§1.3. МАФҲУМ, АЛОМАТ ВА НАМУДҲОИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

Ташкилоте, ки дар моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ва ҳуқуқи оперативии идоракунии молу мулки алоҳида дорад, аз рӯйи уҳдадориҳои худ ба ин молу мулк масъул аст, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад ва амалӣ кунад, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад (моддаи 48 Кодекси маданӣ). Шахсони ҳуқуқӣ вазифа ва функсияи худро ҳамчун субъекти муносибатҳои маданӣ ба амал мебароранд. Корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳо ва амсоли онҳо ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Барои шахси ҳуқуқӣ эътироф шудан ташкилот бояд дорои аломатҳои муайян бошад. Ин аломатҳо чунинанд:

а) ягонагии ташкилӣ. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ аз коллективи меҳнатӣ иборат буда, сохтори муайяни дохилӣ (қисми таркибӣ, филиал ва ғайра.) дорад, тартиби идоракунӣ, истифодабарии молу мулк, фаъолияташро мувофиқи оиннома ва шартномаи таъсисдиҳӣ ба роҳ мемонад. Ҳамаи ин, дар маҷмуъ, ягонагии ташкилии шахси ҳуқуқӣ мебошад.

б) молу мулки алоҳида доштан. Шахсони ҳуқуқӣ молу мулк, ашё, маблагҳои пулӣ, саҳмия, тавозун ва бароварди мустақил доранд, ки асоси иқтисодии фаъолияти онҳо мебошанд.

в) ҷавобгарии мустақили молумулкӣ. Дорои чунин аломат будан аз мустақилияти молумулкии шахси ҳуқуқӣ ҳосил мешавад. Барои уҳдадорие, ки шахси ҳуқуқӣ дорад, худи ӯ ҷавобгар мебошад. Вай ин уҳдадориро дар назди қарздиҳанда аз ҳисоби воситаҳои худ иҷро мекунад.

г) дар муомилоти маданӣ аз номи худ баромад кардан. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ дорои ном, номи фирмавӣ ва тамғаи молӣ мебошад. Дар муомилоти маданӣ аз номи худ иштирок кардан ба шахси ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро соҳиб гардад, уҳдадориҳоро баҷо оварда, дар суд, суди ҳакамӣ даъвогар ё ҷавобгар бошад.

Ҳамаи чор аломати номбаршуда дар ягонагӣ ҳуқуқ медиҳанд, ки ин ва ё он ташкилот шахси ҳуқуқӣ эътироф карда шавад. Шахсони ҳуқуқӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ мебошанд. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шахси ҳуқуқӣ дар як вақт ба вуҷуд омада ва дар як вақт қатъ мегардад. Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайд гирифтани оиннома ё шартномаи таъсиси он ба вуҷуд меояд.

Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ умумӣ ва махсус мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории умумӣ хусусияти истисноӣ дошта, танҳо ба ташкилотҳои тиҷоратии ғайридавлатӣ татбиқ мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории махсус ба ташкилотҳои тиҷоратии давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ дахл дорад. Шахси ҳуқуқӣ бо амалҳои худ ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандиро ба даст меоварад, онҳоро тағйир медиҳад, амалӣ ва иҷро мекунад, ки ин мазмуни қобилияти амалкунии онро ташкил медиҳад. Шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба шакли моликият ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ (хусусӣ) ҷудо мешаванд. Ба шахсони ҳуқуқии давлатӣ корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ дохил мешаванд.

Реклама