Хонандагони азиз!
Шумо дар соли таҳсил фанни нав – ҳуқуқи инсонро меомӯзед. Таъкид менамоем, ки идомаи он дар синфи 11-ум таълим дода мешавад.
Ҳуқуқи инсон фанни таълимие мебошад, ки дар низоми таълими давлатӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Мавзуи асосии онро ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Шумо бо ин мафҳуми ҳуқуқӣ бори аввал дучор мешавед. Ин мафҳум дар барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио садо медиҳад, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд ба чашм мерасад. Равшан аст, ки ин падида рӯзмарра буда, барои инсон муҳим арзёбӣ мегардад. Мақоми ҳуқуқии инсонро Конс- титутсия муқаррар кардааст.
Ҳуқуқи инсон дар айни замон сарфи назар аз фарқҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар байни халқу миллатҳои мухталифи олам, миёни мамлакатҳои гуногун дар тамоми ҷаҳон чун яке аз муҳимтарин арзишҳои тамаддуни инсонӣ дониста мешавад. Қимат ва арзиши баланди он бо табиати инсон ва саодати вай пайваст аст. Зеро саодати аслии инсон тавассути амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои ӯ таъмин мегардад.
Умедворем, ки китоби дарсии мазкур ба шумо барои пайдо кардани маълумоти кофӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун воситаи асосии расидан ба саодати башар ёрӣ мерасонад.
Ҳарчанд қисми муайяни китоби дарсӣ ба масъалаҳои умумии илмҳои ҳуқуқшиносӣ бахшида шудааст, набояд андеша кард, ки ҳуқуқи инсон танҳо ба масъалаҳои умумии илмҳои ҳуқуқшиносӣ, қонунгузорӣ ва истифодаи он маҳдуд мегардад. Мавҷудияти ин соҳаҳо ва падидаҳои ҳуқуқ дар фанни таълимии мазкур ба хотири он аст, ки раванди эҷод ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бо онҳо дар алоқамандии устувор қарор дорад.
Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки падидаи ҳуқуқи инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро арзишҳои ахлоқӣ, анъанавӣ, ҳуқуқӣ ва ғояҳое ташкил медиҳанд,
ки аз таҷрибаи бойи назарӣ ва амалии ҳамаи халқҳои олам, тамаддунҳои мухталифи пешқадам ва андешаҳои мутафаккирони халқҳои гуногун, аз ҷумла тоҷику форс сарчашма мегиранд.
Бояд ба инобат гирифт, ки дар дунё муносибат ба ҳуқуқҳои инсон якранг нест. Ин ҳолат пеш аз ҳама бо он сабаб вобаста аст, ки ба ҷуз арзишҳои умумии инсонӣ, ки фанни ҳуқуқи инсон масъалагузорӣ менамояд, дар ҳар ҷомеа арзишҳои алоҳидаи хосси ҳамон халқу миллатҳо вуҷуд дорад, ки дар раванди инкишофи пешинаи худ дар ташаккули мақоми ҳуқуқии шахс ташаккул ёфтаанд. Дар паси ин навъ фарқҳо, ки ба мақоми ҳуқуқии шахс дар тамаддуни муайян вобастаанд, дар муносибат бо ҳуқуқҳои умумиэътирофшудаи инсон, ки аксари халқҳои олам эътироф кардаанд, ҳамеша фарқҳои арзишӣ мавҷуданд.
Ҷомеа ҳамчун иттиҳоди одамони озод ва дорои ҳуқуқу озодиҳо тағйирпазир ва рушдёбанда буда, дар баробари пешрафти илму техника ва тафаккури субъектони он такмил меёбад. Нақши инсон дар ин рушду такомул муҳим аст. Шумо аз китоби дарсӣ батафсил мефаҳмед, ки нақши инсон, мақоми ҳуқуқии вай ва таҷассуми ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар раванди рушди фазои ҳуқуқӣ чӣ гуна ба амал омадааст.
Шумо эҳсос мекунед, ки инсон дар масири рушди ҷомеа ва тафаккур чӣ гуна аз ҳодисаи сиёсӣ, эътиқодӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба ҳодисаи ҳуқуқӣ табдил меёбад. Дар ин замина шумо инсонро ҳамчун офарандаи фазои ҳуқуқӣ дарк карда, бо васеъ шудани донишҳоятон ба хулосаи муҳимме хоҳед омад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсон тақсимнашаванда, дахлнопазир, вобастаи ҳамдигаранд ва ба якдигар алоқаманд мебошанд.
Халқи тоҷик аз қадим ба ҳуқуқу озодии инсон арҷ мегу- зошт. Яке аз аввалин сарчашмаи ҳуқуқи инсон дар таърихи башар ин «Эъломияи Куруши Кабир дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст», ки соли 539 қабл аз милод қабул шудааст. Куруши бузург дар ин Эъломия гуфтааст: «Ҳама мардум дар парас- тиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоред. Ҳеч як хонаи мардумро хароб накунед. Маъобидҳои бастаро кушоед.
Мардум дар интихоби маскан озод аст».
Дар Паёми солонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гироми- дошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Амалишавии ҳуқуқи инсон ба ташаккули шахс, низоми ҳуқуқӣ ва давлат вобаста аст. Нақши ҷавонон дар ин самт муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ мегардад. «Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбишҳои муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд», – таъкид кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон.
Фаромӯш накунед, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту ташаккули минбаъдаи он чун давлати пуриқтидори демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба риоя ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон сахт вобаста аст. Давлат ҳуқуқҳои инсонро барои ҳама кафолат медиҳад, ин кафолат ба мавқеи фаъолонаи ҳаёти инсон ва шаҳрванд вобаста аст.
Китоби дарсӣ аз фаслҳо ва мавзуъҳои алоҳида таркиб ёфтааст. Барои ташаккули донишу малакаи шумо ба истилоҳоти асосӣ дар матни китоб, иқтибосҳо аз қонунҳо ва сарчашмаҳо, инчунин саволу супоришҳо барои корҳои мустақилона, ки дар охири ҳар мавзуъ оварда шудаанд, ҳамроҳ гардидаанд. Истифодаи самараноки онҳо ба ташаккули масъулияти шумо дар заминаи омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.
академик Маҳмудзода М. А.,
профессор Холиқзода А. Ғ.
Реклама