Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани иҷрои хизмати ҳарбӣ як зумра уҳдадориҳоро муқаррар намудааст. Уҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад: 1) қайди ҳарбӣ; 2) омодасозӣ ба хизмати ҳарбӣ; 3) даъват ба хизмати ҳарбӣ; 4) адои хизмати ҳарбӣ; 5) дар эҳтиёт будан; 6) даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва махсус.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ на ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯйи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд. Аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани уҳдадории умумии ҳарбиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар доираи ваколатҳояшон, сарфи назар аз шакли моликият таъмин мекунанд
Қонунгузории кишвар як зумра шахсонро аз иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ озод намудааст: 1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд; 2) онҳое, ки ба синни ниҳоии дар ҳайати эҳтиёт қарор доштан расидаанд; 3) шахсоне, ки нисбаташон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидааст; 4) онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан адо мекунанд; 5) шахсони фавтида; 6) шахсони бедарак ғоибшуда ё фавтида эълоншуда.
Дар Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар барои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват (даъватнома)-и комиссариати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Онҳо уҳдадор мегарданд, ки пас аз гирифтани даъватнома дар муҳлати муайянгардида ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Дар сурати саркашӣ кардани даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ва ё бе сабаб- ҳои узрнок ҳозир нашудани даъватшаванда дар муҳлати муайяннамудаи даъватнома, даъватшаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Реклама