§1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил

Таҳсилот раванди мақсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонӣ муар- рифӣ гардад, пас истилоҳи тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мус- тақилона омода намуданро дар назар дорад.

Ҳуқуқ ба таҳсил ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон баррасӣ гашта, дар як силсила санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии умумии байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ кафолат дода шудааст.

Дар моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон чунин зикр гардидааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқи таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бепул бояд бошад. Таълими техникӣ ва касбӣ бояд дастраси ҳамагон бошад. Таҳсили олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас ба ҳама як хел дастрас бошад. Мақсади таълим бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад».

Моддаи 13-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чунин муқаррар менамояд: «Давлатҳои иштирокчиёни Паймон ҳуқуқи ҳар инсонро ба таҳсилот эътироф мекунанд. Онҳо дар иттифоқанд, ки таҳсилот бояд ба самти рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, дарки қадру қимати ӯ равона буда, бояд эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҷомеа устувор гардонад».

Санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон се марҳалаи гирифтани таҳсилотро ҷудо менамоянд: 1. Ибтидоӣ; 2. Миёна; 3. Олӣ.

Инсон бори аввал дар синни 7-солагӣ қадам ба остонаи муассиса ниҳода, ба амалисозии ҳуқуқи худ ба таҳсил шуруъ менамояд. Ҳуқуқи инсон ба таҳсил дар Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии таҳсил ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин кафолати ҳуқуқ ба таҳсил дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 4-уми июли соли 2013 пешбинӣ гардидааст. Дар асоси моддаи 6 қонуни мазкур «Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими миёнаи умумии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад. Гирифтани таҳсилоти ройгон дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти касбӣ метавонад тибқи оинномаи муассиса ё қарори муассиси (муассисони) онҳо сурат гирад. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шакли муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилро интихоб намояд. Шаклҳои таҳсил рӯзона, шабона, ғоибона, бо танаффус ва экстернат мешаванд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ба ҳар кас имкон медиҳанд, ки ройгон таҳсил кунад. Ҳар кас сарфи назар аз вазъи моддии худ, метавонад дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ гирад».

Барои поймол намудани ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандон ва ё суистифода гардидани он, навъҳои мушаххаси ҷавобгарии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд. Масалан, моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои монеъ шудан барои гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст.

Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқ ба таҳсил шумо метавонед ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Донишгоҳи дахлдор муроҷиат намоед.

Реклама