§1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ: мафҳум ва аҳаммияти он

Ҳифзи саломатии шаҳрвандон – ин маҷмуи чораҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, тиббӣ, санитарию беҳдоштӣ (гигиенӣ) ва зиддиэпидемӣ мебошад, ки ба нигоҳдорӣ ва мустаҳкамкунии саломатии ҷисмонӣ ва руҳии мардум, дастгирии ҳаёти фаъоли дарозмуддати он, пешниҳод кардани ёрии тиббӣ дар сурати бад гардидани вазъи саломатӣ равона шудааст. Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Моддаи 12-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳар кас сатҳи ниҳоии дастраси саломатии ҷисмонӣ ва руҳиро муқаррар намудааст. Дар тавзеҳоти тартиботи умумии №14, ки аз тарафи кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул шудааст, қайд мегардад, ки ҳуқуқ ба саломатӣ на танҳо ҳуқуқ ба хидматрасонии замонавӣ ва муносиб дар соҳаи ҳифзи саломатиро дар бар мегирад, балки чунин заминаҳои бунёдии саломатӣ, ба монанди дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва хидмати муносиби санитарӣ, таъминоти кофии маҳсулоти хӯроквории бехатар, хӯрока ва шароити манзилӣ, шароити бехатари меҳнат ва муҳити зист, дастрасӣ ба маърифатнокӣ ва иттилоотонӣ дар соҳаи саломатӣ, инчунин саломатии ҷинсӣ ва репродуктивиро низ дар бар мегирад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 38 ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ кафолат дода шудааст. Дар моддаи 233-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба саломатӣ ҳамчун ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкии шахс муаррифӣ шудааст, ки мавҷудияти табиии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунад. Дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Тибқи таърифи оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии ҳифзи саломатӣ зери мафҳуми саломатӣ ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, руҳӣ ва иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.

Дар боби 7-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ муқаррар карда шудааст. Дар ин замина шаҳрвандон дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

  1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ;
  2. Ҳуқуқ ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ;
  3. Ҳуқуқ ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ ва истифода бурдани муассисаҳои солимгардонӣ;
  4. Ҳуқуқ ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд;
  5. Ҳуқуқ ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии шаҳрванд расонида шудааст;
  6. Ҳуқуқ ба таъмини доруворӣ, ёрии ортопедӣ ва протезӣ;
  7. Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар;
  8. Ҳуқуқи даст кашидан аз муоина ва табобат.

Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳимми инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро саломатӣ неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, ки бидуни он бисёр неъмат ва арзишҳои дигар моҳияти худро гум мекунанд. Баробари ин он на танҳо неъмати шахсии шаҳрванд аст, балки хусусияти ҷамъиятӣ низ дорад. Бо суханони дигар на танҳо ҳар як кас саломатии худро бояд нигоҳубин кунад, балки ҷамъият низ уҳдадор аст тамоми чораҳои зарурии ба ҳимоя ва беҳтар кардани саломатии аъзоҳои он мусоидаткунандаро андешад, пеши роҳи дахолати дигаронро ба саломатии шаҳрвандон гирад.

Реклама