Мувофиқи «Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 30-юми сентябри соли 2021, № 413 тасдиқ кардааст, Вазорати адлия мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъмини ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳоеро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин мекунад.
Вазифаҳои асосии вазорати мазкур иборатанд аз:
– таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлат дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ; иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст; баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии онҳо; пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта; дар доираи ваколатҳои худ таъмини фаъолияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ; Инчунин, амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ; таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ; гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура; роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ; таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ; такмили тахассуси кадрҳои ҳуқуқшинос бо дар назар доштани талабот ва меъёрҳои замонавӣ; таъсиси комиссияи тахассусӣ барои ҳал кардани масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он; баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳо.
Муҳимтарин самти фаъолияти Вазорати адлия амалӣ кардани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқист. Баъдан мутахассисони вазорат ба лоиҳаи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод менамоянд, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро сабти ном мекунанд, инчунин, шартномаҳои гаравро ба қайд мегиранд.
Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгоҳи марказӣ, сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, саридораи нотариалии давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шуъба-хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин, номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазоратро маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, донишкадаи такмили ихтисос, корхонаи воҳиди давлатии «Қонуният» ва муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ташкил медиҳанд.
Реклама