§3. Ҳуқуқи иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва роҳпаймоиҳо

Ҳуқуқи иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва роҳпаймоиҳои осоишта як унсури муҳимми ҳокимияти халқ ба шумор рафта, дар низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Ин намуди чорабиниҳои оммавӣ – ошкоро, осоишта ва ба ҳама дастрас аст, ки дар шаклҳои гуногун баргузор гардида, бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Чорабиниҳои оммавиро дар шаклҳои гуногун гузаронидан мумкин аст, ки асоситарини онҳо маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва роҳпаймоиҳо мебошанд. Низоми кафолатҳои ҳуқуқи иштирок дар чунин чорабиниҳои оммавӣ дар моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон «Ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ҷамъомадҳои осоишта ва иттиҳодияҳоро дорад» ва дар моддаи 21-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ба таври умумӣ мустаҳкам гардидааст. Дар он аз ҷумла омадааст, ки «Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта эътироф карда мешавад. Истифода аз ин ҳуқуқ таҳти ҳеҷ навъ маҳдудият қарор дода намешавад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки мутобиқи қонун муқаррар карда мешаванд ва дар ҷамъияти демократӣ ба манфиати амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ ё ҳифзи ҳуқуқ ва озодии ашхоси дигар заруранд».

Конститутсияи ҶТ дар моддаи 29 муқаррар намудааст, ки «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест».

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ танзим намудани ин чорабиниҳои оммавӣ ва дуруст ба роҳ мондани амалишавии ҳуқуқи инсон дар ин самт Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» аз 31-уми декаб- ри соли 2014 қабул карда шудааст. Қонуни мазкур самтҳо ва паҳлуҳои асосии ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавиро муқаррар намудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабинии оммавӣ бояд амалишавии як қатор принсипҳо ба инобат гирифта шаванд:

1) қонуният; 2) эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; 3) шаффофияти қабули қарорҳо; 4) ихтиёрӣ будани иштирок дар чорабинии оммавӣ.

Аз рӯйи табиати худ аксари ин чорабиниҳои оммавӣ ба зумраи ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дохил гардида, нисбат ба шаҳрвандони кишвар татбиқ мегардад. Аз ин рӯ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои оммавие, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ихтиёран иштирок намоянд. Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.

Реклама