§2. Ҳифзи модарӣ ва кӯдак

Ҳифзи оила, модарӣ ва кӯдак дар сатҳи афзалиятмандии сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ дастгирии иҷтимоии оила маҳсуб мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки модар ва кӯдак зери ҳимоя ва парастории давлат қарор доранд.

Ҳимоя ва ёрӣ ба оила, модар ва кӯдак дар санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ зикр шудааст.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занҳои машғули фаъолияти меҳнатӣ, ки дар қонунгузории меҳнатии мамлакат пешбинӣ шудааст, аз ҷумлаи чораҳои ҳуқуқии бевосита ба ҳифзи модарӣ ва кӯдак нигаронидашуда мебошад. Давомнокии рухсатӣ, ёрии пулие, ки ҳангоми рухсатӣ дода мешавад, ҳуқуқи бозгашт ба ҷойи аввалаи кор баъди рухсатӣ омили муҳимми дастгирии иҷтимоии модар ва кӯдак маҳсуб мешаванд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Маънии ҳуқуқи ташкили оила чист? Чаро ин ҳуқуқ ба ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ тааллуқ дорад?
  2. Зан-модар чӣ ҳуқуқҳо дорад? Чаро модарон ва кӯдакон ниёзманди ҳифзи махсуси давлат мебошанд?

Реклама