Ҳуқуқи инсон ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ин ҳуқуқи конститутсионии инсон якчанд ҷанба дорад: 1) ҳуқуқи инсон ба мусофират; 2) интихоби озоди маҳалли зист; 3) тарки ҷумҳурӣ; 4) бозгашт ба Ватан.
Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби маҳалли зист як навъ имкони бемонеа ҳаракат кардан, ҷойи рафт ва зист интихоб кардани шаҳрванд дар ҳар қисмати давлат, ҳамчунин тарк кардани мамлакат ва бозгашт ба он бо риояи як силсила талаботи қонун мебошад. Махсусияти ин озодӣ имкон доштани шаҳрванд баҳри ихтиёрдорӣ дар макон, ҳамчунин ҳимоя кардан аз дахолати ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва таарруз ба он аст.
Озодона ҳаракат кардан дар мамлакат ва ҷаҳон ҳам талабот ва ҳам зарурат аст. Ба ҷуз хоҳиши саёҳат кардан инсон бисёр вақт бо амри зарурат: сафарҳои корӣ, хабаргирӣ ё аёдати наздикон, зиёрат, ҷамъоварии мавод барои китоб, масъалаҳои тиҷоратӣ ба роҳ мебарояд.
Масалан, дар ҳолатҳои ба ҷойи дигари доимӣ кӯчидани аҳли оила ё худ ба мамлакати дигар рафтани гурӯҳи гурезагон арзёбӣ мегардад.
Ҳуқуқи мазкурро санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ мавриди танзим қарор додаанд. Дар фарқият аз санадҳои байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на истилоҳи инсон, балки мафҳуми «шаҳрванд»-ро дар ростои амалигардонии ин ҳуқуқ истифода намудааст. Зери мафҳуми шаҳрванд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ дар назар дошта мешаванд, ки бо истилоҳи «инсон» дар меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ оварда шудааст, мутобиқат мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ низ масъалаи мазкурро мавриди танзим қарор дода, нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеътар муқаррар менамоянд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд» аз 2-юми январи соли 2018 ҳуқуқи мазкурро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва барои шахсони бешаҳрванд якранг муқаррар менамояд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил барои ба истифодаи муваққатӣ гирифтани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд» аз 2-юми январи соли 2018
Реклама