§2. Кафолатҳои ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ва ҳаёти оилавӣ

Зери мафҳуми кафолатҳои ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ва ҳаёти оилавӣ – маҷмуи имкониятҳои объективӣ ва cубъективӣ фаҳмида мешавад, ки ба шахс имкон медиҳанд, ки ҳуқуқи мазкурро ба пуррагӣ татбиқ намуда, дар ҳолати зарурӣ онҳоро ҳифз намояд. Яъне ҳуқуқи мазкур дар санадҳои байналмилалӣ ва санадҳои миллӣ таҷассуми худро ёфтааст. Санадҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мазмуни ин ҳуқуқро ба таври дақиқ нишон дода, истифодаашро кафолат медиҳанд. Масалан, дар моддаи 12-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки «ҳеҷ кас набояд мавриди дахолати худсарона ба ҳаёти шахсӣ, хонаводагӣ, манзил, мукотибот ва дастдарозӣ ба шаъну шараф ва обрӯйи ӯ қарор гирад».

Меъёрҳои ба ин монандро моддаҳои 16, 17, 23 ва 24-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ низ пешбинӣ намудааст.

Дар моддаҳои мухталифи Конститутсияи ҶТ паҳлуҳои ҷудогонаи ҳаёти хусусӣ ва оилавӣ кафолат дода шудаанд. Дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ дар моддаи 5 (ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд), маҳрамияти мукотиба ва суҳбатҳои телефонӣ дар моддаи 23 (маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст), ҳуқуқ ба ташкили оила дар моддаи 33 (давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд), дахлнопазирии манзил дар моддаи 22 кафолат дода шудааст.

Қонунгузории ҷиноятӣ ҳуқуқи мазкурро кафолат дода, барои вайрон кардани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Дар моддаи 144-и кодекси ҷиноятии ҶТ ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ; моддаи 145 – ошкор намудани сирри тиббӣ; моддаи 146 – вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот; моддаи 147 – вайрон намудани дахлнопазирии манзил; моддаи 173 – ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) ва ғайра муайян намудааст.

Ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил – яке аз ҳуқуқҳои асосии фитрии инсон ба шумор меравад. Моҳиятан ин қисми таркибии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ буда, ҷузъи чудонашавандаи озодии шахсӣ ва эътибори инсон аст. Ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил дар моддаи 22-и Конститутсияи ҶТ чунин муқаррар шудааст: «Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст».

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи дахлнопазирии манзилро мустаҳкам карда, дар баробари он муқаррар менамояд, ки ба манзили шахс зӯран даромадан бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда манъ аст. Қонунгузории ҶТ имкони даромадан ба манзилро барои иҷро кардани якчанд ҳаракатҳои тафтишотӣ, ба монанди кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс кардани молу мулк, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ё бино муқаррар кардааст.

Реклама