§2. Санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ: мафҳум ва навъҳои он

Дар айни замон санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқии ба масъалаҳои амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшидашуда мавҷуданд. Зери мафҳуми санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қарордод ё созишномаи байналмилалие фаҳмида мешавад, ки дар байни субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешаванд.

Аксари давлатҳо дар қонунгузории миллӣ афзалиятнокии принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба принсипҳо ва меъёрҳои дохилидавлатӣ муқаррар намуданд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсия ҶТ

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ метавонанд номҳои гуногун дошта бошанд: эъломия, конвенсия, паймон, созишнома, резолютсия, статут (қонун, низомнома), хартия, оиннома, протокол.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон як қатор тадбирҳо андешида шуданд. 10-уми декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид ва бо вуҷуди хосияти эъломиявӣ ва тавсиявӣ доштанаш ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро бо тарғиби умумӣ-универсалӣ буданашон мустаҳкам намуд. Эъломия аз 30 модда иборат буда, моддаи 1-и Эъломия принсипи асосиро таҳким бахшид: «Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Вале таъмини ҳуқуқҳои инсон тавассути меъёрҳои ғайриҳатмӣ босамар сурат намегирад. Аз ин рӯ соли 1966 дар ду Паймон, яке Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, дигаре Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул гардид.

Дар доираи санадҳои байналмилалии ишора шуда то имрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 150 санади байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

1. Ба андешаи шумо, дар ҷаҳони имрӯза Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои чӣ лозиманд? 2. Ба фикри шумо, зарурати дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати арзишҳои олӣ таҳким бахшидани ҳуқуқу озодиҳои инсон барои чӣ ба миён омад?

  1. Андешаи шумо дар бораи нақши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна аст?
  2. Ба моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя карда, номбар кунед, ки дар он кадом ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким бахшида шудаанд?
  3. Санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ чист? Шумо кадом навъ- ҳои қарордодҳои байналмилалиро медонед?
  4. Ҳуҷҷатҳои асосии ба Билли байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон воридшударо номбар кунед.

Реклама