§11.2. ВАЗИФАИ МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГӢ ВА ИҶРОИЯ ДАР ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

Дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва мақомоти маҳаллӣ калон аст. Хусусан, дар солҳои охир фаъолияти мақомоти намояндагӣ дар ин масъала хеле ҷоннок шудааст. Ваколатҳои назоратии мақомоти маҳаллӣ ба корхона ва муассисаҳое, ки дар ҳуду- ди онҳо воқеанд, васеъ карда шуда, фаъолияти онҳо дар ин самт пурзӯр шудааст. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ба риояи қонунҳо назорат карда, барои муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, моликияти ташкилоту корхонаҳо, шаҳрвандон ва пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ҳоло дар назди мақомоти намояндагӣ комиссияҳои доимии қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон амал мекунанд, ки онҳо дорои чунин ваколатҳо мебошанд:

  • баробарҳуқуқии дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон сабтшудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин мекунад;
  • риоя шудани қонунҳо, муҳофизати тартиботи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, созмонҳои кооперативӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар ҳудуди худ таъмин мекунанд;
  • барои беҳтар кардани шароити кору фаъолияти судҳо, мақомоти прокуратура, инчунин, адвокатура чораҳо меандешанд; барномаҳои фарогири чораҳои пешгирӣ кардани қонуншиканӣ ва самтҳои асосии фаъолияти мақомот ва созмонҳои ҷамъиятиро доир ба мустаҳкам кардани қонуният ва тартибот бо дарназардошти вазъи ҷинояткорӣ таҳия мекунанд;
  • дар ҳолати офатҳои табиӣ, эпидемия, сӯхтор ва вай-ронкуниҳои оммавии тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои махсуси пешбининамудаи қонунро доир ба таъмини бехатарии шах- сии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқии онҳо, муҳофизати моликият ва тартиботи ҳуқуқӣ ба амал мебароранд.

Мақомоти маҳаллӣ ва комиссияҳои доимии онҳо расонидани ёрии ҳуқуқиро барои аҳолӣ ташкил мекунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон машғул мешаванд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои доимӣ рафтори роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, муҳокима шуда, доир ба бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар кори таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақши калон мебозад.

Ба зиммаи ин комиссияҳо пешгирӣ кардани қонуншикании ноболиғон, муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, таъмин кардани ноболиғон бо кор ва дигар масъалаҳои марбут ба ноболиғон гузошта шудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ин комиссияҳо баррасӣ мешавад, рафтори наврасоне мебошад, ки бе назорати падару модар мондаанд ва дар ҳеҷ ҷо кор намекунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон месозанд. Комиссияҳо якҷоя бо фаъолони корхонаву муассисаҳо ва вакилони халқ ба наврасони муҳтоҷи ёрӣ кумак мекунанд, яъне онҳоро ба мактаб-интернатҳо ё дигар муассисаҳои бачагона ҷойгир месозанд; агар падару модарони онҳо муҳтоҷи ёрии моддӣ бошанд, ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Бидуни ризояти комиссия ягон нафар мактаббачаро аз мактаб ва ноболиғро аз кор рондан мумкин нест. Комиссияи ҳуқуқи кӯдак доир ба ноболиғоне, ки ба онҳо чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ натиҷа намебахшанд, дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ барои татбиқ намудани чораҳои маҷбуркунӣ масъала мегузорад, аз ҷумла ноболиғро аз оила гирифта, дар муассисаи махсуси таълиму тарбия ҷойгир мекунад.

Мувофиқи низомнома, Комиссияи ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад, ки чораҳои таъсиррасонии зеринро истифода барад: гунаҳкорро водор кунад, ки дар назди омма ё дар шакли дигар аз ҷабрдида узр пурсад; ба ӯ танбеҳ ё танбеҳи қатъӣ эълон кунанд; огоҳӣ дода, муҳлати яксолаи озмоишӣ муқаррар кунанд; бо мақсади муҳокима кардан ва чораҳои дахлдор андешидан, асноди ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҷойи таҳсил, кор ё истиқоматашон фиристонанд; ноболиғонро ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба кафолат диҳанд; кӯдакону наврасонро ба муассисаҳои махсуси табобату тарбия фиристонанд.

Реклама