§1. Инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи озоди демократӣ мебошад, ки дар он рушди ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар заминаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ таъмин карда мешавад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлати ҳуқуқбунёд бо дарназардошти волоияти қонун ташаккул меёбад. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибатҳои хусусии молумулкӣ, оилавӣ, мерос, моликиятдории хусусӣ, соҳибкории хусусӣ, савдои озод, гуногунии сиёсию мафкуравӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд. Дар он фаъолияти озоди фарҳангӣ, касбӣ, илмӣ, техникӣ таъмин карда мешавад, давлат эҷоди илмӣ, техникӣ, фарҳангиро кафолат медиҳад. Рушди санъати театрӣ, синамо, меъморӣ ва дигар, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра аз сатҳи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтироми ҳамдигарии ҳуқуқу озодиҳои шахс, мувофиқати манфиатҳои ниҳодҳои ҷамъиятию сиёсии ҷомеа дар заминаи ғояҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, ваҳдати иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ зимни ҳимояи манфиатҳои миллӣ таъмин карда мешавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ рушд карда метавонад.

Реклама