§2. Инсон ҳамчун унсури марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ

Арзиши баланди иҷтимоии инсон, қадри инсон, дахлнопазирии шахс, озодии инсон, ҳуқуқҳои дахлнопазир ва ҷудонопазири инсон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи моликиятдорӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, озодиии сухан, нашр, иттилоот заминаи ташаккулу рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди неруи инсонӣ тавассути ташкилу фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаклҳои гуногуни иттиҳоди одамон, боло бурдани фарҳанги ҷомеа (фарҳанги ахлоқӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, миллӣ, ҳуқуқӣ), ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, қобилият, истеъдод, малака, мустақилият, ташаббускорӣ, омодагии касбӣ, дониш, масъулиятшиносӣ, истеъдоди дарки манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи онҳо, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, осори фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд. Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, дар интихобот ва раъйпурсӣ, дар рушди давлатдории миллӣ, ҳимояи музаффариятҳои соҳибис- тиқлолӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ вобастагӣ дорад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ зимни амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ инкишоф меёбад. Дар ҷараёни амалӣ гардидани ин ҳуқуқу озодиҳо интихобот ва раъйпурсӣ баргузор мегардад, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил мешаванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ба роҳ монда мешавад, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таъмин мегардад. Сатҳи баланди шуури сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон заминаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ барои инкишофи озодонаи шахс шароити кофӣ тавассути ҳуқуқу озодиҳояш, фаъолияти озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, худидоракунӣ фароҳам оварда мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чист?
  2. Нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кадомҳяонд?
  3. Барои чӣ инсон унсури марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад?

Реклама