Механизмҳоми минтақавӣ дар заминаи санадҳои ҳуқуқии минтақавӣ бунёд гашта, салоҳияти онҳо ба давлатҳои аъзои ягон созмони минтақавӣ паҳн гашта, имконияти истифодаи ваколатҳои онро танҳо шаҳрвандони мансуб ба ҳамон минтақа доранд.
Ба механизмҳои минтақавӣ ҳимояи ҳуқуқи инсон Шурои Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон; Низоми байниамрикоии ҳимояи ҳуқуқи инсон; Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра, аз ҷумлаи механизмҳои минтақавӣ дохил мешаванд.
Шурои Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон. Шурои Аврупо соли 1949 таъсис ёфтааст, ки дар он 46 давлати Аврупо дохил мебошанд. Мақсади асосии он ташкил додани иттиҳоди ягонаи аврупоӣ мебошад, ки он ба озодӣ, демократия, эътирофи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун асос меёбад. Бо ин мақсад, Шуро барои давлатҳои аъзо меъёрҳои умумӣ, таҷрибаи ягонаи татбиқи қонунҳоро таҳия мекунад. Фаъолияти Шурои Аврупо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тавсия ва таҳкими кафолатҳое, ки ба Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дохил карда шудаанд, такмил додани рӯйхатти ҳуқуқҳои дар он мавҷудбуда, инчунин суръат бахшидан ба мурофиаи судии одилона ва ғайра равона карда шудааст.
Ҳуҷҷатҳои таъсисии Шурои Аврупо Оинномаи Шурои Аврупо аз 5-уми майи соли 1949 ва Созишномаи Генералӣ оид ба имтиёзҳо ва масуниятҳои дахлнопазирии Шурои Аврупо аз 2-юми сентябри соли 1949 мебошанд. Тибқи Оиннома мақсади
Шурои Аврупо ба даст овардани ваҳдат байни аъзои он, баҳри ҳимоя ва татбиқи идеяҳо, принсипҳое мебошад, ки мероси умумии онҳост ва мусоидат ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (моддаи 1). Мувофиқи моддаи 3 ҳар як аъзои Шуро бояд волоияти қонунро эътироф кунад ва кафолат диҳад, ки ҳамаи шахсони тобеи онҳо аз ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ истифода мебаранд.
Санадҳои асосие, ки дар заминаи Шурои Аврупо қабул шудаанд, инҳоянд:
Ба мақомоти Шурои Аврупо ниҳодҳои зерин дохил мешаванд: Кумитаи Вазирон, Ассамблеяи Парлумонӣ, Конгресси ҳокимияти маҳаллӣ ва минтақавии Аврупо, Котибот ва Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон.
Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон – мақомоти ягонаи доимии Шурои Аврупо буда, ба баррасии шикоятҳои инфиродие, ки оид ба ҳолатҳои поймолшавии моддаҳои Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ворид мешаванд, машғул аст. Иҷрои ҳалномаҳои Суд барои давлатҳои аъзо ҳатмӣ буда, таъмини риояи онҳо ба зиммаи Кумитаи вазирон вогузор гардидааст. Ҳуқуқи муроҷиат ба Суди Аврупоиро танҳо шаҳрвандони давлатҳое доранд, ки аъзои Шурои Аврупоӣ (аъзои Конвенсияи Аврупо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ) бошанд. Шаҳрвандони давлатҳои ғайр танҳо дар сурати поймол шудани манфиатҳои қонуниашон аз тарафи давлатҳои аъзои Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ин ҳуқуқро пайдо менамоянд.
Низоми байниамрикоии ҳимояи ҳуқуқи инсон. Низоми ҳимояи ҳуқуқи инсон, ки дар заминаи Ташкилоти Давлатҳои Амрикоӣ бунёд ёфтааст. Асоси ҳуқуқии фаъолияти низоми байниамрикоии ҳимояи ҳуқуқи инсонро се санад – Оинномаи Ташкилоти Давлатҳои Амрикоӣ, Эъломияи Амрикоӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ташкил медиҳанд. Оинномаи Ташкилоти Давлатҳои Амрикоӣ ҳуқуқҳои асосии шахсияти инсониро бидуни фарқгузорӣ аз рӯйи нажод, миллат, эътиқод ва дин эълом медоранд, муқаррар менамояд. Эъломияи Амрикоӣ оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон ва Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон бевосита ба эътироф, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бахшида шудаанд.
Эъломия то лаҳзаи қабули Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон асоси ҳуқуқии фаъолияти Комиссияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ташкил менамуд. Ҳатто баъди қабули Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ин Эъломия таъсири худро аз даст надодааст. Зеро Комиссияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, нисбати давлатҳои аъзои Ташкилоти Давлатҳои Амрикоӣ, ки Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб нарасонидаанд, дар асоси татбиқи меъёрҳои Эъломия муносибат менамояд.
Дар заминаи ин Комиссияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Суди байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон созмон дода шудаанд.
Суди байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон мақоми худмухтори судӣ буда, салоҳияти татбиқ ва тафсири Конвенсияи байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсонро дорад. Ҳуқуқи ирсол намудани парвандаро ба Суд танҳо давлатҳои аъзои Конвенсия ва Комиссия байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон доранд. Иҷроиши ҳалномаҳои судӣ барои тарафҳо ҳатмӣ буда, шикоятнопазиранд. Суди байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ваколатҳои машваратӣ низ дорад. Дар ин замина Суд метавонад муқаррароти Конвенсия ва санадҳои дигари дар кишварҳои қитъаи Амрикоро тафсир намояд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Соли 1991 давлати абарқудрат – Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ пош хӯрд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун ташкилоти нав бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳалаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии онҳо таъсис дода шуд. Таъсисдиҳандаи ИДМ ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Узбекистон буданд. ИДМ дар марҳалаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои аъзо, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.
Созишнома оид ба таъсис додани ИДМ аз 8-уми декабри соли 1991, Протокол ва Эъломияи ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991 ва Оинномаи ИДМ аз 22-юми январи соли 1993 санадҳои таъсисии ИДМ мебошанд. ИДМ мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Оиннома ва фаъолияти амалии худ ташкилоти минтақавии байналмилалӣ мебошад. ИДМ дар асоси шартномаи байналмилалӣ аз тарафи давлатҳои мустақил таъсис дода шуда, бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ барпо карда шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ин ташкилот зарурати ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини сулҳ ва бехатарӣ, андешидани чораҳо оид ба кам кардани силоҳ ва хароҷоти ҳарбӣ, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар силоҳҳои қатли ом, ноил шудан ба беяроқгардонии умумӣ ва пурра таъкид шудааст. Давлатҳои аъзои ИДМ дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки инкишофи ҳаматарафаи давлатҳоро дар доираи фазои ягонаи иқтисодӣ, инчунин кооператсия ва интег- ратсияи байнидавлатӣ ба роҳ монанд.
Бо мақсади ҳарчи самаранок ҳал кардани ин вазифа кишварҳои аъзои ИДМ моҳи сентябри соли 1993 оид ба барпо намудани Иттиҳоди иқтисодӣ шартнома бастанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда кишварҳои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, истифода набурдани қувва ё таҳдиди он, ягонагии қаламрави давлатҳо, ҳал намудани баҳсҳо бо роҳи осоишта, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва берунӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамкории байни давлатҳо, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои аз рӯйи ҳуҷҷатҳои Иттиҳод ба зимма гирифтаашон ба роҳ мемонанд.
Реклама