§1.6. ШАРТНОМА ВА НАВЪҲОИ ОН

Дар ҳаёт шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба муносибатҳои гуногун дохил мешаванд, ки одатан ба иродаю хоҳиши онҳо вобаста аст. Ин муносибатҳо дар асоси созишномаҳои дутарафа ба миён омада ва бо роҳи бастани шартнома ба танзим дароварда мешаванд.

Шартнома гуфта, созиши ду ё якчанд шахсро меноманд, ки боиси муқаррар кардан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ мешавад. Шартнома амалиёти бошууронаи тарафҳо буда, дар он иродаи тарафҳо ифода меёбад. Чунин шакли ифодаёбии иродаи тарафҳо ихтиёрӣ буда, ба ҳеҷ гуна маҷбурият асос намеёбад. Мисол: шартномаи хариду фурӯши молу мулк дар мағоза боиси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва уҳдадорӣ барои харидор ва фурӯшанда мегардад, зеро харидор ҳуқуқ дорад, ки моли дилхоҳашро талаб кунад ва дар навбати худ уҳдадор аст, ки арзиши онро диҳад, фурӯшанда ҳуқуқ дорад арзиши молро аз харидор талаб кунад ва дар навбати худ уҳдадор аст молро ба харидор диҳад. Агар дар вақти хариду фурӯши мол доир ба кам ё зиёд кардани нархи мол дар байни тарафҳо созиш ба миён ояд, он гоҳ ҳуқуқ ва уҳдадории тарафҳо тағйир меёбад. Баробари ба харидор гузаштани ҳуқуқи соҳибмулкии мол ва ба фурӯшанда додани арзиши он, ҳуқуқ ва ухдадориҳои тарафҳо қатъ мешавад. Дар баробари ин, мақсад аз дохил шудан ба муносибатҳои шартномавӣ қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии иштирокчиёни муносибатҳои шартномавӣ мебошад. Маҷмуи шарту шароит, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мушаххаси тарафҳо мазмуни шартномаро ташкил медиҳад, аз ҷумла шумора, сифат, муҳлат ва ғайра. Дар вақти бастани шартнома тарафҳо бояд ризояти худро доир ба онҳо изҳор кунанд. Дар сурати ба вуҷуд наомадани созиш дар байни тарафҳо, шартномаи басташуда эътироф карда намешавад. Шартномаҳо метавонанд яктарафа ва дутарафа, музднок ва бемузд, пешакӣ, оммавӣ, ҳамроҳшавӣ ва ғайра шаванд. Шартномаҳо, вобаста аз тақсими ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, дар байни иштирокчии онҳо ба яктарафа ва дутарафа ҷудо мешаванд. Дар шартномаҳои яктарафа як тараф фақат ҳуқуқ дорад ва тарафи дигар фақат уҳдадорӣ дорад. Мисол, мувофиқи шартномаи қарз қарздиҳанда ҳуқуқи талаб кардани молу мулки ба қарз додашударо дорад ва қарзгиранда уҳдадор аст, ки чизи ба қарз гирифтаашро баргардонад. Дутарафа будани шартнома дар он ифода меёбад, ки ҳар ду тараф нисбат ба якдигар дорои ҳуқуқ ва уҳдадорӣ мебошанд.

Шартнома ҳамон вақт музднок мешавад, ки агар амалиёти як тараф ҳатман ҷавоби молу мулки амалиёти тарафи дигарро талаб кунанд. Аксари шартномаҳои ҳуқуқи маданӣ музднок мебошанд. Чунончи, шартномаҳои маҳсулотсупорӣ, боркашонӣ, хариду фурӯш ва ғайра. Дар шартномаҳои бемузд амалиёти як тараф боиси ҷавобан қонеъ гардонидани талаботи молумулкии тарафи дигар намешавад. Мисол, шахси туҳфакунанда ба ивази туҳфааш чизе намегирад ё дар шартномаи бемузди истифодаи китоб дар китобхонаҳо, аз ҷумла дар китобхонаи мактаб, ҳеҷ хел музд муайян карда нашудааст.

Шартномаҳоро ба шартномаҳои пешакӣ, оммавӣ ва ҳамроҳшавӣ ҷудо мекунанд. Шартномаи пешакӣ тарафҳоро уҳдадор менамояд, ки дар оянда ҳангоми додани молу мулк, иҷрои кор ё расонидани хизмат дар асоси шартҳои дар шартномаи пешакӣ нишондодашуда, қарордод банданд. Чунин шартнома дар шакли хаттӣ баста мешавад.

Шартномаи оммавӣ чунин шартномаест, ки аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ баста шуда, дар он уҳдадории ташкилот доир ба фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат муайян карда мешавад. Чунин муносибатҳо оид ба савдои чакана, таъминоти барқ, доир ба мусофиркашӣ ба воситаи нақлиёти истифодаи умум, хизматрасонии алоқа, тиббӣ ва ғайра ба вуҷуд омада, вобаста ба хусусияти фаъолияти ташкилот нисбат ба ҳар як муроҷиаткунанда анҷом дода мешавад.

Шартномаи ҳамроҳшавӣ чунин шартномаест, ки шарти онро як тараф дар шакли тавсия ё дигар шакли стандартӣ пешниҳод менамояд ва онро тарафи дигар танҳо бо роҳи пурра ҳамроҳ шудан ба шартномаи пешниҳодгардида қабул мекунад (масалан, шартномаи ҳамлу нақл, паймонкории маишӣ, кироя ва ғ.).

Тағйир додан ва қатъ кардани шартнома танҳо бо ризояти тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Дар ҳолатҳои аз иҷрои шартнома қисман ё пурра даст кашидани як тараф (агар ин гуна дасткашӣ бо қонун ё шартнома иҷозат дода шуда бошад), шартнома тағйирёфта ё қатъшуда эътироф карда мешавад. Дар чунин ҳолат, қарори суд талаб карда намешавад. Дар ҳолатҳое, ки дар шартнома ё қонун имконияти тағйир додан ва қатъ шудани шартнома пешбинӣ нашуда бошад, шартнома метавонад бо талаби яке аз тарафҳо бо қарори суд ва танҳо дар ҳолатҳои зерин тағйир дода ё қатъ карда шавад:

  • ҳангоми шартномаро ба таври назаррас вайрон карда-ни тарафи дигар;
  • ҳангоми ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат;
  • дар дигар ҳолатҳое, ки дар Кодекси маданӣ, қонунҳои дигар ё шартнома пешбинӣ шудаанд.

Ба таври назаррас вайрон кардани шартнома чунин маъно дорад, ки ба тарафи дигар аз ин зиён расида, ӯро аз умеди ба даст овардани нафъи зиёд маҳрум месозад, ки ҳангоми бастани шартнома дар назар дошта шуда буд.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми ба манфиати ҷамъият мухолиф будан ё ба тарафҳо зараре расидан, ки хароҷоти он нисбат ба хароҷоти барои иҷрои шартнома зарурӣ баъди тағйири шартҳо аз тарафи суд муайяншуда хеле зиёд аст, бекор кардани шартнома бо сабаби ба таври назаррас тағйир ёфтани ҳолат мумкин аст.

Тавре дар боло қайд кардем, дар ҳолатҳои дигар қонунҳо ё шартномаи пешбинишудаи шартномаро тағйир додан ё бекор кардан мумкин аст. Чунончи, тибқи моддаи 74 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар кироягир, узви оилаи ӯ ё дигар шахсоне, ки бо онҳо зиндагӣ мекунанд, мунтазам хонаи истиқоматиро вайрон ё хароб кунанд, кироядеҳ метавонад бо тартиби судӣ шартномаи кирояи иҷтимоии манзили истиқоматиро бекор кунад.

Реклама