобати таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо;

D) Муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки бо мақсади ҷамъ овардан, тақсим кардан ва минбаъд истифода бурдани маблағҳои пулӣ мебошад;

27. Андоз чист?

A) Доираи муайяни муносибатҳои молиявӣ, ки дар ҷараёни онҳо маблағҳои пулӣ ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд;

B) Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи қонунгузории андоз доир ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад;

C) Ин фонди мутамарказонидашудаи пулие мебошад, ки барои таъмин намудани иҷрои функсияҳои давлат истифода бурда мешавад;

D) Андоз ин пардохти боҷу хироҷ мебошад;

28. Навъҳои андозро номбар кунед:

A) Андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ;

B) Андоз аз даромад, андозҳои иҷтимоӣ, аксизҳо;

C) Андоз аз фоида, андоз аз фурӯши пахта ва алюмин;

D) Андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, андозҳои маҳаллӣ;

29. Андозҳои умумидавлатӣ кадомҳоянд?

A) Андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул;

B) Андозҳо аз даромад, фоида, арзиши иловашуда, аксизҳо, иҷтимоӣ, барои захираҳои табиӣ, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия;

C) Андозҳои маҳаллӣ, аз даромад, фоида, арзиши иловашуда, аксизҳо, иҷтимоӣ;

D) Андозҳо, боҷу хироҷ;

30. Андозҳои маҳаллӣ кадомҳоянд?

A) Андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия;

B) Андозҳо аз даромад, фоида, арзиши иловашуда, аксизҳо;

C) Андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ;

D) Андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз молу мулки ғайриманқул;

31. Хусусиятҳои муносибатҳои ҳуқуқии андозро номбар кунед.

A) Оммавию пулӣ;

B) Маҷбурӣ-оммавӣ;

C) Андозсупорӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, оммавӣ, маблағҳои пулӣ, давлат ҳамчун тарафи ҳатмӣ;

D) Манфиати давлату ҷамъият, эҳсонкорӣ, ғанигардонӣ;

32. Ҳуқуқвайрокунии андоз чист?

А) Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин, шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор эътироф мешаванд, ки ба иҷро нашудан ё ба таври дахлдор иҷро нашудани талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, оварда расонидаанд;

B) Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) барои ҷамъият хавфнок;

C) Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) содиршудаи гунаҳкоронаи субъектҳои андоз мебошад, ки Кодекси андоз бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст;

D) Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир кардани он тибқи тартиби муқарраршуда боиси ҷавобгарӣ мешавад;

33. Ҳуқуқи оилавӣ чист?

A) Соҳаи мустақили ҳуқуқ;

B) Соҳаи илми ҳуқуқ ва қонун;

C) Соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро байни зану шавҳар, падару модар ва фарзандон танзим мекунад;

D) Фанни таълимӣ ва илмӣ;

34. Кадом моддаи Конститутсия ба барпо намудани оила бахшида шудааст?

A) Моддаи 33;

B) Моддаи 17;

С) Моддаи 34;

D) Моддаи 48;

35. Кадом моддаи Конститутсия ба ҳифзи модару кӯдак бахшида шудааст?

A) Моддаи 34;

B) Моддаи 14;

С) Моддаи 100;

D) Моддаи 35;

36. Сарчашмаҳои ҳуқуқи оилавӣ.

A) Кодекси маданӣ, Кодекси оила;

B) Қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо;

C) Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси оила, санадҳои байналмилалӣ;

D) Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда, Кодекси оила, фармонҳо, қарорҳо;

37. Ҳуқуқу озодиҳои модару кӯдак ба воситаи чӣ ҳимоя мешаванд?

A) Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мешаванд;

B) Мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ;

C) Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси маъмурӣ;

D) Ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ;

38. Принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ кадомҳоянд?

A) Баробарҳуқуқии зану мард, ҳимояву ҳавасмандӣ, ғамхорӣ, якканикоҳӣ, ихтиёрӣ, дахолат накардан, зери назорати давлат бекор кардани никоҳ, афзалияти манфиати кӯдаку аъзои корношоями оила, манъи табъиз дар оила, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, масъулияти тарафайни падару моддар ва фарзандон, ҳифзи оила;

B) Афзалияти манфиати кӯдаку аъзои корношоями оила, манъи табъиз дар оила, бисёрникоҳӣ;

C) Қонуният, баробарӣ дар назди қонун, адолат, инсондӯстӣ, демократизм;

D) Баробарҳуқуқии зану мард, ҳимояву ҳавасмандӣ, адолати судӣ, якканикоҳӣ, инсондӯстӣ;

39. Никоҳ чист?

A) Иттифоқи озодонаи зану мард барои ба вуҷуд овардани ҳуқуқу вазифаҳои шахсӣ ва молумулкӣ мебошад;

B) Иттифоқи ихтиёрӣ ва озодонаи зану мард, ки мақсадаш барпо кардани оила ва таваллуди фарзанд мебошад;

С) Иттифоқи ихтиёрӣ, баробарҳуқуқ ва озодонаи зану мард аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн асос ёфта, ба таври қонунӣ сабт шудааст, ки мақсадаш барпо кардани оила ва нисбати тарафҳо ба вуҷуд овардани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкӣ мебошад ва таҳти ҳимояи давлат қарор дорад;

D) Иттифоқи ихтиёрии зану мард, ба таври қонунӣ расмикунонида шудааст, ки мақсадаш барпо кардани оила мебошад;

40. Шартҳои ақди никоҳ:

A) Ризояти тарафайн, ба синну соли никоҳӣ расидани тарафҳо, додани қалин;

B) Ризояти тарафайн, ба синну соли никоҳӣ расидани та-рафайн, ҷой надоштани монеаҳои акди никоҳ;

C) Ризояти тарафайн, ба синну соли никоҳӣ расидани та-рафҳо;

D) Ризояти тарафайн, розигии падару модари тарафҳо;

41. Шартҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳанд:

A) Яке аз тарафҳо дар никоҳи каси дигар розӣ аст, нори-зогии волидайн;

B) Хешони наздик, номукаллафӣ;

C) Надоштани молу мулки муайян, шаҳрванди хориҷӣ будан;

D) Байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи шахси дигар қарор дошта бошад; байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ); байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд); байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар; байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян; байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд; байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд; байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон; байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории руҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайриқобили амал эътироф кардааст; байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол кардан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд кардааст. Байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводди нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф кардааст.

42. Дар кадом ҳолат никоҳ беэътибор дониста мешавад?

A) Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ, бастани ни-коҳ бо шахси ғайри кобили амал, байни хешони наздик, бо роҳи фиреб бастани никоҳ, бастани никоҳ бо шахси ба синни никоҳ нарасида, вайрон кардани принсипи ихтиёрӣ ва пинҳон кардани бемории венерикӣ;

B) Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ, байни хешони наздик, бо роҳи фиреб бастани никоҳ;

C) Вайрон кардани принсипи ихтиёрӣ, бо роҳи фиреб бастани никоҳ, дар масҷид бастани никоҳ;

D) Вайрон кардани принсипи ихтиёрӣ, вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ;

43. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсии ҳамсаронро номбар кунед:

A) Ҳуқуқ ба интихоби насаб, интихоби машғулят ва касбу ихтисос, интихоби ҷойи истиқомат ва ғ.;

B) Ҳуқуқ ба интихоби насаб, интихоби касбу ихтисос;

C) Ҳуқуқ ба интихоби насаб, тарбия ва таълими фарзандон;

D) Ҳуқуқ ба тақсими молу мулк, интихоби машғулият ва касбу ихтисос;

44. Навъҳои моликияти шахсии ҳамсаронро муайян кунед:

A) Молу мулки бо роҳи қонунӣ ба даст даровардашуда;

B) Молу мулки бо роҳи туҳфа ва мерос ба даст дароварда шуда;

C) Дар асоси қарори суд ба даст даровардашуда;

D) Молу мулки то никоҳ вуҷуддошта, бо роҳи туҳфа ва мерос ба даст даровардашуда;

45. Аҳдномаи никоҳ чист?

A) Созишномаест, ки ҳуқуқи молумулкӣ ва уҳдадориҳо-ро дар давраи заношӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян мекунад;

B) Созишномаест, ки уҳдадориҳоро дар давраи зано-шӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян мекунад;

C) Созишномаест, ки ҳуқуқу уҳдадориҳоро дар давраи заношӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян мекунад;

D) Созишномаест, ки муносибатҳоро дар давраи зано-шӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян мекунад;

46. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсии падару модар ва фарзандон:

A) Ҳуқуқ ба ном, шаъну шараф, уҳдадории никоҳ;

B) Ҳуқуқи кӯдак ба ному насаб ва муваффақан вазифаи падару модар ба пурра додани ному насаб, ҳуқуқи кӯдак ба тарбия ва мувофиқан вазифаи падару модар дар тарбияи он, ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояш ва мувофиқан вазифаи падару модар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак;

C) Ҳуқуқи кӯдакон ва ҳифзи онҳо, ҳуқуқ ба ном, насаб, шаъну шараф;

D) Ҳуқуқ ва вазифаи тарбия кардани кӯдакон баҳри риоя кардани қонунҳо;

47. Молу мулки умумии ҳамсарон:

A) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд;

B) Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ба даст овардаанд;

C) Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ҷамъ карданд, чизҳои истифодабарии шахсӣ;

D) Молу мулке, ки пеш аз никоҳ аз они ҳар кадоме аз ҳамсарон буд, чизҳои истифодабарии шахсӣ;

48. Дар кадом ҳолат алимент ситонида мешавад?

A) Дар ҳолати кӯдакон эҳтиёҷоти моддӣ доранд;

B) Ҳангоми талоқ, ҳангоми аз озодӣ маҳрум шудани яке аз ҳамсарон;

C) Рӯй гардондани падару модар аз иштирок дар тарбияи фарзанд, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудан, бо қарори суд ҳангоми талоқ;

D) Бо қарори суд;

49. Чӣ гуна кӯдаконро ба фарзандхонӣ қабул кардан мумкин аст?

A) Кӯдаконе, ки падару модарашон имконияти моддӣ надоранд;

B) Кӯдаконе, ки яке аз падару модарашон дар маҳкама маҳбасанд;

C) Бепарасторон, маъюбон;

D) Сағир (бепарастор), кӯдаконе, ки падару модар аз тарбияи онхо рӯй гардонидаанд ва ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд;

50. Ҳуқуқи меҳнатӣ чист?

A) Соҳаи ҳуқуқи ҶТ;

B) Фанни таълимӣ;

C) Соҳаи омехтаи ҳуқуқ;

D) Соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятии меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқамандро танзим мекунад;

51. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ:

A) Конститутсияи ҶТ; Қонун ва санадҳои зерқонунӣ;

B) Конститутсия, фармонҳо, қарорҳо;

C) Конститутсия, кодексу қонунҳо доир ба меҳнат;

D) Конститусия, кодекси меҳнат, қонунҳо, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, оинномаҳо, шартномаи коллективӣ ва созишномаҳо;

52. Шаклҳои шартномаи меҳнатӣ:

A) Хаттӣ, шифоҳӣ;

B) Хаттӣ, расмӣ;

С) Шифоҳӣ, воқеӣ;

D) Расмӣ, хаттӣ;

53. Шартҳои асосии шарномаи меҳнатиро номбар кунед:

A) Зарурӣ, алтернативӣ;

B) Зарурӣ, иловагӣ;

С) Алтернативӣ, омехта;

D) Омехта, зарурӣ;

54. Навъҳои шартномаи меҳнатӣ:

A) Навъҳои муайян;

B) Номуайян; муайян на бештар аз 5 сол; барои вақти иҷрои кори муайян, барои иҷрои корҳои мавсимӣ;

C) Номуайян; барои иҷрои кори муайян;

D) Муҳлатнок; мавсимӣ;

55. Вақти корӣ ва навъҳои он:

A) Муътадил, ба меъёр гирифтанашуда; кӯтоҳ;

B) Муътадил, нопурра;

C) Муътадил, номуътадил, нопурра,

D) Муътадил, кӯтоҳ, нопурра;

56. Навъҳои вақти истироҳат кадомҳоянд?

A) Рухсатии ҳарсола, рӯзҳои истироҳатӣ, Наврӯз;

B) Танаффус дар вақти кор; рӯзҳои ид; рухсатии иловагӣ;

C) Танаффус дар вақти кор, танаффуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатии ҳарсола;

D) Танаффус байни бастҳои корӣ, 1-уми май, 7-уми ноябр, 1-уми январ; рухсатии ҳарсола;

57. Муҳлати рухсатии шахси ноболиғ:

A) Як моҳи тақвимӣ;

B) 28 рӯз;

С) 33 рӯз;

D) 14 рӯз;

58. Навъҳои ҷавобгарии интизомӣ:

A) Аз рӯйи устав, умумӣ;

B) Аз рӯйи тобеият, махсус, умумӣ;

С) Умумӣ, махсус;

D) Махсус, аз рӯйи қонун;

59. Чораҳои ҷазои интизомӣ кадомҳоянд?

A) Огоҳӣ, танбеҳ, аз кор озод кардан;

B) Танбеҳ, танбеҳи сахт;

C) Сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ, аз вазифа озод кардан;

D) Ҷарима, огоҳӣ;

60. Кодекси меҳнати ҶТ кай қабул шудааст?

А) 23-юми июли соли 2016;

В) 20-уми декабри соли 2000;

С) 1-уми январи соли 1991;

D) 27-уми марти соли 2015

61. Ҳуқуқи кишоварзӣ чист?

A) Маҷмуи меъёрҳои махсусгардонидашудаи комплексие, ки муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки аз фаъолияти кишоварзӣ бар меоянд, танзим мекунад;

B) Соҳаи мустақили ҳуқуқ;

C) Соҳаи комплексии ҳуқуқ;

D) Фанни илм;

62. Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ кадомҳоянд?

A) Оинномаи колхоз, фармонҳо;

B) Конститутсия, Кодексҳои замин, об, маданӣ, қонуни ҳоҷагии деҳқонӣ, хоҷагии ёрирасон ва ғ.;

C) Конститутсия, Кодекси замин, Кодекси оила;

D) Оинномаи хоҷагии деҳқонӣ, шартномаи меҳнатӣ, протоколҳо;

63. Заминистифодабарандагон киҳо мебошанд?

A) Колхозу совхозҳо;

B) Шахсони воқеӣ ва хориҷӣ;

С) Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

D) Шахсони воқеӣ ва давлат;

64. Чанд навъи заминистифодабарандагон вуҷуд доранд?

A) Заминистифодабарандагони якуминдараҷа ва дую-миндараҷа;

B) Иҷоракорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ;

C) Колхозҳо ва совхозҳо;

D) Давлат ва кооперативҳо;

65. Хоҷагии деҳқонӣ чист?

А) Субъекти мустақили хоҷагидориест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба 318 узви он тааллуқдошта ташкил медиҳад;

B) Субъекти мустақили хоҷагидорӣ буда, барои истеҳсо-ли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешавад;

C) Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ буда, барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад;

D) Дорои вазъи колхоз мебошад;

66. Шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ кадомҳоянд?

A) Инфиродӣ ва коллективӣ;

B) Воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

C) Соҳибкории инфиродӣ, соҳибкории оилавӣ, шакли ширкати одӣ;

D) Инфиродӣ, коллективӣ, шахсӣ;

67. Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» кай қабул шудааст?

А) 1-уми январи соли 1980;

В) 9-уми сентябри соли 1991;

С) 17-уми августи соли 2014;

D) 8 -уми декабри соли 2003;

68. Мафҳуми ҳуқуқи гумрукӣ:

A) Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустакили комплексии ҳуқуқӣ;

B) Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ташкил ва фаъолияти мақомоти гумрукӣ ба танзим медарорад;

C) Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқи ҶТ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқукие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ танзим мекунад;

D) Ҳуқуқи гумрукӣ соҳаи комплексӣ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки тавассути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ доир ба ҷойивазкунии мол ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳадди гумрукӣ миёни субъектҳо, гузаронидани барасмиятдарорӣ, назорат ва рӯёнидани пардохтҳоро ба танзим медарорад;

69. Таркиби муносибатҳои гумрукӣ кадомҳоянд?

A) Субъект, объект, брокер;

B) Субъектҳои махсус, объектҳои махсус, амалӣ гардонидани фаъолияти субъектҳо ва объектҳо;

C) Мазмун ва таркиб;

D) Таркиб ва объект;

70. Дар амалигардонидани фаъолияти гумрукӣ кадом мақомот нақши асосӣ дорад?

А) Мақомоти андоз;

B) Нозироти андоз;

С) Қӯшунҳои сарҳадӣ;

D) Мақомоти гумрук;

71. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзия ба кадом ҳокимият ҷудо мешавад?

A) Прокуратура, милитсия, амният;

B) Қонунгузор, иҷроия, судӣ;

C) Қонунгузор, иҷроия, судӣ, ахбори омма;

D) Президент, Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, мақомоти маҳаллӣ;

72. Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ кадомҳоянд?

A) Конститутсия, амри Президент, қарори Ҳукумат;

B) Санадҳои мақомоти давлатӣ, санадҳои судӣ, протоколи ҳуқуқвайронкунӣ;

C) Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ;

D) Қонунҳо, санадҳои прокурорӣ, милиса, гумрук, андоз;

73. Ҳуқуқи маъмурӣ кадом муносибатҳоро танзим мекунад?

A) Идоракунӣ;

B) Амрдиҳӣ;

С) Иҷроия;

D) Байни шахсони мансабдор;

74. Субъектҳои ҳуқуқи маъмурй ба кадом гурӯҳ ҷудо мешавад?

A) Инфиродӣ, коллективӣ;

B) Субъективӣ, объективӣ;

С) Шаҳрванд, давлат;

D) Давлат, ҷамъият;

75. Шахсони воқеӣ киҳоянд?

A) ҶДММ, шаҳрвандон, давлат;

B) Шаҳрвандон, шахсони воқеӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ;

C) Шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахси бешаҳрванд;

D) Шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахси ҳуқуқӣ;

76. Қобилияти ҳуқуқдории маъмурии шаҳрванд чист?

A) Доштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хислати маъмуриву ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад;

B) Доштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ;

C) Қобилияти бо амали ҳуд ба даст овардани ҳуқуқу уҳдадориҳои маъмуриву ҳуқуқӣ;

D) Доштани ҳуқуқи баробар ба хизмати давлатӣ;

77. Сарвари ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) кист?

A) Сарвазир;

B) Президент;

С) Раиси Ҳукумат;

D) Раиси Маҷлиси Олӣ;

78. Салоҳияти ҳокимиити иҷроия (Ҳукумат) кадомҳоянд?

А) Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати доду гирифти қарзӣ, давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳоро таъмин мекунад;

В) Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллии мо, қарорҳои Маҷлиси намояндагони мо, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад;

С) Ҳукумат мувофиқи Контситутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, қарор, таъинот мебарорад ва фармон медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист, қонунҳоро тавсиф мекунад ва ғайра;

D) Роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъмини иҷрои қонунҳо, қарорҳо ва ғайра;

79. Вобаста ба сохтори давлатии Тоҷикистон ва ҳудуди фаъолият мақомоти ҳокимияти иҷроия ба кадом мақомот ҷудо мешаванд?

A) Ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ;

B) Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ;

C) Шаҳрӣ, ноҳиявӣ;

D) Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ;

80. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед:

A) Президент, сарвазир, вазир;

B) Президент, сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;

C) Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия;

D) Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;

81. Мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот чист?

A) Комиҷроияи ноҳия;

B) Раиси деҳот, шаҳрак;

C) Шурои деҳот, шаҳрак;

D) Ҷамоати шаҳрак, Ҷамоати деҳот;

82. Аз синни чандсолагӣ шахс вакили Ҷамоат интихоб мешавад?

A) Аз синни 20-солагӣ;

B) Аз синни 18-солагӣ;

C) Аз синни 17-солагӣ;

D) Аз синни 25-солагӣ;

83. Қонуни ҶТ «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» кай қабул шудааст?

А) 23-уми феврали соли 1993;

В) 20-уми марти соли 2010;

С) 8-уми ноябри соли 2004;

D) 5-уми августи соли 2009;

84. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чист?

А) Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) содиршудаи гунаҳкоронаи субъектони ҳуқуқи маъмурӣ мебошад, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст;

В) Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир кардани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси ҷавобгарии маъмурӣ мешавад;

С) Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир кардани он тибқи тартиби муқарраршуда боиси ҷавобгарӣ мешавад;

85. Ҳуқуқи ҷиноятӣ чист?

A) Соҳаи мустақили комплексии ҳуқуқӣ;

B) Соҳаи комплексии ҶТ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҷиноят ба танзим медарорад;

C) Ҳуқуқи ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат мебошад, ки ҷиноят будани кирдори барои ҷамъият хавфнок ва татбиқ кардани ҷазо, инчунин асос, шарт ва тартиби ҷавобгарӣ, таъин ва озод кардан аз ҷазо мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ ва ислоҳу азнавтарбиякунии маҳкумшудагон ва амсоли онҳоро танзим мекунанд;

86. Принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ кадомҳоянд?

A) Қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондӯстӣ, демократизм;

B) Қонуният, инсондӯстӣ, демократизм, интернатсиона-лизм, ватандӯстӣ;

C) Баробарӣ дар назди қонун, инсондӯстӣ, гуманистӣ, демократизм;

D) Башардӯстӣ, демократизм, ватандӯстӣ, гунаҳкорӣ;

87. Кодекси ҷиноятӣ кадом сол қабул шудааст?

А) 1-уми сентябри соли 1995;

В) 25-уми декабри соли 1994;

С) 9-уми сентябри соли 1997;

D) 21-уми майи соли 1998;

88. Кодекси нави ҷиноятӣ аз чанд фасл, боб ва модда иборат аст?

А) 16 фасл, 20 боб, 400 модда;

С) 10 фасл, 20 боб, 500 модда;

В) 15 фасл, 34 боб, 405 модда;

D) 15 фасл, 30 боб, 350 модда;

89. Ҷиноят чист?

A) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳкоронаи барои ҷамъият хавфнокеро, ки барои он қонун ҷазо муқаррар кардааст, ҷиноят меноманд;

B) Ҷиноят кирдори ба ҷомеа хавфнок аст;

C) Ҷиноят кирдорест, ки лоиқи ҷазост;

D) Ҷиноят кирдори зиддиҳуқуқиест, ки барои ҷамъият хавфнок аст;

90. Аломатҳои ҷиноят кадомҳоянд?

A) Гунаҳкорӣ, зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкунӣ;

B) Хавфнокӣ, зиддиҳуқуқӣ, гунаҳкорӣ, сазовори ҷазо;

C) Инсондӯстӣ, қонуният, гунаҳкорӣ ва ғ.;

D) ба қонун манъшуда, зиддиҳуқуқӣ, сазовари ҷазо буда;

91. Шаклҳои шарикӣ дар ҷиноят мувофиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ.

A) Гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ва гурӯҳи ашхос бе маслиҳати пешакӣ, дастаи ҷинояткорон;

B) Иштирокчиён ва шарикӣ бо тақсим кардани ролҳо;

C) Иҷрокунанда, ташкилкунанда, ёрдамчӣ;

D) Гурӯҳи ашхос бе маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ).

92. Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии ҷиноиро истисно мекунанд?

A) Мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ, самимона пушай-мон шудан;

B) Дастгир кардани ҷинояткор, мудофиаи зарурӣ, зару-рати ниҳоӣ;

C) Мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ, бо ихтиёри худ даст кашидан аз содир кардани ҷиноят;

D) Мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ, расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, маҷбуркунии ҷисмонӣ ё руҳӣ, таваккали асоснок; иҷрои фармон ё амр;

93. Ҷазо чист?

A) Ҷазо чораи маҷбуркунӣ ва тарбиявӣ дорад;

B) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад.

C) Ҷазо воситаи махсусест, ки ҷинояткор ба воситаи та-тбиқи он тарбия карда мешавад;

D) Ҷазо чораи дар қонун муқарраршуда буда, мақсади тарбияи шахсро дорад;

94. Навъҳои ҷазои ҷиноятӣ:

A) Маҳрум кардан аз озодӣ; огоҳӣ; бо подош мусодира кардани воситаи нақлиёт; ҷазои қатл;

B) Маҳрум кардан аз озодӣ, танбеҳи ҷамъиятӣ, огоҳӣ, корҳои ислоҳкунӣ, аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум кардан, бадарға ба ҷойи муайян;

C) Маҳрум кардан аз озодӣ, шартан маҳкум кардан, ҷа-зои қатл, танбеҳи ҷамъиятӣ;

D) Корҳои ҳатмӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, мусодираи молу мулк, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл;

95. Нисбати ноболиғон кадом ҷазоҳои ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад?

A) Танбеҳи ҷамъиятӣ, ҷарима, маҳрум кардан аз озодӣ;

B) Маҳрум кардан аз озодӣ, танбеҳи ҷамъиятӣ, бадарға ба ҷойи муайян, бадарға аз ҷойи муайян, ҷарима;

C) Ҷарима, мусодираи молу мулк, танбеҳи ҷамъиятӣ, корҳои ислоҳкунӣ;

D) Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ;

96. Кодекси ҷиноятӣ аз чанд қисм иборат аст?

A) Аз се қисм;

B) Аз ду қисм;

С) Аз ду қисм 5 ва панҷ фасл;

D) Аз чор қисм;

97. Аз синни чандсолагӣ шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад?

A) 15-солагӣ;

B) 20-солагӣ;

C) 14-солагӣ;

D) 16-солагӣ ва барои баъзе навъҳои ҷиноятхо аз 14-солагӣ;

98. Нишонаҳои қонуният:

A) Ягонагии қонун, волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, ҳатмӣ будани талаботи қонун, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;

B) Ягонагии қонун, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ;

C) Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, ногузирии ҷазо;

D) Волоияти қонун, ягонагии қонун, интихобӣ будани шахсони мансабдор;

99. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед:

A) Суди конститутсионӣ, суди ҳакамӣ, Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе;

B) Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии ҳарбӣ, прокуратура;

C) Прокуратура, вазорати умури дохилӣ, Суди консти-тутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ;

D) Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисо-дӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳияҳо.

100. Суди конститутсионӣ аз чанд нафар судя иборат аст?

A) Аз 7 судя; С) Аз 5 судя; B) Аз 9 судя; О) Аз 11 судя;

101. Муассисаҳои ҳуқуқиеро, ки ба Вазорати адлия тобеъ мебошанд, номбар кунед:

A) Прокуратура, САҲШ, нотариат;

B) Иттифоқи касаба, САҲШ, нотариат;

C) САҲШ, нотариат, муассисаҳои иҷрои ҷазо, нашри-ёти «Қонуният», Донишкадаи такмили ихтисос;

D) Прокуратура, нашриёти «Қонуният», Донишкадаи такмили ихтисос;

102. Прокурори генералӣ дар назди кӣ масъул мебошад?

A) Маҷлиси Олӣ;

B) Раиси Маҷлиси Олӣ;

C) Президент ва Вазорати корҳои дохилӣ;

D) Маҷлиси миллӣ ва Президент;

103. Санадҳои прокуратураро номбар кунед:

A) Амри прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор;

B) Амри прокурор, эътирози прокурор, қарори прокурор, пешниҳоди прокурор;

C) Қарори прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор;

D) Эътирози прокурор, хулосаи айбдоркунанда, қарори прокурор, амри прокурор, пешниҳоди прокурор;

104. Мафҳуми милитсияро шарҳ диҳед:

A) Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинишударо ба кор барад;

B) Мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави ҶТ назорат мекунад;

С) Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби ҳама, назорат ба риояи ҳуқуқу озодихои инсон ва шаҳрванд, назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин, мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию чустуҷӯйӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

D) Ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, пешгирии рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯйи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва ҳоказо;

105. Кадом мақомот ёрии ҳуқуқиро таъмин мекунад?

А) Суд, адвокатура, прокуратура;

В) Адвокатура, суд;

С) Адвокатура;

D) Ҳукумати маҳаллӣ;

106. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул гардидааст?

А) 26-уми июли соли 2014;

В) 8-уми июни соли 2007;

С) 6-уми ноябри соли 1994;

D) 22-юми июни соли 2003;

107. Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳалли кадом масъалаҳо иборат аст?

А) Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст;

В) Мақсади Қонуни номбурда аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст;

С) Назорат доир ба танзими ҷашну маросимҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

D) Садди роҳи исрофкорию хароҷоти зиёд дар тӯйу маърака ва маросимҳои азодорӣ;

108. Мафҳумҳои асосиеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд, ишора кунед:

A) Комиссияҳои доимии маҳаллӣ, ҷашнҳои расмӣ;

B) Танзиму анъана, маросим, зодрӯз, зиёфат;

C) Хатнасур, зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ;

D) Анъана, маросим ва ҷашн;

109. Ҷашнҳои расмӣ кадомҳоянд?

А) Ҷашнҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар ҷашнҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд;

B) Ҷашнҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон, зодрӯз ва ғайра;

C) Соли нав, Наврӯз, хатнасур, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ;

D) Идҳои Рамазон, Қурбон, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯйҳои расмии домодию арӯсӣ;

110. Вақти баргузории ҷашну маросимҳоро аниқ кунед:

A) Аз соати 6 то соати 23;

B) Аз соати 18 то соати 23;

C) дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23

D) аз соати 8 то соати 23;

111. Давомнокии тӯйу маъракаҳоро муайян кyнед:

А) Се соат;

В) Ду соат;

С) Аз субҳ то бегоҳ;

D) Бе маҳдуд;

112. Шахсоне, ки қонунгузории танзиму анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон кардаанд, тибқи кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

A) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»;

B) Кодекси меҳнат, Кодекси маданӣ;

C) Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурӣ;

D) Конститутсия, Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси мурофиаи маданӣ;

113. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кай қабул шудааст?

А) 8-уми июни соли 2007;

В) 26-уми сентябри соли 1999;

С) 2-уми августи соли 2011;

D) 1-уми январи соли 2013;

114. Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз чӣ иборат аст?

А) Барои пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад;

B) Барои ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода кардани ӯ;

C) Таълиму тарбияи фарзанд;

D) Ҳифзи манфиатҳои кӯдак;

115. Вақти шабона чист?

A) Аз соати 20:00 то соати 06:00;

B) Аз 22-юми март то 22-юми сентябр аз соати 22:00 то соати 05:00 ва аз 22-юми сентябр то 22-юми март аз соати 20:00 то соати 06:00;

C) Аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1-уми октябр то 31-уми март аз соати

D) 20:00 то соати 06:00;

E) Аз 1-уми март то 30-юми сентябр аз соати 22:00 то со-ати 05:30 ва аз 1-уми октябр то 1-уми март аз соати 20:00 то соати 06:00;

116. Марказҳои дилхушӣ кадомҳоянд?

A) Клубҳои шабона, тарабхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, интернет-кафеҳо;

B) Дискоклубҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ, марказҳои бозиҳои шавқовар ва боғҳо;

С) Марказҳои бозиҳои бурднок ва шавқовар, тарабхонаҳо, майдончаҳои назди биноҳои истиқоматӣ, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва тӯйхонаҳо;

D) Клубҳои шабона, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд;

117. Васӣ ва парастор кист?

A) Шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайриқобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;

B) Падару модар, омӯзгор, намояндаи қонунии кӯдак, шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайриқобили амал аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ таъин шудаанд;

C) Шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин шудаанд;

D) Шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайри қобили амал, маъюб ва бепарастор, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;

118. Чӣ навъи ҷавобгарӣ ба шахсоне, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъуланд, нисбат ба онҳо пешбинӣ шудааст?

A) Ҷавобгарии меҳнатӣ, ҷавобгарии маданӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ;

B) Ҷавобгарии маъмурӣ, ҷавобгарии ахлоқӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ;

C) Ҷавобгарии маданӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ;

D) Ҷавобгарии интизомӣ, ҷавобгарии меҳнатӣ, ҷавобгарии маъмурӣ.

Реклама