Дар ҷаҳони имрӯза яке аз тақсимоти маъмули ҳуқуқу озодиҳои инсон аз рӯйи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Амалан дар ҳамаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақсим карда шудаанд.
Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ – маҷмуи ҳуқуқ озодиҳои асосии табиӣ ва ҷудонопазир мебошанд, ки ба инсон аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд. Ҳуқуқҳои шахсӣ ду нишонаи муҳимме доранд, ки маҳз онҳо моҳияти ин гурӯҳи ҳуқуқҳоро ташкил медиҳанд: онҳо ба падидаи шаҳрвандӣ алоқа надошта, бе истисно ба ҳама тааллуқ доранд; онҳо ба ҳама аз лаҳзаи таваллуд мутааллиқ мегарданд. Тибқи Конститутсияи ҶТ ба зумраи ҳуқуқҳои шахсӣ инҳо дохил карда мешаванд: ҳуқуқ ба ҳаёт; озодӣ аз шиканҷа; дахлнопазирии шахсият; дахлнопазирии манзил; ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, аз ҷумла маҳрамияти мукотиба ва суҳбатҳои телефонӣ; ҳуқуқи ҳар шахсе ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист; озодии андеша, виҷдон ва эътиқоди динӣ; ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ.
Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ – ба шаҳрванди давлат мутаалиқ буда, ба ӯ имкон медиҳад, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ иштироки озодона ва васеъ дошта бошад.
Ҳуқуқҳои сиёсӣ инҳоянд: озодии сухан; ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот; ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ; ҳуқуқ ба иштирок дар баргузории маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои осоишта; ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб намудан; ҳуқуқи иштироки бевосита дар идораи корҳои давлатӣ ва иштирок тавассути намояндагони худ.
Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам якҷоя бо дигар ҳуқуқҳо метавонанд амалӣ шаванд.
Ҳуқуқҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд – маҷмуи ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки имкони таъмини озодона ва ихтиёрдорӣ кардани моликият ва фаъолиятро дар соҳаи меҳнат ва соҳибкорӣ таъмин менамоянд. Ба онҳо дохил мешаванд: ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба меҳнат, озодии фаъолияти соҳибкорӣ.
Ҳукуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд – ба шахс сатҳи арзандаи зиндагӣ ва таъминоти иҷтимоиро таъмин менамояд. Ба ин ҳуқуқҳо дохил мешаванд: ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, хидматрасонии тиббӣ.
Ҳуқуқҳои фарҳангии инсон ва шаҳрванд – иштироки шахсонро дар ҳаёти фарҳангӣ таъмин намуда, ба ҳимояи арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидат менамоянд. Ба ин ҳуқуқҳо дохил мешаванд: ҳуқуқ ба дастрасии арзишҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи озодона иштирок намудан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ ба эҷодиёт, ҳуқуқ ба истифодаи натиҷаи пешравиҳои илмӣ-техникӣ.
Фикр кунед, ки ҳуқуқу озодиҳои зерин ба кадоме аз гурӯҳҳои зикршуда мансубанд: ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ ва ҳуқуқ ба кумаки адвокат дар суд, ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳуқуқ ба иттилоот, озодии эҷодиёт, ҳуқуқ ба гирифтани кумакпулиҳо?
Реклама