§1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: мафҳум ва навъҳои он

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ҷудо мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30-юми майи соли 2017 санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои зерин иборат мебошанд:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
  • санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
  • қонунҳои конститутсионӣ;
  • кодексҳо, қонунҳо;
  • қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори

Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

  • қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
  • қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
  • қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
  • қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд.

Аксари давлатҳои ҷаҳон арзишҳои инсониро дастгирӣ карда, онҳоро ба воситаи меъёрҳо дар бораи ҳуқуқу озодиҳо дар конститутсияҳо ва қонунҳои махсуси конститутсионӣ таҳким мебахшанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эълон мекунад. Дар асоси моддаи 14-и Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Эътибори асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Онҳо дар мувофиқати қатъӣ бо меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардида, кафолат дода шудаанд. Боби 2-и Конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар он номгӯйи васеи ҳуқуқҳои асосии инсон инъикос гардида, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳким ёфтаанд.

Барои иҷрои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар бораи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие қабул карда мешаванд, ки онҳо низ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо нақши муҳим доранд.

Реклама