Дар ҷомеаи демократӣ нуқтаҳои назари мухталиф баён мегарданд. Ҳуқуқ ба озодии сухан ва изҳори андеша яке аз шартҳои асосии мавҷудияти чунин ҷомеа пазироӣ мегардад. Дар байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан ҷойи махсусро ишғол карда, яке аз ҳуқуқҳои муҳимми конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.
Ҳуқуқ ба озодии сухан ва изҳори андеша дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳайси яке аз ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсон муқаррар шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон чунин қайд карда шудааст: «Ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳадоти давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ғоя- ҳоро дар бар мегирад».
Моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ муайян намудааст, ки: «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки бидуни дахолат ақидаҳои худро дошта бошад; Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи андешаи худ ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва ошкор намудани ҳама гуна маълумот ва ғояҳоро сарфи назар аз марзҳо, ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, чопӣ ё дар шаклҳои бадеиву дигар воситаҳои хабарӣ бо интихоби худ дар бар мегирад».
Озодии сухан – ин имконияти ба таври оммавӣ (шифоҳӣ, хаттӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) иброз кардани фикру андешаи худ бо усулҳои қонунӣ мебошад.
Озодии матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ҳар давлати демократӣ кафолат дода мешавад. Дар заминаи нишондодҳои санадҳои муҳимми байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ ба озодии сухан ва изҳори ақидаро кафолат додааст.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Озодии сухан якчанд унсурро дар бар мегирад, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ягонагии ногусастанӣ қарор доранд:
Воситаҳои ахбори омма (ВАО) – рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврии барои тарғиби ошкоро пешбинишуда, ҳамчунин намоишҳои телевизион ва барномаҳои радио, хабарҳои агентиҳои иттилоотӣ, сабтҳо ва барномаҳои аудиоӣ ва аудиовизуалӣ мебошанд.
Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат, балки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ тааллуқ доранд.
Реклама