Ибтидои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи инсонӣ ба таърихи ҳазорсолаи Х–VII пеш аз милод рафта мерасад. Дар он давроне, ки инсонҳои нахустин табиатан бо кӯшишҳои завқи табиӣ ба зиндагии якҷояи одӣ рӯ оварданд. Дар он замоне, ки аввалин инсонҳои рӯйи замин ба асри нави сангин ворид шуда, бо роҳи худмуҳофизатӣ ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи ҳамсару фарзандони худ- ро дифоъ намуда, усули худмуҳофизаткунӣ ва худсудкуниро амалӣ менамуданд. Нахуст инсонҳо дар остонаи тамаддунҳо аз рӯйи қонуни ҷангал амал намуда, адолат ва ҳақиқатро тавассути зӯрӣ ва худсудкунӣ (гунаҳкорро худашон ҷазо медоданд, қасос мегирифтанд, зараррасонандаро зарар мерасонданд) ба сомон мерасониданд. Адолат дар муҳорибаи тан ба тан муайян мегардид. Тарозуи адл қурбонии зӯрӣ, ҳилла ва дониши одии одамони аввалин буд. Азбаски дар ин даврон одамон ҳуқуқҳои худро тавассути завқи табиии худмуҳофизатӣ амалӣ менамуданд, роҷеъ ба таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба мазмуни имрӯзааш чизе гуфтан мумкин нест. Зеро ин даврон танҳо барои қонеъ намудани талаботи биологӣ, ҷисмонӣ, иқтисодӣ бо роҳҳои зӯрӣ ва фиреби одӣ ба дарки ҳуқуқҳо замина гузошту бас. Он рӯзгор ҳар кас барои ҳаққи худ мубориза мебурд. Бинобар ин давраҳои аввалини эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба замони ҳаёти якҷояи (иҷтимоӣ)-и одамон, ба давраи сохти авлодии ҷамоаи ибтидоӣ рост меояд. Замоне, ки одамон дар доираи маҳдуд ҳам бошад, яке ҳаққи дигареро ҳифз мекард, яке бар дигаре ёрӣ менамуд, яке дигареро пуштибонӣ намуда, вазифаи муайянро иҷро мекард.
Дар даврони сохти авлодии ҷамоаи ибтидоӣ инсонҳо чунин ҳуқуқҳои табииро доштанд: ҳуқуқ ба ҳаёт; ҳуқуқ ба никоҳ; ҳуқуқ ба шикор; ҳуқуқи иштирок дар маҷлиси умумии авлод ва қабила; ҳуқуқ ба манзил; ҳуқуқ ба моликият; ҳуқуқи истифода аз одат ва анъанаҳо; ҳуқуқ ба тоат ва иштирок дар маросими динӣ; ҳуқуқ ба ҳаракат дар ҳудуди муайян; ҳуқуқи кӯдакон ба таъминот ва ҳифзи зиндагӣ аз ҷониби волидон ва ҳоказо. Вале ин ҳуқуқҳо ба пуррагӣ ҳанӯз кафолат надоштанд, онҳоро ё муборизаи шахсии субъектон ва ё мақомоти ба тозагӣ неругирифтаи авлодон ва қабилаҳо ҳифз мекарданд.
Реклама