Ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоби маҳалли зист аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон зикр шудааст.
Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад кунад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад.
Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад (Моддаи 13-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон).
Дар моддаи 12-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ озодона рафтуомад кардан зикр шудааст: «Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озодонаи махалли зист ҳуқуқ дорад».
Конвенсияи соли 1998 ИДМ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон мундариҷаи ин моддаро пурра такрор мекунад (моддаи 22).
Ин нуктаҳо амалан дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократӣ ифода ёфтаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани маҳалли зист зикр шудааст:
Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад. Моддаи 24-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Реклама