§6.6. ВАҚТИ КОРӢ ВА НАВЪҲОИ ОН

Фаъолияти кории инсон ба монанди тамоми ҳаёти ӯ дар доираи вақт мегузарад. Ченаки асосии сарфи меҳнати кормандон маҳз вақти корӣ мебошад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқ вақти корӣ доираи вақти бо қонун муқарраршудаи вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор, ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро кунад. Вақти корӣ метавонад муътадил, кӯтоҳ ва нопурра бошад. Вақти кори муътадил мувофиқи Кодекси меҳнатӣ дар як ҳафта 40 соат мебошад. Вай ба тамоми кормандон, ғайр аз коркуноне, ки мувофиқи қонун барои онҳо вақти кори кӯтоҳ муқаррар карда шудааст, татбиқ карда мешавад.

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо дарназардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити кор, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо давомнокии кӯтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Ба чунин шахсон кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд; занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд; кормандони маъюб ва кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд, аз ҷумла духтурон, омӯзгорон ва шахсони дигаре, ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ ва асабӣ алоқаманд аст, дохил мешаванд. Давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ барои чунин шахсон на бештар аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад, ҳамзамон, барои шахсоне, ки дар басти шабона кор мекунанд, вақти корӣ як соат кӯтоҳ муқаррар карда мешавад.

Барои баъзе гурӯҳи алоҳидаи кормандон метавонад вақти нопурраи кор муқаррар карда шавад. Чунин вақти корӣ дар асоси созиши корманд ва корфармо муқаррар гардида дар вақти қабул ба кор ё дар вақти иҷрои кор муайян карда мешавад. Вақти кори нопурра барои манфиати шахсоне муқаррар карда мешавад, ки бо ягон сабаб ба вақти пурраи корӣ машғул шуда наметавонанд. Мувофиқи қонунгузории меҳнат ба занони ҳомила, заноне, ки фарзанди то чордаҳсола ё кӯдаки маъюб доранд, мувофиқи хулосаи тиббӣ узви бемори оиларо нигоҳубин мекунанд, дар асоси аризаи онҳо корфармо вазифадор аст, ки рӯзи нопурраи кор ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар кунад. Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи корӣ давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар бошад. Агар меъёри муътадили вақти кор 40, 35, 24 соат бошад, пас меъёри вақти нопурраи кор набояд аз нисфи меъёри муътадили вақти кор кам бошад. Дар ҳама ҳолат андозаи музди он давра аз андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат кам буда наметавонад. Дар баробари ин, кор дар шароити вақти нопурраи корӣ барои кормандон боиси ягон хел маҳдудияти муддати рухсатии ҳарсола, собиқаи меҳнатӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ шуда наметавонад.

Реклама