§2. Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои демократӣ ба ҳисоб рафта, ҳимояи он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Он бо тарзу воситаҳои гуногун аз дахолати беасосу ғайриқонунӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя карда мешавад, ки онро механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меноманд.

Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон гуфта он роҳу воситаҳое фаҳмида мешаванд, ки дар қонунгузории дохилидавлатӣ баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян карда шудааст.

Махсусияти механизмҳои миллӣ дар он ифода меёбад, ки онҳоро давлат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар намуда, амалишавии муназзами онро бо маҷбурсозии давлатӣ таъмин менамояд. Зеро ҳар як давлат кӯшиш менамояд, ки тавассути хуқуқи позитивӣ механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро муқаррар намояд, то ки он самараи дилхоҳ диҳад ва низоми томи миллии ҳимояи хуқуқи инсонро ташкил намуда тавонад.

Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба се навъи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:

  • механизмҳои судии ҳимояи ҳуқуқи инсон;
  • механизмҳои маъмурӣ-ҳуқуқии (ғайрисудии ё давлатии) ҳимояи ҳуқуқи инсон;
  • механизмҳои ғайридавлатии (ҷамъиятии) ҳимояи ҳуқуқи инсон.

Механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар баробари ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин дар таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқи инсон, пешгирӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо, татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар дохили давлат хизмат менамоянд. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун вазифаи конститутсионии давлат тавассути на танҳо таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, балки дар барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгашта ифодаи худро меёбад.

Реклама