§1. Мафҳум ва кафолатҳои ҳуқуқ ба ҳаёт

Ҳуқуқ ба ҳаёт яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор рафта, дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон мақоми марказиро ишғол менамояд. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт ба ҳуқуқҳои насли якум дохил гардида, ба зумраи ҳуқуқҳои шахсӣ дохил мешавад ва арзиши олиро доро мебошад.

Ҳуқуқ ба ҳаёт – маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалиест, ки табиӣ ва умумӣ будани ҳуқуқ ба ҳаётро эътироф карда, дахлнопазирӣ ва ҷудонопазирии онро аз лаҳзаи обистан шудан дар батни модар то фарорасии марги табиӣ ҳимоя менамояд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ ба ҳаётро ба ҳайси ҳуқуқи фитрӣ ва ҷудонопазир эътироф карда, дахлнопазир будани ҳаёт ва ихтиёрдории озодонаи онро муайян намудааст. Дар моддаи 3-юми Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон чунин баён шудааст: «Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад». Моддаи 6-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ низ муайян менамояд, ки «Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад». Дар ин бахш Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешсаф буда, дар сатҳи конститутсионӣ ҳуқуқи инсонро ба ҳаёт кафолат додааст. Дар қисми 2-и моддаи 5-и Конститутсия чунин муқаррарот ҷой дорад, ки мутобиқи он «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Таҳкими минбаъдаи худро ин ҳуқуқ дар қисми 1-и моддаи 18-и Конститутсия дарёфт намудааст, ки мувофиқи он «Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад». Эътирофи ҳуқуқ ба ҳаёт нисбат ба ҳамаи одамон сарфи назар аз нажод, ҷинс, дин ва дигар аломатҳо тааллуқ дорад.

Реклама