Ҳуқуқҳои ноболиғе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбаршаванда дастгир карда шудааст. Дастгиркунӣ ва ҳабси пешакӣ нисбат ба ноболиғон низ татбиқ карда мешавад. Аммо бо дарназардошти синну сол, дараҷаи фаҳмиш, тасаввурот ва ақлу дониш татбиқи ин чораҳои ҷиддии маҳдуд намудани озодӣ ва дахлнопазирии шахсият нисбат ба ноболиғ баъзе махсусиятҳо дорад, ки баҳри ҳимояи манфиати ӯ равона карда шудааст. Ноболиғоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор шудаанд ба ҳама гуна кафолатҳои суди одилона, аз ҷумла ба ҳимояи махсуси иловагӣ ҳуқуқ доранд. Дар қоидаҳои байналхалқӣ ибораи «адолати судӣ барои ноболиғ» истифода карда шуда, Созмони Милали Муттаҳид аз давлатҳои узв талаб менамояд, ки дар қонунгузории миллӣ қоидаҳоеро муайян намоянд, ки махсус ба ноболиғ бахшида шуда бошад.
Дар бораи дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ё дароз кардани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршавандаи ноболиғ ба намояндагони қонунии ӯ хабар дода мешавад. Ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ ҳатман бояд синну сол, вазъи саломатии ноболиғ, аҳволи оилавии вай ба инобат гирифта шавад. Ноболиғоне, ки дастгир карда шудаанд ё ҳабс шудаанд, бояд аз калонсолон ва аз ноболиғони маҳкумшуда ҷудо нигоҳ дошта шаванд.
Намояндаи қонунӣ барои иштирок дар парванда бо қарори муфаттиш аз лаҳзаи пурсиши аввалини гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ роҳ дода мешавад. Ҳангоми иҷозат додан барои иштирок дар парванда ба намояндаи қонунӣ ҳуқуқҳои зерин фаҳмонда мешавад:
Ҳамин тариқ, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз қабили ҳуқуқҳои шахсии инсон буда, ба ӯ имкон медиҳад, ки аз ин неъмати бебаҳо истифода кунад, давлат ва дигаронро уҳдадор менамояд, ки худсарона бе зарурати қонунӣ ба ҳаёти шахсӣ, маҳрамона ва оилавӣ мудохила накунанд, ба озодӣ ва амнияти шахс таҷовуз накунанд, қадру қимат, эҳтироми инсонии ӯро ба ҷо оваранд. Маҳдуд ва маҳрум намудани озодӣ танҳо дар асос ва тартиботи муқаррарнамудаи қонун ба амал бароварда шуда, зери назорати қатъии давлат қарор дорад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама