Ҳар як мафҳуми ҳуқуқӣ таърифи худро дорад, ки дар он аломатҳои хос ва фарқкунандаи он инъикос мешаванд. Ҳамин тавр, никоҳ иттиҳоди аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқи зану мард аст, ки мақсади он бунёди оила буда, барои ҳамсарон ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқи никоҳ хусусиятҳои хосси дар қонун инъикосёфта буда, аз инҳо иборатанд:
Бояд зикр кард, ки асоси қайди давлатии никоҳ аризаи якҷояи шахсонест, ки нияти ба никоҳ даромадан доранд. Додани ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) қисми таркибии тартиби қайди никоҳ мебошад.
Дар ариза бояд ризояти ихтиёрии тарафҳо ва набудани ҳолатҳое, ки ба бастани никоҳ монеа мешаванд, зикр шавад.
Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи муштарак додани шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ бастанро доранд, баҷо оварда мешавад. Ҳамсарони оянда ҳуқуқ доранд, ки доир ба кам ё зиёд кардани муҳлати якмоҳаи то қайди никоҳ ба мақомоти САҲШ муроҷиат кунанд. Инчунин, мувофиқи қисми 2 моддаи 13 Кодекси оила, барои шахсоне, ки синни никоҳиашон кам карда шудааст, муҳлати якмоҳаи интизорӣ муайян намегардад. Яъне бақайдгирии никоҳи онҳо мувофиқи хоҳишашон баҷо оварда мешавад.
Барои бастани никоҳ, пеш аз ҳама, ризояти никоҳшавандагон муҳим аст. Ҳар гуна амали маҷбурӣ барои никоҳ нафақат боиси бекор кардани никоҳ мегардад, балки шахсоне, ки барои чунин амал гунаҳкоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Дигар шарти бастани никоҳ расидан ба синну соли никоҳӣ мебошад. Ҳоло мувофиқи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, синни никоҳӣ барои ҳар ду ҷинс аз 18-солагӣ муқаррар шудааст, аммо суд дар мавридҳои истисноӣ метавонад синни никоҳиро на бештар аз як сол кам кунад. Хилофи қонун амал кардани шаҳрвандон боиси сар задани амали ҷиноятӣ мешавад, ки барои ин мувофиқи моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар қонунгузории оилавӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ мебанданд, хусусан, занон ва кӯдакони аз чунин никоҳҳо таваллудшуда, пешниҳод шудааст, ки зимни бастани ақди никоҳ, агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, риояи шартҳои иловагӣ, аз қабили истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир ва ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳ талаб карда мешавад.
Никоҳ зоҳиран як амали муқаррарӣ менамояд, аммо аз нигоҳи оқибатҳои ҳуқуқии худ амали хеле масъулиятнок аст. Аз ин сабаб дар қонун доир ба никоҳ якчанд монеаҳо (мамнуиятҳо) пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандон манъ шудааст:
Якканикоҳӣ дар тамаддуни башарӣ шакли пешқадами никоҳ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин никоҳ шахс худро хушбахт ҳисоб карда, ба дигарон низ хушбахтӣ меорад, аммо ашхосе пайдо мешаванд, ки ин меъёри қонунро вайрон карда, боиси сар задани ҳар гуна оқибатҳои нохуш мешаванд. Бо дарназардошти ҳамин ҳолат дар моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бисёрникоҳӣ, ки боқимондаи урфу одатҳои даврони пешин мебошад, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки барои шахсро гунаҳкор шуморидан, шарт нест, ки мард бояд бо ду ё якчанд зан ақди никоҳ дошта бошад. Аломати асосии ин ҷиноят бо ду ва ё зиёда зан зиндагонӣ кардани мард ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доштан мебошад.
Бастани ақди никоҳ дар байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай, дар байни ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон, инчунин, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян низ манъ аст. Никоҳи хешовандон на танҳо аз нуқтаи назари маънавӣ, балки аз лиҳози биологӣ низ раво нест. Илми тиб исбот кардааст, ки никоҳи хешовандон ба насли онҳо таъсири номатлуб мерасонад. Мувофиқи қонун манъ кардани никоҳи шахсони ба фарзандӣ қабулкарда ва қабулшудагон ба он асос меёбад, ки байни онҳо чунин муносибатҳое ба вуҷуд меояд, ки ба муносибатҳои падару модар ва фарзандон баробар ҳисоб карда мешаванд. Ғайр аз ин, никоҳи байни онҳо аз рӯйи қоидаҳои ахлоқ дуруст нест.
Ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳоро суд бинобар бемории руҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал донистааст, роҳ дода намешавад. Исботи дар асоси бемории руҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал донистани шахс ҳалномаи эътибори қонунидоштаи суд мебошад. Ин манъкунӣ ба он мулоҳиза асос ёфтааст, ки ҳаёти оилавӣ бо чунин шахс номуътадил хоҳад буд. Ғайри қобили амал будани шахс, ба шарте монеаи ақди никоҳ мегардад, ки агар ин ҳолат то лаҳзаи қайди никоҳ ошкор шуда бошад. Агар ин ҳолат баъди қайди давлатӣ ошкор шавад, пас он барои талоқ асос мешавад.
Бояд зикр кард, ки сустақлӣ ё бемории руҳӣ худ ба худ монеаи ақди никоҳ шуда наметавонад. Ин гуна шахсон бояд бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал эътироф карда шаванд.
Инчунин, ақди никоҳ байни шахсоне номумкин аст, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суистифода аз нӯшокиҳои спиртӣ ё маводди мухаддир дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф кардааст.
Вобаста ба ақди никоҳ дар қонунгузории оилавии кишвари мо гузаштан аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон ҷорӣ карда шудааст. Мақсад аз ворид кардани ин муқаррарот, қабл аз ҳама, ташкил кардани оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим аст. Ин мақсад вақте амалӣ мешавад, ки агар никоҳшавандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар дар натиҷаи муоинаи дақиқи тиббӣ огоҳ шуда, аз ташкил намудани оилае, ки боиси бадбахтиҳои минбаъда хоҳад гашт, худдорӣ кунанд. Ғайр аз ин, дар моддаи 15 Кодекси оила додани машварат доир ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ дар назар дошта шудааст, ки барои ҳаёти якҷояи хушбахтонаи никоҳшавандагон хеле муҳим мебошад. Муқаррароти моддаи мазкур хусусияти пешгирикунанда дорад, зеро мавҷудияти беморие, ки саломатии никоҳшавандаи дигарро зери хавф мегузорад, боиси дер ё зуд вайрон шудани оила мешавад. Ҷомеа ҳамон вақт солим хоҳад буд, ки агар аз оилаҳои солим иборат бошад.
Реклама