Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Меъёри мазкур дар боби якуми Конститутсия, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бахшида шудааст, ифода ёфтааст ва якҷоя бо меъёрҳои дигари боби мазкур асосҳои бунёдии ҳаёти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ, таҳкурсии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, асосҳои аввалиндараҷаи ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад.
Меъёри зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар меъёрҳои боби якум ва дигари Конститутсия афзалияти ҳуқуқӣ дорад. Меъёри Конститутсия, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш арзиши олӣ эълон карда мешаванд, шарти асосии амалӣ гардидани ҳамаи дигар меъёрҳои Конститутсия мебошад. Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудаанд, бо дарназардошти афзалияти моддаи панҷуми Конститутсия амалӣ карда мешаванд.
Кафолатҳо бо мақсади таъмини меъёри зикршуда дар моддаҳои дигари Конститутсия пешбинӣ мешаванд. Чунончи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис- тон ҳифз карда мешаванд (қисми якуми моддаи 14-и Конститутсияи ҶТ). Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд (қисми дуюми моддаи 14-и Конститутсияи ҶТ).
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд (қисми дуюми моддаи 14-и Конститутсия). Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд «ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд» (қисми дуюми моддаи 14-и Конститутсия). Адолати судӣ, ки аз тарафи судҳо амалӣ карда мешавад (моддаи 84-и Конститутсия), ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Реклама