§3. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давлати иҷтимоӣ

Мутобиқи қисми сеюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Мафҳумҳои «зиндагии арзанда» ва «инкишофи озодона» дар матни санадҳои ҳукуқии байналмилалӣ истифода мешаванд. Дар банди якуми моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (соли 1948) ду ҳуқуқи муҳимми иҷтимоии инсон эълон карда мешаванд: а) ҳуқуқи ҳар як инсон ба сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла ба ғизо, либос, манзил, ёрии тиббӣ ва хидмати зарури иҷтимоӣ, ки барои таъмини саломатӣ ва некуаҳволии худаш ва оилааш зарур аст; б) ҳуқуқи ҳар як инсон ба таъминоти иҷтимоӣ дар ҳолати бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бевагӣ, пиронсолӣ ё ҳолатҳои дигари маҳрум шудан аз воситаҳои зиндагӣ бо сабаб- ҳое, ки аз ӯ вобаста нестанд. Тибқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (16-уми декабри соли 1966) ҳуқуқи ҳар кас ба сатҳи арзандаи зиндагии худаш ва оилааш, аз ҷумла ба таъминоти кофӣ бо ғизо, либос ва манзил, ҳамчунин ҳуқуқи ҳар кас ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ эълон карда мешаванд.

Шароити зиндагии арзанда кафолатҳои зеринро дар назар дорад: таъмини шароити зиндагии арзанда ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ мебошад; ҳуқуқ ба шароити зиндагии арзанда ҳуқуқи ҷудонопазири инсон маҳсуб мешавад; зиндагии арзандаи ҳар як инсон зиндагии арзандаи худи инсон ва оилаашро дар назар дорад; шароити зиндагии арзанда зимни дастгирии иҷтимоии давлат, хидмати иҷтимоии давлат ва фаъолияти озоди иқтисодии инсон таъмин мешавад; инсон дар давлати иҷтимоӣ бо меҳнати озодии шахсӣ (соҳибкорӣ, тиҷорат, ҳунармандӣ, эҷоди бадеӣ) сатҳи зиндагии арзандаи худаш ва оилаашро таъмин менамояд; шароити зиндагии арзанда неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, аз ҷумла ғизои хушсифат (об, нон, мева ва ғайра), либос, манзил, таҷҳизоти техникӣ ва технологӣ (телефон, яхдон ва ғайра), натиҷаҳои меҳнати шахсӣ, осори фарҳангӣ, хидмати тиббӣ, хидмати иҷтимоӣ ва неъматҳои дигарро, ки ба онҳо инсон ва оилааш эҳтиёҷ доранд, пешбинӣ мекунад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки инсонро аз ҳуқуқу озодиҳои табиатан ба ӯ мутааллиқу дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ зикргашта маҳрум созанд.

Инкишофи озодонаи инсон кафолатҳои зерин дорад: озодии инсон, дахлнопазирии инсон, қадри инсон, озодона амалӣ намудани ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ; рушди озоди ҷисмонӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангии инсон; фаъолияти озоди иқтисодӣ, меҳнатӣ, интихоби озоди касбу кор (фаъолияти касбии ҳуқуқӣ, тиббӣ ва дигар, хоҷагидории хусусӣ, сохтмони манзили шахсӣ ва ғайра), таҳсилоти озод, эҷоди озоди бадеӣ, илмӣ, техникӣ; истифодаи озоди натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ (фаъолияти касбӣ, ҷамъиятӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ), дастовардҳои эҷоди фарҳангӣ, илмӣ, техникӣ ва ғайра; такомули истеъдоди шахсӣ, малакаи меҳнатӣ, болоравии сатҳи мустақилӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ; мунтазам беҳтар намудани шароити зиндагии шахсӣ ва оилавӣ.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо давлати ҳуқуқ- бунёд чӣ гуна робита доранд?
  2. Арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш чӣ маъно дорад?
  3. Ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ кадомҳоянд?
  4. Шароити зиндагии арзанда чӣ маъно дорад?
  5. Инкишофи озодонаи инсон чӣ маъно дорад?

Реклама