§5.10. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ МОЛУМУЛКИИ ПАДАРУ МОДАР, ФАРЗАНДОН ВА АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА

Чунин муносибатҳо на танҳо мувофиқи ҳуқуқи оилавӣ, балки тибқи ҳуқуқи маданӣ ҳам танзим мегарданд. Агар меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ муносибатҳои алиментии онҳоро ба тартиб дароранд, санадҳои ҳуқуқи маданӣ дигар муносибатҳои молумулкии онҳоро танзим мекунанд. Падару модар ва фарзандон байни худ ҳар гуна аҳд баста метавонанд. Масалан, шартномаи қарз, хариду фурӯш, туҳфа ва ғайра.

Падару модарон ва фарзандон ворисони ҳамдигаранд.

Молу мулки падару модар ва фарзандон алоҳида мебошад. Ҳангоми дар ҳаёт будани падару модар, фарзандон ба молу мулки онҳо ҳуқуқ надоранд. Падару модар низ ба молу мулки фарзандон ҳуқуқ надоранд, гарчанде аз молу мулки ҳамдигарӣ истифода мебаранд. Фарзанд аз даромади бадастовардаи худ, молу мулки ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият доштан мебошад.

Агар дар оилаи шаҳрӣ моликияти якҷояи умумӣ танҳо байни ҳамсарон пайдо шавад, дар хоҷагии деҳқонӣ, дар деҳот ва ҳоҷагии ёрирасони шахсӣ байни ҳамаи аъзои он чунин моликият ба миён меояд. Дар хоҷагии деҳқонӣ ва хоҷагии ёрирасон фарзандони ноболиғи оила низ субъекти ҳуқуқи моликияти умумии якҷоя мебошанд.

Вазифаи падару модар фақат бо иҷрои корҳои тарбиявӣ ба охир намерасад. Онҳо уҳдадоранд, ки фарзандони ноболиғ ва инчунин, ба балоғат расидаи қобилияти меҳнат надошта ва муҳтоҷи ёрӣ будаи худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунанд.

Агар онҳо аз иҷрои ин вазифаҳои ҳатмии худ саркашӣ намоянд, аз чунин падару модарон ба воситаи суд алимент рӯёнида мешавад.

Алимент барои фарзандони ноболиғ аз падару модар то синни 18-солагии фарзанд ҳар моҳ ба миқдори зерин рӯёнида мешавад: барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се ва зиёда аз он нисфи музди кор (даромад). Ҳаҷми алимент бо дарназардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ имкон дорад аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шавад. Агар кӯдак таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошад, суд ҳақ дорад андозаи алиментро кам кунад ё шахсро аз пардохти он озод намояд.

Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯйи таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 ва 24-солагӣ расиданашон, аз падару модар алимент ситонад. Андозаи алимент ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо дарназардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

Аз додани алимент қасдан саркашӣ кардан, ҷиноят ҳисоб меёбад. Қонун ба масъалаи сари вақт додани алимент барои таъмини фарзандон ва дигар аъзои оила эътибори махсус медиҳад. Дар ин хусус тартиб додан ва рӯёнидани алимент аҳаммияти калон дорад.

Алиментдиҳӣ ё рӯёнидани он яке аз масъалаҳои муҳим ва нозуки қонун мебошад. Аз рӯйи қоидаи умумӣ, алимент аз вақти ба суд бо даъво муроҷиат кардан ва барои дар оянда рӯёнидани он муқаррар карда мешавад. Агар дар суд муайян шавад, ки даъвогар пеш аз ин барои гирифтани алимент чораҳо дида, аммо бо гуноҳи шахси уҳдадор онро гирифта натавонистааст, пас суд метавонад алиментро низ баъд аз се соли гузашта ҳам рӯёнад. Агар ҷавобгар баъд аз баровардани ҳалнома дар бораи рӯёнидани алимент ғайб зада бошад, он гоҳ алимент барои тамоми замони гузашта, сарфи назар аз болиғ шудани алиментгиранда, рӯёнида мешавад.

Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи қобилияти меҳнат надошта ва ба ёрӣ муҳтоҷашонро низ нигоҳубин намоянд, яъне ба онҳо алимент диҳанд. Ҳангоми муқаррар кардани миқдори алименте, ки барои чунин фарзандон рӯёнида мешавад, суд шароити моддӣ ва оилавии падару модарон ва фарзандони ба ёрӣ муҳтоҷро ба эътибор гирифта, маблағи устувори ҳар моҳ додашавандаро муайян мекунад.

Ғамхорӣ дар ҳаққи падару модар, ёрӣ расонидан ва дастгирӣ кардани онҳо қарз ва вазифаи муқаддаси фарзандон аст. Ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи ахлоқӣ, қарзи виҷдонӣ ва хислати наҷиби аъзои ҷамъият мебошад. Аммо фарзандоне низ ёфт мешаванд, ки аз иҷрои ин вазифа саркашӣ мекунанд. Қонун чунин фарзандони ба балоғат расидаро уҳдадор мекунад, ки дар ҳаққи падару модари худ ғамхорӣ намоянд, онҳоро дар вақти ғайри қобили меҳнат шуданашон (агар муҳтоҷи ёрӣ бошанд), аз ҷиҳати моддӣ ҳам нигоҳубин кунанд. Дар ин ҳангом суд аҳволи моддиву оилавии падару модарон ва фарзандонро ба эътибор гирифта, барои ҳар моҳ ба миқдори муайян додани алимент ҳалнома мебарорад. Дар вақти муайян намудани миқдори алимент ҳамаи фарзандон ба эътибор гирифта мешаванд.

Фарзандоне, ки аз рӯйи ҳалномаи суд барои таъминоти падару модарони қобилияти меҳнатӣ надошта, бояд ёрӣ мерасониданд, ҳангоми бе сабабҳои узрнок иҷро накардани ин вазифаҳояшон, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Ҳамсарон, падару модарон ва фарзандон байни худ бо муносибатҳои наздиктарини хонаводагӣ вобастаанд. Бинобар ин, вазифаи нигоҳубини аъзои ба ёрӣ муҳтоҷи оила, пеш аз ҳама, ба зиммаи онҳо гузошта шудааст. Ҳангоми аз ҳамсар, падару модар ё фарзандон гирифта натавонистани кумаки моддӣ, иҷрои ин вазифа ба зиммаи дигар узви оила гузошта мешавад. Ба ин гурӯҳ бобо, модаркалон, набера, бародарону хоҳарон, тарбиятгарону тарбиятгирандагони воқеӣ, падару модари ӯгай, писару духтари ӯгай дохил мешаванд. Аммо на байни ҳамаи онҳо ҳуқуқу вазифаҳои шахсии ғайримолумулкӣ пайдо мешаванд. Танҳо байни бобо, модаркалон нисбат ба набераҳо, тарбиятгарони воқеӣ нисбат ба тарбиятгирандагон (падару модар)-и ӯгай нисбат ба фарзандони ӯгай ҳуқуқу уҳдадориҳо пайдо мешаванд.

Ҳуқуқу уҳдадории алиментии дигар аъзои оила ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) байни бобо, модаркалон, набера;

б) байни бародарону хоҳарон;

в) байни падар (модар)-и ӯгай, писар (духтар)-и ӯгай;

г) байни тарбиятгарони воқеӣ ва тарбиятгирон.

Реклама